Қадами Қурбон, сарояндаи баҳсбарангез, ки бо суруду шӯхиҳои намакин ва самимиаш маъруф аст, дигарбора мавзӯи суҳбати корбарони интернет шуд.
Ӯ, ки чанд вақти охир на чизе месуруду на дар борааш ҳарфе буд, баъди иштирокаш дар барномаи “Песни от всей души” -и Андрей Малахов дар шабакаи телевизионии “Россия 1” дигарбора ба мавзӯи баҳси корбарони интернет табдил ёфт.
Акнун чандин саҳифаҳои интернетӣ навори сурудхонии ӯро дар ин барномаи маъруфи Русия нашр карда, блогнависон дар борааш хабару барномаҳо омода карда истодаанд.
Ин ҳунарманди тоҷик дар барномаи “Песни от всей души” бештар сурудҳои ҳиндиву русӣ суруда, бо маҳорати навозандагии худ толорро ба по хезонд. Дида шуд, ки кулли иштирокдорони барнома ҳамроҳи ӯ рақсида, ҳатто кӯшиши иҷрои рақси тоҷикиро карданд.
Дар ҷараёни барнома ровии он рӯзноманигор ва шоу-мени шинохта Андрей Малахов доир ба рӯзгори Қадами Қурбон ва зиндагиаш дар деҳаи Чагами ноҳияи Шамсиддини Шоҳини Тоҷикистон сюжете омода намудааст. Қадам дар он дар бораи хурдӣ, ятимӣ, оиладоршавӣ ва ҳамсару фарзандонаш маълумот дода, дар бештари кадрҳо ӯ дар лаҳзаҳои шӯхибоб тасвир шудааст, чун болои хар.
Дар анҷоми барнома Қадам ба Малахов тоқиву ҷомаи зардӯзӣ, нони тоҷикӣ ва асалу меваи хушк туҳфа карда, таъкид кард, ки онҳоро аз Тоҷикистон маҳз ба хотири ӯ ба Русия овардааст.
Бояд гуфт, ки Қадами Қурбон 1 феврали соли 1974 дар деҳаи Чагами ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Падараш Гулмаҳмад Қурбонов аз фанҳои химия ва биология дарс медоду модараш қаҳрамон-модар аст. Ӯ дар мактаби №11 ба номи Алишер Навоӣ (ҳоло МТМУ №33)-и ноҳияашон таҳсил кардааст. Солҳои 1993-1995 хизмати ҳарбиро адо кардааст.
Қадам дар байни 10 фарзанди хонавода ҳаштум аст. Ӯ оиладор ва соҳиби 6 фарзанд – 4 писару 2 духтар мебошад. Духтари калонӣ шавҳар кардааст. Писараш Қаноат, ки ҳамроҳаш суруд мехонад, низ оиладор аст ва кӯдакони дигараш дар мактаб таҳсил мекунанд.
Қадам дар як муддати кӯтоҳ маъруф шуд. Ӯ нахустин овозхони тоҷик аст, ки аксари видеоҳояш дар ютуб миллионеранд. Қаблан ӯ омӯзгори мусиқӣ буду дар тӯйҳо ҳунарнамоӣ мекард ва мардум ӯро хеле дӯст медоштанд.
Мунаққидони санъат кори Қадамро написандида, таронаҳои ӯро бемазза ва шӯхиҳояшро номуносиб медонанд. Аммо, бар замми ин, ӯ чанд сафари хориҷӣ дошт ва то имрӯз 12 консерт дар Москва, 2 консерт дар Санкт-Петербург ва чанди дигар дар Узбекистон дошт.
Ӯ синтезатор менавозад ва дар тақлид ба филмҳои ҳиндӣ бештар месарояд, аз кисааш таппончаи хурдакаки бозичаро бароварда, ба сӯи раққосааш мепарронад. Яъне, ӯ дар сурудхониҳояш бозиву рақс мекунад.
Агар ба гузаштаи ин сарояндаи серовоза нигарем, ӯ вақте дар синфи шашум мехонд, дар ноҳияашон озмуни «Бӯстон» баргузор шуд. Дар он ӯ аккордеон навохта, дар бораи Ватан суруд хонд. Пас аз он ҳайати ҳакамон ҳунарашро хеле таъриф карданд ва аз ҳамон вақт мехост рассом шавад. Ӯ дар ягон донишгоҳу донишкада таҳсил накардааст ва муаллими мусиқиаш Саидмурод Раҳмонов барояш сурудхонӣ ва навохтани асбобҳои мусиқиро ёд додааст.
“Ӯ бо падарам дӯстӣ дошт ва ба ман иҷозат дод, ки шабона аз мактаб аккордеонро ба хона барам. Дар хона бародарам Нурмуҳаммад Қурбонов ба ман ёрӣ мерасонд. Худаш суруд намехонд, аммо аккордеонро хуб менавохт. Шабҳо баъзан аккордеон дар оғӯш хобидаам”, - гуфта буд зимни як мусоҳибааш бо “Оила” ин ҳунарманд.
Соле қабл Қадам аз дарди ҷонкоҳи қисмати рости шикам шикоят кард, ки чор моҳ аст бехобӣ мекашаду ҳар ончи истеъмол менамояд, қайъ мекунад ва дард то ҳадде шадид аст, ки ба мурданаш розӣ мешавад. Ҳамсараш аз бенавоӣ гуфт, ки чор моҳ боз қанди сафедро надидаанду нонро дар чой тар мекунанд.
Баъди ин, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ба ӯ кӯмак пешниҳод шуд. Ҳамин тавр, Қадам ҳама гуна ташхисро гузашт, ҳатто дар беморхона бистарӣ шуд ва ҳоло вазъаш бисёр хуб аст.