Arzon march 2024
Қадами Қурбон сахт бемор аст
1683


Қадами Қурбон-ин ном ду-се сол қабл вирди забони хурду калон буд. Ин сарояндаи шӯхтабъ бо услуби хеле аҷиб ва таронаҳои халқиаш дар як муддати кӯтоҳ машҳур гашта, рӯзе набуд, ки дар борааш дар ин ё он расона ё сомона хабаре нашр нашавад.

Ин овозхони музофотӣ он қадар дар байни мардум маҳбубият дошт, ки ҳатто баъзе ситораҳои эстрадаи тоҷик кӯшиш мекарданд, ки бо Қадами Қурбон дуэт сароянд ё Қадами Қурбонро дар клипҳояшон истифода баранд, вале...

Як соли охир Қадами Қурбон якбора камнамо шуда, номаш гӯё ба олами фаромӯшӣ рафт. Сарояндаи шӯхтабъ куҷо шуд ва чи ҳолу аҳвол дорад, касе намедонист, то замоне, ки...
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дирӯз наворе пайдо шуд, ки аз бемории ин сарояндаи машҳури Хатлонзамин дарак медиҳад. Дар навор гуфта мешавад, ки Қадами Қурбон сахт бемор аст ва аз дарди номаълуме, ки табибон дар ташхисаш оҷиз мондаанд, азият мекашанд. Ба гуфти ҳамсари Қадами Қурбон бемории шавҳараш боиси бениҳоят паст фаромадани сатҳи зиндагиашон гашта, кор ба ҷое расидааст, ки баъзан нонро ба чой тар карда мехӯранд.
Ба хотири фаҳмидани ҳақиқати ҳол мо ба ҳамсари овозхон занг задем.

Чамангул, ҳамсари қадами Қурбон иқрор шуд, ки дар ҳақиқат шавҳараш чанд вақт боз з хурӯчи бемории то имрӯз номаълум, азизят мекашад.
Ба гуфти ҳамсараш, муддати шаш боз Қадами Қурбон аз хурӯҷи дард дар тарафи рости шикамаш шикоят мекунад, вале борҳо ба духтур муроҷиат карда бошанд ҳам, касе то имрӯз ба дардаш даво наёфтааст.

“Дар беморхонаи ноҳияи Восеъ Қадамро бистарӣ карданд, вале ягон ташхиси аниқ нагузоштанд. Ба шаҳри Душанбе ҳам рафта шавҳарамр ба табибони “Мадади Акбар”, “Қараболо” ва “1- советский” нишон додем, вале муониа карда бошанд ҳам, диагнзи аниқ нагузоштанд” мегӯяд зани Қадами Қурбон.
Ба гуфти Чамангул, табибон маслиҳат додаанд, ки беморро барои табобат ба хориҷи кишвар баранд, вале онҳо чунин имкон надоранд.
Дар навори видеоӣ,ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гаштааст, худи Қадами Қурбон аз дӯстони бевафояш шикоят карда мегӯяд:

“Пештар дӯсони маро бо калкулятор ҳам ҳисоб карда намешуд, вале дар тули чор-панҷ моҳи бемориам ягон кас напурсид, ки чӣ ҳол дорӣ, вале ба дарди додаи Худо шукр мекунам”
Ба гуфти худи сароянда, бемориаш бештар баъди нисфирӯзӣ хурӯҷ мекунад, аммо чи иллат доштанашро то ҳол табибон намедонанд.
“Тамоми ташхисҳоро гузаштам, гурда, рӯдаҳо, таҳлилҳои хун, ҳамааш тоза баромад, вале дард кам намешавад. Доруҳои карахткунанда ҳам таъсир намекунанд”-шикваомез мегӯяд Қадами Қурбон.


Мо ба Қадами Қурбон шифои комил хоста, умед мебандед, ки дӯстон ва мухлисонаш дар табобати ин ҷавонмарди хоксор кӯмаки худро дареғ намедоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД