Formula novemver 2024
9-ҷойи номувофиқ барои нигоҳдории телефон
1096


Телефон дастгоҳест, ки ба таври доимӣ аз худ нурҳои электромагнитӣ мебарорад ва онро дар ҳар ҷой гузоштан мумкин нест. Ин на танхо барои саломаии инсон хавфнок аст, балки боиси шикастан ё нуксонхои техникӣ пайдо кардани телефон мегардад.

Гарчанде ки мо дар асри дастгоҳҳои электронӣ зиндагӣ мекунем, наметавонем таъсири зараровари онҳоро аз худ дур намоем. Дар аксари мавридҳо ин аз сабаби истифодаи нодурусти дастгоҳҳои электронӣ рӯй медиҳад. Сомонаи Кун.уз дар бораи ҷойҳое, ки баҳри нигоҳ доштани телефон зарароваранд чунин навиштааст.

                1. Киссаи қафои шим
Дар кисаи қафо бурдани телефон ба назар қулай менамояд, вале дар сурати ин ҷойро интихоб намудан бо мушкилоти зерин дучор гаштан мумкин аст:
1. Экрани сенсории телефон на танҳо ба ангуштон, балки ба ҳаракатҳои пой низ ба кор даромада метавонад. Вақте ки телефонро дар киссаи қафои шим мегузоред, худ нахоста ба рақами рафиқон, директори корхона ва ё ягон мақомот занг зада, барои худ мушкилӣ эҷод карда метавонед
2. Гум кардан ё фаромӯш кардани телефони дар киссаиқафои шим буда дар ҷойҳои серодам хеле осон аст.
3. Яке аз мушкилоти маъмултарин он аст, ки экрани телефон ҳангоми нишастан мешиканад.

               2. Киссаи пеши шим
Мардон одатан сумка надоранд, аз ин рӯ телефонҳои худро дар ҷайби пеши шимашон мегузоранд. Ин барои саломатии мардон хатарнок аст. Тадқиқотҳо нишон додаанд, ки нурҳои электромагнитӣ, ки тавассути телефонҳои мобилӣ тавлид мешавад, метавонад ба сифат ва миқдори нутфа таъсир расонанд. Ҳар қадаре ки шумо телефонро дар шиматон бештар гирифта гардед, ҳамон қадар хавф зиёдтар мешавад.

                3. Киссаи пеши бар
Ба гуфти бархе аз донишмандон гузоштани телефони ҳамроҳ дар пеши сина хатари гирифтор шудан ба саратони синаро афзоиш медиҳад.

4. Ҳангоми ҷавоб додан ба занг телефон набояд ба пӯст сахт наздик бошад.

Экрани телефони мобилӣ яке аз ифлостарин ҷойҳо эътироф шудааст. Аксари бактерияҳо дар дастони мо дар экрани телефони мобилӣ ҷамъ мешаванд, илова бар ин, хавфи нурҳои электромагнитӣ меафзояд. Аз ин рӯ, ҳангоми сӯҳбат смартфон набояд ба рӯй наздик бошад. Масофаи байни дастгоҳ ва пӯст бояд на камтар аз 0,5-1,5 см бошад.

5. Дар назди гармибаро

Ҳарорати баланд барои дастгоҳҳои электронӣ зараровар аст. Тавсия дода мешавад, ки дар ҳавои гарм телефони худро дар мошин нагузоред, онро дар назди печка низ гузоштан мумкин нест. Ҳарорати баланд метавонад боиси таркиши батарея гардад.
                         6. Дар аробача
Барои роҳат модарон одатан телефонҳои мобилии худро дар аробачаи фарзандашон мегузоранд, ки ин барои кӯдаки дар аробача хобида хавфнок аст. Аслан ба кӯдакон набояд иҷозат дод, ки ба телефон даст расонанд, чунки нӯрҳои телефон ба кӯдак таъсири манфӣ мерасонанд.

            7. Зери болишт ё назди болишт

Бо якчанд сабабҳо смартфони худро дар теги бошинт ё назди болишт нагузоред:
1. Экран одатан ҳангоми гирифтани маълумот дар шаб равшан мешавад, ки метавонад хобро халалдор кунад ва ба истироҳат таъсири манфӣ расонад;
2. Аз таъсири дарозмуддати нурҳои электромагнитӣ кас ба дарди сар ва сарчархзанӣ гирифтор гашта метавонад.
3. Вақте ки телефон дар зери болиш аст, гармии аз он тавлидшуда пароканда намешавад ва ин боиси таркиш ва сӯхтор гашта метавонад.

    8. Болои қуввадиҳак гузоштани телефон
Телефонро дар болои пуркунандаи барқ муддати дароз (масалан, шабона) мондан мумкин нест. Хушбахтона, смартфонҳои муосир метавонанд ҷараёни энергияро то андозае маҳдуд кунанд.

                   9. Масофаи телефон

Хоҳед, ки нағз хоб карда, худро хуб ҳис кунед, смартфони худро то ҳадди имкон дуртар гузоред. Он бояд дар чунин масофа бошад, ки барои ба даст овардани он бархезед.
Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД