Садамаи пурқурбонии автомобилие, ки шоми 6 август дар шаҳри Кулоб ба вуқуъ пайваст, ҷони чандин нафарро рабуду хонаи даҳҳо нафарро мотамкада кард.
Аз ҳама мотами калон дар ин садама дар оилаи Розиқовҳо рух дод. Ҷавонмарди нав ҷомаи домодиро дар тан намудаву рухи аруси зебояшро боре надида ҳамроҳи ҳам дар ин садама ҷон доданд.
Аминҷон Розиқов ҳанӯз нав ба 20 қадам гузоштаву ҳамон рузи фалокатбор гуларусашро аз дарвозаи хонааш бояд медаровард. Ҳоло тантанаи тӯйи арӯсию домодии Аминҷон акнун тамом нашуда, ҳавлияшон ба мотамхона табдил ёфт.
Ҳамон рӯзи наҳс Аминҷон зимни баргаштан аз хонаи арӯс зери мошини Дулан монд. Ба иттилои хешовандонаш, дар натиҷа шаҳу арӯс ва се тан ҷавони дигар ба ҳалокат расидаанд.
Гуфта шуд, ки дар пайи ин ҳодиса чанд аз меҳмонҳои тӯйхона низ фавтидаву захмӣ шудаанд, аммо киҳову аз куҷо буданашон то ҳанӯз муайян нест.
Тибқи як рӯйхате, ки ба дасти "Оила" расид, Розиқов Аминҷон Дилшодович, соли таваллудаш 2003, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, маҳаллаи 1 май, хонаи 506 буд.
Як манбаъ аз шаҳри Кӯлоб гуфт, дар хонаи онҳо дирӯз тӯйи арӯсӣ буд ва ҳодиса дар рафти он сурат гирифта, нақлиёт хонаи мазкурро пурра чаппа кардааст.