Мадуд дар яке аз шаҳрҳои Сибир, хунуктарин минтақаи иттиҳоди шӯравӣ, хизмати ҳарбиро анҷом медод. Ӯ дар як оилаи серфарзанд, миёни ҳашт апаю хоҳар писари ягона, азизи дилу дидаи волидон ба воя расида буд.
Аз ноҳияи гарму тафсони водии Вахш афтодан ба ин яхистон ё ба қавли ҳамхизматаш Аҳтамшо зиндони ҳазрати Сулаймон гарон бошад ҳам, ӯ мардонавор тоқат мекард. Шароити хизмат бад набуд, чанд нафар тоҷикон низ ҳамроҳаш хизмат мекарданд, вале дурӣ аз падару модар ва хешу ақрабо азобаш медоданд.
Хаткашон ҳар ҳафта барояш даста- даста мактуб меовард, дӯстонаш мактуби маҳбубаҳояшонро пинҳонӣ мутолиа мекарданд, аммо Мадуд то ҳол ба касе ошиқ нашуда буд, вале…
Якуним сол аз хизматаш сипарӣ гашта буд, ки аз хоҳари хурдияш Мастура мактуб гирифт, дар қабати мактуб як дона расм низ буд. Мастура менавишт, ки бо дугонаҳояш Нозигулу Ғамза дар иди якуми Май ба ноҳия рафта, акс бардоштанд.
Мадуд ба сурат нигаристу барқ задагӣ барин шуд, зеро нозаниндухтаре бо чашмони шарарбор ба ӯ менигарист. Ин Ғамза буд, духтари Собири галабон, ки дар якуним соли набудани Мадуд ба маликаи ҳусн мубаддал гаштааст. Ним соли дигари хизматро Мадуд бо ёди соҳиби он чашмони шарарбор пушти сар карда, бо сари баланд ба деҳа баргашт…
Нозанини мағрур
Мадуд ҷавонмарди зардинаи қоматбаланд, лоғарандом, хулоса он қадар зебо набуд, вале дилаш майли сояи зулфи зеботарин санами деҳаро дошт. Ғамза хатмкунандаи мактаб буд ва ба мактубҳои пай дар пайи акаи дугонааш як ҷавоб ҳам нафиристод, яъне Мадудро ба худ муносиб надид.
Ин ғурури нозанин Мадудро девона мекард ва ӯ хост бо роҳи дигар дили Ғамзаро ёбад ва ночор дилашро назди рафиқи наздикаш Нуралӣ кушод. Нуралӣ чораи дарди ҷӯраашро ёфта гуфт:
-Мадуд, кор бо мактубнависӣ ҳал намешавад, то ҷое медонам, аҷдоду авлоди Ғамзаи ту чизпарастанд, ту метавонӣ бо тӯҳфа дилашро ёбӣ. Дар ин хусус гуфтае низ ҳаст, ки
Хоҳӣ, ки дили дилбари ту гарм шавад.
Аз парда бурун ояду бешарм шавад.
Зорӣ макуну зӯрӣ макун, зар биёр,
Зар бар сари фӯлод ниҳӣ, нарм шавад!
ҲАМЧУНИН, ХОНЕД:
Мадуд дар хизмат хонда, соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ гашта буд, дар автобазаи ноҳия ба ҳайси ронанда ба кор даромаду аз маоши аввалинаш барои Ғамза матои касмаёфте харида, худаш сари роҳи ӯро дошта, изҳори ишқ кард:
- Ғамзаҷон розӣ шав, хостгоронамро фиристам, бароят тамоми моли дунёро нисор мекунам, чизе бихоҳӣ, пайдо мекунам, хоки раҳат мешавам,- Мадуд канда- канда изҳори ишқ карду қоғазпечро дароз намуд, духтар тӯҳфаро гирифта кушод ва помбархзари сурхи зебоеро дохили он ёфта, чашмонаш барқ заданду ваъдаи дидор дод:
-Имшаб таги тути поёни ҳотаамон биё, сӯҳбат мекунем.
Он рӯз аз Мадуд хушбахттар мард дар рӯи олам набуд, ӯ ба Нуралӣ офарин мегуфт барои маслиҳаташ ва ҳатто ба гӯшаи хотираш ҳам намеовард, ки дили Ғамзаро ҷилои матоъ бурда буд, на сеҳри ишқи покаш….
Ғамза ба ноз
Пас аз гузаштани посе аз шаб, Мадуд оҳиста-оҳиста чун дуздон байн-байни ҳотаи мардум гузашта, ба назди тути поёни ҳотаи Собири галабон қарор гирифт.
Оромии шабро садои чир-чиракҳо ва аҳён-аҳён овози одамон омехта, ба ҷакиши сагҳо беқарор мекарданду халос. Мадуд рӯи юнучқазори сабз дароз кашида, мунтазири баромадани моҳаш буд. Пас аз як лаҳза садои пасти қадаммонӣ шунида шуду ...
Давом дорад ...