Formula novemver 2024
Муовини шаҳрдори Кӯлоб ҷузъиёти тӯйи рӯзи садамаро гуфт
811

Орзу Ҳамидиён, муовини раиси шаҳри Кӯлоб, хабари фавтидани домоду арӯс ва рафиқонашро дар рӯзи тӯй дар натиҷаи садамаи пурқурбонӣ шарҳ дод.

Ӯ зимни суҳбат бо Oila.tj гуфт, дар хонае, ки садама рӯй дод, аслан духтартуй буд ва келинро чанд соат пеш ба хонаи домод бурда буданд.

“Хешу табор ҳама аз пайи онҳо рафта буданд. Маҳз аз ҳамин сабаб аз ҳисоби аъзои хонавода талафот камтар шуд", - гуфт ӯ.

Ин мақомдори шаҳри Кӯлоб тасдиқ кард, ки апаву додари арӯс ва як хеши наздикашон дар натиҷаи садама фавтидаанд.

Ба иттилои ӯ, Бобоназарова Сайёра Ҷумъахоновна, соли таваллудаш 1974, сокини ш. Кӯлоб, маҳаллаи 1 май, хонаи 541 ва Ёров Абубакр Ҷумъахонович, соли таваллудаш 2009, сокини ш. Кӯлоб, кӯчаи 1 май, хонаи 541 апаву додари арӯсанд.

“Арус Ёрова Гавҳарбӣ ном дошта, зинда аст. Домодро номашро аниқ карда истодаам. Онҳо ҳарду зиндаанд”, - гуфт муовини шаҳрдори Кӯлоб.

Қаблан, иттилоъ расида буд, ки дирӯз зимни рух додани ин садама Аминҷон ном сокини шаҳр зимни баргаштан аз хонаи арӯс зери мошини Дулан монд. Сомонаи “Ҳалва” аз қавли хешовандонаш навишт, ки дар натиҷа шаҳу арӯс ва се тан ҷавони дигар ба ҳалокат расидаанд.

Тибқи як рӯйхате, ки ба дасти “Оила” расид, ин шахс Розиқов Аминҷон Дилшодович буда, соли таваллудаш 2003 ва худаш истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, маҳаллаи 1 май, хонаи 506 будааст, вале домод будан ё набуданашро Орзу Ҳамидиён тасдиқ ё рад накард.

Як манбаъ аз шаҳри Кӯлоб гуфт, дар хонаи Ёровҳо дирӯз тӯйи арӯсӣ буд ва ҳодиса дар рафти он сурат гирифта, нақлиёт хонаи мазкурро пурра чаппа кардааст.

Аз ин хонавода ба ғайри Сайёра Бобоназарова ва Абубакр Ёров духтари ин хонадон Мадина Ёроваро ки донишҷӯ аст, вазъи саломатияш вазнин арзёбӣ шуда, ҳоло дар бемористон бистарӣ аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД