Писарам Умедҷон хонаамонро ба гарав гузошта аз ҳамсояамон Абдушукур пули калон қарз гирифта ба Русия рафт, то бизнес кунад.
Дилпур буд, ки дар муддати кӯтоҳ қарзро бо фоизаш бар мегардонад, аммо кораш барор нагирифта, “банкрот” шуд. Ҳамсоя ҳар рӯз ба дари хонаам омада пулашро талаб мекард. Вақте фаҳмид, ки Умедҷон дар Русия “бонкрот” шудааст, пояшро ба гулӯямон гузошт, ки ин тавр бошад, ба ҷойи пул духтаратро ба ман ба занӣ медиҳӣ. Бо духтарам маслиҳат намуда, зорӣ кардам, ки не нагӯяд, чунки дар акси ҳол аз хонаю дарамон маҳрум гашта, бомж мешавем. Аз куҷо медонистам, ки Адиба маргро аз зани Абдушукур шудан авлотар дониста, қасди худкушӣ мекунад. Субҳ духтарамро дар бистараш ғарқи хуну халаф пайдо кардам. Адибаи нозанинам аз алам раги дасташро бурида буд. Фиғонам ба осмон печида ҷонҳавл ҳамсояҳоро ба ёрӣ даъват намудам. Духтарамро ба беморхона бурдем. Духтурон бо талошу ҷонбозиҳо ҷони ҷавонашро харида, базӯр Адибаро ба ҳуш оварданд. Абдушукур моҷароро шунида бошад ҳам, ақаллан хотири ҳамсоягиро накарда, ду рӯз пас боз ба дари хонаам омад. Гуфтам, ки бар ивази қарзаш хонаи моро гирифтан хоҳад, бигирад, дар ба дари мардум мегардам, вале дигар бо ҷони ҷавони Адиба бозӣ намекунам. Абдушукури нокас талаб кард, ки то бегоҳ хонаро холӣ кунем.
Ҳамин тавр мо дар ба дар шудем. Писарам қасам хӯрдааст, ки то пули хонаро кор накунад, қадамашро ба Ватан намегузорад. Намедонам чанд соли дигар ҷигарбандам барои пули хона кор кардан дар мулки бегона овораю сарсон мегардад. Саргузашти талхамро ба он хотир қисса кардам, ки ба дигарон дарси ибрат гардад ва ҳаргиз бо фоиз қарз гирифта, худро ба доми бало гирифтор насозанд.
Оминамоҳ, аз Тавилдара