formula
Ҳама занҳои гирифтори ВНМО бероҳа нестанд! (қисми 4)
2700

Гуфтугӯи ошкоро дар бораи вируси норасогии масунияти одам (ВНМО ё худ ВИЧ) ва бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ ё худ СПИД)

Дар шумораҳои гузаштаи ҳафтаномаи «Оила» мо дар мавзӯҳои «Сирояти ВНМО аз БПНМ чӣ фарқ дорад», «ВНМО ва БПНМ ба саломатии инсон чӣ хатар доранд?» ва «Оё ВНМО аз шахси сироятёфта ба шахси солим бо дастфишорӣ, оғӯшгирӣ ва бӯсакунӣ мегузарад» ба шумо маълумот дода будем. Дар шумораи навбатии ҳафтаномаи «Оила» мо тасмим гирифтем, ки ду мавзуъро аз қабили «Оё танҳо нашъамандон ё занони расонидани хизматњои шаҳвонӣ гирифтори ВНМО мешаванд?» ва «Агар баъд аз гузаштани ташхиси ВНМО натиҷаи таҳлил мусбӣ бошаду сирояти ВНМО маълум шавад, чӣ бояд кард?» баррасӣ намуда, ба шумо маълумоти мухтасарро пешниҳод намоем. 

Оё танҳо нашъамандон ё занони танфурӯш гирифтори ВНМО мешаванд?

Дар ҷомеаи мо ақидае роиҷ гаштааст, ки агар нафаре гирифтори ВНМО бошад, пас, ӯ нашъаманд ё зани бероҳа аст. Дар асл нафароне низ ҳастанд, ки тасодуфан ё аз нодонӣ гирифтори бемории ВНМО гаштаанд. Барои тасдиқи гуфтаҳоямон мо нуқтаи назари чанд сокини кишварро, ки наздикон ё шиносҳояшон гирифтори ВНМО гаштаанд, пешкаши шумо мегардонем.

Шаҳло Камолова, ш. Душанбе:
Ҳама занҳои гирифтори ВНМО бероҳа нестанд!

Ман бо тақозои касбу кор бо бонувони касбу корашон гуногун дар робита мешавам. Чанд занеро медонам, ки гирифтори ВНМО ҳастанд, вале онҳо бероҳа нестанд, балки хеле занони покдоман ва порсо буда, фарзандони хуб ба воя расонидаанд. Сабаби ба бемории ВНМО гирифтор шуданашон тасодуф ва ҳолатҳои дигар аст, на танфурӯшӣ.

Марзия Юсупова, сармуҳосиб:
Сабабҳои гирифторшавӣ ба ВНМО гуногун ҳастанд

Дар муассисаи мо зане кор мекунад, ки гирифтори ВНМО аст, вале дар тӯли 10 соли ҳамкориямон бо ин зан боре бадахлоқӣ ва рафтори ноҷояшро надидаем. Беморӣ ба ин зан аз шавҳараш, ки чандин сол ба кишвари Русия рафта меомад, гузаштааст. Аз ин рӯ, ман гуфтаниям, ки тамоми бонувони гирифтори ВНМО фоҳиша нестанд.

Раҳматулло Давронов:
Додарам нашаъманд набуд, вале бемор аст

Додари ман чанд сол дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошт. Саводи хуб дорад ва нест.

Агар мо ба роҳҳои сирояти ВНМО назар афканем, пас маълум мегардад, ки бемории мазкур на танҳо тавассути алоқи ҷинсӣ, тамос бо хуни сироятёфта ва аз модар ба кӯдак мегузарад, балки ҳар як шахс дар тули ҳаёти худ метавонад бо ин ё он роҳ гирифтори ВНМО шавад. Ягон нафар аз сироятёбии ВНМО худро ба пуррагӣ ҳифз карда наметавонад.

Тибқи таҳлилҳои ҷаҳонӣ оид ба роҳҳои сироятёбии ВНМО, маълум гаштааст, ки аксаран нашъамандони тазриқӣ, занони танфурӯш ва мањбусон гирифтори бемории мазкур мегарданд. Ҷавонон, занони њомила ва муњољирони меҳнатӣ ҳамчун гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба шумор мераванд, ки эҳтимоли сироят ёфтанашон бештар аст.

Агар баъд аз гузаштани ташхиси ВНМО натиҷаи таҳлил мусбӣ бошаду сирояти ВНМО маълум шавад, чӣ бояд кард?

Дар ҳолате, ки тест барои муайян намудани бемории ВНМО бемор будани шуморо нишон диҳад, чӣ кор кардан лозим аст? Пеш аз ҳама воҳима накунед. Миллион нафар дар ҷаҳон бо вируси норасоии бадан ҳаёти муқаррариро пеш мебаранд: онҳо таҳсил мекунанд, кор мекунанд, бо дӯстон дар робита ҳастанд, оила барпо мекунанду тифлони солим ба дунё меоранд. Ҳаёт албатта тағйир меёбад, вале дар сурати риоя намудани қоидаҳои муайян шахси бемор метавонад умри дароз бубинад.

Дар аввал ба Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО/БПНМ муроҷиат кардан лозим аст. Табобати дуруст ва назорати доимии табибон имкон медиҳад, ки ба пастшавии масуният роҳ надода, пайдоиши БПНМ-ро пешгирӣ намоед. Барои бо беморӣ мутобиқ шудан ба шумо машваратчиён ва кормандони ин марказҳо дар асоси таҷрибаву дониши худ маслиҳат дода, дастгирӣ мекунанд. Кормандони ин марказҳо, беморонро барои минбаъд табобат гирифтан, дилгарм месозанд.

Мутахассисони шуъбаи вогиршиносӣ (эпидемиологӣ) баъди он ки бемориро аниқ намуданд, яъне агар ташхис мусбӣ барояд, бо бемор оиди беморӣ ва натиљаи ташхис машварат мегузаронанд. Пас аз он, ки шахси бемор оиди бемории худ маълумот пайдо намуд, бо ӯ машварати психологӣ гузаронида шуда, бемор таҳти назорати духтури табобатӣ қарор мегирад ва ба табобати зиддиретровирусӣ фаро гирифта мешавад. Айни замон тамоми хизматрасонињои тиббӣ, инчунин табобати зиддиретровирусӣ барои сироятёфтагони ВНМО дар ҶТ ройгон мебошад.

Аз ин рӯ, агар шумо ё наздиконатон гирифтори ВНМО гашта бошед, ҳарчӣ зудтар ба марказҳои мазкур муроҷиат намоед, фаромӯш насозед, ки табобати беморӣ дар оғози пайдоишаш осонтар аст ва нагузоред, ки беморӣ реша давонда, оқибатҳои нохуш ба бор оварад.

Дар шумораҳои минбаъдаи ҳафтаномаи «Оила» ба саволҳои зерини худ посух ёфта метавонед:

Оё аз модари гирифтори ВНМО метавон тифли солим ба дунё ояд?

Аз сирояти ВНМО пурра шифо ёфтан мумкин аст?

Шахсони гирифтори сирояти ВНМО чӣ гуна умр ба сар мебаранд?

Агар Шумо ба ин дард дучор гардида бошед, метавонед ба марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ муроҷиат намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД