Arzon march 2024
Адолат Нурова: Келини шаттоҳам писарамро маъюбу маро дар ба дар кард
5124

 Бо сабаби зиёд будани кор дар сомона рӯзи гузашта, хеле дер, тахминан соатҳои 9-и шом аз идора баромадам.

Одатан дар ин вақт мардум дар хонаҳои худ барҳат хобанд, вале дар гузагоҳи назди бинои Сирк чашмам ба зани тахминан 50-солае афтид, ки бо чашмони гирён гадоӣ мекард. Зан ончунон бо алам мегирист, ки дилам реш-реш гашт. Як 5-сомонаро ба ӯ дароз намуда, чаро дар ин поси шаб дар кӯча гадоӣ карданашро пурсон шудам. Маълум шуд, ки ин зан Адолат ном дошта, аз ҷабри келин дар ба дару хок ба сар гаштааст. Биёед беҳтараш дарди дили холаи Адолатро аз забони худаш бишнавем.

-Холаҷон, чи ном доред?

-Нурова Адолат Садриддиновна.

-Шумо сокини шаҳри Душанбе ҳастед?

-Не, ман аслан аз деҳаи Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ ҳастам.

-Шуморо чӣ маҷбур кард, ки дар ин бевақтӣ аз ноҳияи Рӯдакӣ ба шаҳри Душанбе омада гадоӣ кунед?

-Эҳ додарҷон, намедонам кадом дардамро ба шумо бигӯям. Марги се фарзанд, маъюбу маслуқ шудани писари 28-солаам ва ҷабри келину хиёнати шавҳари дузанаам маро бехонаву бехонумон ва гадову дар ба дар кардааст.

-Ростӣ, аз гуфтаҳоятон чизе нафаҳмидам. Метавонед сарнавиштатонро пурратар нақл кунед.

-Бахт аз аввал ба рӯям нахандида, падару модарам маро ба марди бадрашк ва занбозу бевафое ба шавҳар доданд. Беҳуда намегӯянд, ки ба назари дузд тамоми одамон дузд менамоянду дар чашми ғар ҳама ғар метобад, шавҳарам, ки худ занбозу занҷаллоб буд, аз рӯзҳои аввали зиндагиамон маро ҳатто ба сояи худаш рашк карда, мудом зери мушту лагад мегирифт. Сари кафида зери оқӣ гӯён ба ҳамааш тоқат карда, аз ин марди бераҳм 9 фарзанд ба дунё овардам, аммо се фарзандам бо сабаби камбағалӣ ва зиндагии ноосудаву пур аз ҷангу ҷанҷол ба ҳар хел бемориҳо гирифтор гашта, вафот намуданд.

-Шумо гуфтед, ки аз ҷабри келин бехонаву бехонумон гаштед. Ин гапатон чӣ маънӣ дорад?

-Дар ҳақиқат маро маҳз ҷабри клин гадову дар ба дар намуд. Писари калониам Абдушароф чанд сол дар Русия кор карда, мошин харид. Азбаски занаш Робия ҳам ҳуҷҷати ронандагӣ дошт, писари содаву зудбовари ман ба номи ӯ ҳам иҷозатнома, яъне “доверенност”дод. Келинам аз рӯзе, ки сари чамбарак нишаста, мошинсавор шуд, тамоман аз худ рафт. Робия духтари қишлоқӣ бошад ҳам, чунон каттагӣ мекард, ки гӯё шоҳдухтар бошад. Вай на маро як зарра писанд мекард ва на шавҳарашро. Дертар фаҳмидам, ки ин зани маккораам писари маро аз рӯзи аввали шиносоияшон аҳмақ карда, худашро аз синну солаш хурд нишон дода, ба ӯ ба шавҳар баромадааст.  Оқибат писарам аз дасти зани ҳавобаланду нописандаш маъюбу маслуқ гашт.


МОДАР БА ҶОИ ПИСАР КЕЛИНРО СЕ ТАЛОҚ КАРД


-Нафаҳмидам, чӣ хел писаратн аз рӯйи занаш маъюбу маслуқ гашт? Магар келинатон каратеист буд?

-Боре гапи Абдушароф бо занаш мегурезад ва дар сари қаҳру ғазаб Робияро як талоқ медиҳад. Зани шаттоҳаш дар назди бинои Садбарг аз гиребони писарам гирифта, талаб кардааст, ки калиди мошинро ба ӯ диҳад ва ҳуҷҷатҳояшро низ пурра ба номаш гузаронад, вале писарам розӣ намешавда, чунки он мошинро бо арақи ҷабин харида буд ва барои ҳамин мошин шуда, дар Русия ҳатто аз як дасташ маҳрум гашт. Ҳамин тавр онҳо барои мошин хеле кашмакаш мекунанд. Робия вақте мебинад, ки шавҳараш мошинро ба ӯ доданӣ нест, роҳи дигарро пеш гирифта, таҳдид мекунад, ки сари духтарчаи хурдсолашонро барқасд аз танаш ҷудо мекунад. Писарам духтарашро аз ҷонаш бештар дӯст медошт ва бо шунидани ин таҳдиди занаш ба таҳлука афтида, аз паси Робия медавад, то ӯро аз ин амали ваҳшиёна боз дорад. Ҳамин вақт мошине ба шаст гузашта, писарамро зер мекунад. Дар натиҷаи ин садама писарам сахт захмӣ гашту ӯро ба беморхона бурданд. Табибон гуфтанд, ки агар ҳарду пояшро набуранд, писарам зинда намемонад. Ночор ба тақдир тан дода розӣ шудем. Ҳамин тавр аз рӯйи занаш писарам, ки аз як даст маҳрум буд, аз ҳарду пояш низ маҳрум гашта, якумра маъюбу маслуқ гашта монд...


ГУЛЧЕҲРАИ НОРАКӢ: ПИСАРАМРО АКМАЛ ДАР РӮЗИ РАВШАН КУШТ


-Шумо ба хотири хӯрондани писари маъюбатон гадоӣ мекунед?

-Бале, келини шаттоҳам баъди он ки писарамро маъюб намуд, байни ману шавҳарам низоъ ангехта, хонавайрон намуд. Вай ба шавҳарам гуфтааст, ки гӯё ман бо мардҳои бегона ишқварзӣ мекунам. Шавҳари бадрашкам ба гапҳои келини худобехабараш бовар карда, дар болоям зан гирифт ва маро бо писари маъюбам аз хона пеш кард.

-Айни замон шумо дар куҷо зиндагӣ мекунед?

-Се сол шуд, ки дар ба дарду хок ба сар ҳастем. Дар як хоначаи нимвайрона иҷора нишаста, ҳар рӯз 5 сомонӣ иҷорапулӣ медиҳем. Мани аз рӯйи келини шаттоҳ бе хонаву бе хонумон гашта маҷбурам, ки барои аз гуруснагӣ намурдани писари маъюбу маслуқам гадоӣ кунам.

-Дигар фарзандонатон дар куҷоянд? Чаро онҳо шуморо соҳибӣ намекунанд?

-Ду духтари калониам шавҳар доранд. Азбаски савод ва касбу кор надранд, ҳардуяшон ҳам дастнигари шӯю хусуру хушдоманашон ҳастанд. Ман наметавонам дар хонаи онҳо зиндагӣ кунам. Дигар фарзандонам ҳоло хурдсоланд ва айни замон бо падарашон зиндагӣ мекунанд.

-Соат аллакай аз 9-и шаб гузаштаасту шумо то ҳол дар кӯча гадоӣ карда истодаед. Писари маъюбатонро кӣ нигоҳубин мекунад?

-Бачаҷон, чӣ кор кунам, агар гадоӣ накунам, ҳардуямон ҳам аз гуруснагӣ мемурем. Ягон аробачаи маъюбӣ медошт, писарамро бо худ мегардондам, аммо пуле надорам, ки барояш аробачаи маъюбӣ харам. Барои он, ки танҳо монда, наафтад ё ягон фалокати дигар сар назанад, аз як зан хоҳиш кардам, ки писарамро дар вақтҳои набудани ман нигоҳубин кунад. Албатта бар ивази ин хизматаш ман ба ӯ маблағи муаян медиҳам.

Бо ҳамин мо бо холаи Адолат хайрухуш намудем, вале чашмни пуроби ин модари зор, ки аз рӯйи келин хонабардӯш гаштааст, то ҳол аз пеши назарам дур намешаванд. Риққатовараш он аст, ки писари маъюби холаи Адолат-Абдушароф ҳатто як аробачаи маъюбӣ надорад, ки ақаллан гоҳ-гоҳ модараш ӯро ба кӯча барорад ва аз ҳавои тоза нафас кашад. Касоне, ки мехоҳанд ба ин ҷавони маъюб ва модари танҳову зори ӯ дасти ёрӣ дароз намоянд, метвонанд ба рақамҳои зерин занг зананд: 907-73-90-98

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД