Sebiston new 2024 october
Рӯйхати фавтидагони садамаи пурқурбонии Кӯлоб
1035

Тавре ки иттилоъ додем, шоми дирӯз автомашинаи навъи Дулан дар шаҳри Кӯлоб бо суръати баланде омада, 10 нафарро кушта, 14 каси дигарро маҷрӯҳ кард.

Тибқи як рӯйхате, ки дастраси “Oila” шуд, дар миёни фавтидагон сокинони шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Муъминобод ҳастанд.

Манбаи мо бо ирсоли рӯйхати мазкур гуфт, дар ин садама бештар пиёдагардон фавтидаву ҷароҳат бардоштанд ва шумораи онҳо эҳтимол дорад, ки зиёд шавад, зеро захмиён бо ҳолати вазнин дар беморхона зиёданд. Аз ҷумла фавтидагон:

  • Одинаева Маҳтов Зиёдаевна, соли таваллудаш 1967, истиқоматкунандаи ш. Кӯлоб, маҳаллаи 1 май;
  • Сайфова Зебинисо Партововна, соли таваллудаш 1970, ш. Кӯлоб, маҳаллаи С. Вализода;
  • Бобоназарова Сайёра Ҷумъахоновна, соли таваллудаш 1974, ш. Кӯлоб, маҳаллаи 1 май, хонаи 541;
  • Абдуллоев Олимҷон Бобоҷонович, соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи н. Муъминобод, ҷамоати деҳоти Балхобӣ, деҳаи Тебалай;
  • Мирмадиев Шоҳрӯз Наврӯзович, соли таваллудаш 1998, истиқоматкунандаи ш. Кӯлоб, маҳаллаи Ҷаббор Расулов, хонаи 83;
  • Гулов Иқболшо Саъдиевич, соли таваллудаш 2000, истиқоматкунандаи ш. Кӯлоб, маҳаллаи Фирдавсӣ, хонаи 68;
  • Розиқов Аминҷон Дилшодович, соли таваллудаш 2003, истиқоматкунандаи ш. Кӯлоб, маҳаллаи 1 май, хонаи 506;
  • Каримов Фурқат Ҳасанович, соли таваллудаш 2004, истиқоматкунандаи ш. Кӯлоб, кӯчаи 1 май, хонаи 527;
  • Ёров Абубакр Ҷумъахонович, соли таваллудаш 2009, ш. Кӯлоб, кӯчаи 1 май, хонаи 541;
  • Эргашев Шуҳратҷон Исматуллоевич, соли таваллудаш 1986, истиқоматкунандаи н. Рӯдакӣ (ронандаи автомашинаи "Дулан".

Аз идора: Бо расидани иттилои нав шуморо огоҳ мекунем. Дар мавриди ин садама ва феҳристи қурбониёну захмиён метавонед бо хабарҳои нав ба "Оила" дар инстаграму фейсбук муроҷиат кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Маҳфуза 2023-08-09, 08:02
Афсӯс сад афсӯс ба пайвандони шаҳидшудагон сабри ҷамил мехоҳам ҷояшон ҷаннат бошад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Маҳфуза 2023-08-09, 08:02
Афсӯс сад афсӯс ба пайвандони шаҳидшудагон сабри ҷамил мехоҳам ҷояшон ҷаннат бошад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД