sebiston july new
Қадами Қурбонро аз беморхона ҷавоб доданд?
29.05.2022
ОИЛА
1056


Салом “Оила”-и ҳамадон! Чанд рӯз аст, ки дар сомонаҳои интернетӣ хабари аз бемории вазнин ранҷ кашидани сарояндаи шинохта Қадами Қурбон паҳн гардида, ҳар кас онро ба таври худ шарҳ медиҳад. Шунидам, ки саломатии ҳунарманд рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Бо сабаби он ки дар деҳаи мо суръати интернет хеле суст аст, то кадом андоза ҳақиқат доштани ин хабарро фаҳмида натавонистам. Хоҳишмандам дар ин бора ба мо маълумоти дақиқ диҳед.
Сокина, аз дараи Алмосии ш. Ҳисор

Посух
Муддати як ҳафта аст, ки дар сомонаҳои иҷтимоӣ хабари бемори вазнин будани Қадами Қурбон чарх мезанад. Аввалин шуда, навор дар ютубканали “Қурбон Негматов” ҳолати рӯи ҷойгаҳ вазнин хоб будани овозхон ва суханронии завҷааш, ки аз бемор будани шавҳараш нақл мекунад, нашр гардид. Баъдан боз наворҳои дигар аз рафти табобати Қадами Қурбон дар беморхонаи маъруф бо номи “ Мансуров” пайдо шуданд, ки дар он яке аз табибони ин беморхона ҳолати беморӣ ва рафти табобатро шарҳ дода, баъдан худи ҳунарманд аз беҳтар шудани вазъи саломатияш хабар медиҳад. Айни замон ҳоли ин хунарманд хуб буда, аз беморхона Қадами Қурбонро ба хона ҷавоб додаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД