Arzon march 2024
ҲАЁТҶОН НАҚИБОВ: МЕДОНАМ, КИ БАРОИ ТАНҚИДИ ҲУКУМАТИ НОҲИЯ БА МАН ЗАМИН НАДОДАНД.
3187

Ҳаётҷон Нақибов (Ҳаётҷони Одил) хабарнигори нашрияи расмии "Шӯҳрати Ашт" –и МИҲД – и ноҳияи Ашт ва радиои хусусии "Диёр" ҳукумати ноҳияро барои бемасъулиятӣ ба суд додааст.

Рӯзноманигор даъво дорад, ки дархости ӯро барои гирифтани замин панҷ моҳ боз беҷавоб гузоштаанд, дар ҳоле ки ба номаҳои дигарон сари вақт ҷавоби расмӣ менависанд.

Ба гуфти Ҳаётҷон бемасъулиятии раиси ноҳия Зариф Мирдадо ба кори журналистии ӯ ва танқидҳояш аз вуҷуд доштани баъзе камбудҳо дар ҳукумати ноҳия рабт дорад. Аммо як корманди ҳукумат бе ифшои ному насабаш гуфтааст, ки талаби рӯзноманигор дар бораи гирифтани замин нодуруст аст.

Ин мухбири маҳаллӣ мехоҳад дар деҳааш дӯкон кушояду ба тиҷорат машғул шавад ва барои ин як сол боз кӯшиш дорад, ки як порча замин гирад. "Ҳамаи санадҳоро барои гирифтани сеяк сотих замин омода кардам, хулосаи идораҳои дахлдорро низ гирифтам. Раиси ноҳия бе ягон сабаб имзо намегузорад. Рад ҳам накардаанд. Ҳол он ки дархости афроди дигарро зуд иҷро мекарданд", - гуфтааст ӯ дар суҳбат бо “Радиои Озодӣ”.

Ба гуфти ин рӯзноманигор фаъолияташ дар шабкаҳои иҷтимоӣ ва ҳамкориаш бо “Азия – Плюс” сабаби иҷро нашудани ин талабаш шудааст. “Муддате бо нашрияи "Азия-Плюс" ҳамкорӣ доштам. Ба ҷуз ин, дар Фейсбук дар бораи мушкилоти ноҳия, масалан, вайронии роҳҳо менависам. Ин чиз ба мақомот писанд наомад. Чанд бор муовинҳои раиси ноҳия ба ҳуҷраи кориашон даъват карда, фишор оварданд, ки дигар дар бораи мушкилот нанависам". Аммо ҳуқуқшиноси ноҳия ба фаъолияти рӯзноманигорӣ ва нашри мақолаҳои танқидии Ҳаётҷон дахл доштани ин даъвои ӯро беасос гуфт. "Ягон зарра ба кори ӯ дахл надорад. Монанди ӯ 17 нафари дигар бар хилофи моддаи 77-и Кодекси замини Тоҷикистон қитъаи замин талаб карда буданд ва аризаашон рад шуд. Агар онҳо ҳам дар ҳамин соҳа (рӯзноманигорӣ) кор мекарданд, гуфтан мумкин буд, ки ба фаъолияташон дахл дорад. Чунин нест", - гуфтааст ин ҳуқуқшинос.

Баррасии судии рӯзноманигор ва раиси ноҳия имрӯз ба кор оғоз мекунад. Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ҳимояи Ҳаётҷони Одилро дар ин баҳс ба дӯш гирифтааст. Муҳаббат Ҷӯраева, ҳуқуқшиноси ин созмон дар суд адвокатии ӯро ба ҷо меорад. Ҳуқуқшиноси ҳукумати ноҳияи Ашт Муҳиддин Шодиев бошад, ҳукумати ноҳияро дар суд ҳимоя мекунад.

Ба гуфти Муҳаббат Ҷӯраева, вакили журналист, ҳукуматҳо тибқи қонун ба аризаву дархостҳои сокинони одӣ бояд дар муддати як моҳ ва дар сурати ба миён омадани баҳс дар ду моҳ посухи расмӣ диҳанд. Вале дар мавриди аризаи нафари таҳти ҳимояти ӯ "ин талаботи қонун риоя нашудааст". "Агар як шаҳрванди одӣ мебуд, шояд ришва мегирифтанд ва масъаларо ҳал мекарданд. Ӯ, ки журналист аст ва матлабҳои танқидӣ ҳам менавишт, натавонистанд чунин талаб кунанд. Хоҳишашро ҳам иҷро накарданд", - гуфт адвокат. Ҳукумат бошад, давоми 5 моҳ беҷавоб мондани аризаи журналистро шарҳ надод.

Адвокат даъво дорад, ки дар ҳолати аз тарафи суд ба фоидаи ҳукумат қабул шудани ҳалнома ӯ 8 ниҳодеро, ки дар зери аризаи Ҳаётҷон имзо гузоштаанд, ба суд мекашад. Ӯ то ҳол ҳайрон аст, ки чаро зердастон имзо карданду раис не ва дар ин баҳс кӣ ҳақ аст.

Журналист раиси ноҳияро ба бемасъулиятӣ гунаҳкор мекунад. “Барои баровардани қарор чанд моҳ аст, ки ба кашолкорӣ роҳ медиҳанд. Ин ҷо амали “беамалӣ” зоҳир мешавад. Аз ин хотир мо дар асоси моддаи 249 КМГ ҶТ (амал ё беамалии шахси мансабдор) ба суд муроҷиат намудем, то масъалаи қабули қарор ва муроҷиати мо қонунӣ баррасӣ гардад”, - гуфт Нақибҷонов.

Дар робита ба қабули қарори суд бо расидани маълумоти нав ҳатман шуморо огоҳ хоҳем кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД