Ману шавҳарам 10 сол зиндагӣ карда, фарзанддор нашудем. Духтурон айбро дар ман дарёфтанд ва волидонаш маҷбур карданд, ки шавҳарам талоқи маро диҳад.
Вақти ҷудо шудан ҳардуямон зор-зор гиря мекардем, вале тақдири бераҳмро тадбир набуд. Ман бо дили ғамбор ба хонаи падару модарам баргаштам, шавҳарамро бошад, як моҳ нагузашта зан доданд.
Аз байн 12 сол гузашт. Дар ин миён ягон бор бо шавҳарам рӯ ба рӯ нашудам ва чӣ рӯзу рӯзгор доштанашро намедонистам. Ман дар мактаби деҳа муаллима шуда кор мекардам. Мардҳои зиёде талабгорам гаштанд, аммо дубора шавҳар накардам, чунки шавҳарамро сахт дӯст медоштам. Ҷудо шуда бошем ҳам, ман ба ӯ хиёнат карданро ба худ раво намедидам.
Рӯзе тасодуфан дар назди бозори Корвон шавҳарамро бо ду духтарчаи дустрӯяк дидам ва дилам хиҷил гашта, оби дидаам беихтиёр ба бари рӯям шорид. Базӯр саломашро алейк гирифта, хостам зуд гузашта равам, вале вай аз дасти духтарчаҳояш дошта, ба ман наздик шуд ва хандида гуфт:
-Чӣ ҳол дорӣ?
ПАРВИНА: ХУСУРИ ШАЙТОНАМ ЗИНДАГИАМРО ВАЙРОН КАРД
-Хубам, шукр. Ту хубӣ? Мебинам, ки соҳиби фарзанд шудаӣ.
-Шукри Аллоҳ, Худованд ба ман пайи ҳам ду духтарча дод, аммо занам “як бача кунам” гуфта, бори сеюм ҳомила шуду дар рӯйи мизи ҷарроҳӣ ҷон дод,-шавҳарам ин гапро гуфта, рӯяшро гардонд, то ки ашки чашмонашро пинҳон созад.
Дилам ба ҳоли ин марди қавиирода сахт сӯхт.
Баъди каме худро ба даст гирифтан, вай шавҳар кардан ё накардани маро пурсид ва рақами телефонамро гирифт.
Рӯзи дигар занг зада, маро ба вохӯрӣ даъват намуд ва ошкоро гуфт, ки дилаш то ҳол ба ман моил аст, агар розӣ бошам, дубора маро никоҳ карда мегирад. “Барои одамро шинохтан бо ӯ як пуд намак хӯрдан лозим. Ман аз ягон бегонаро ба занӣ гирифтан метарсам, чунки дар бораи ҷабри моиндар бисёр шунидаам. Намехоҳам, ки духтарчаҳоям азоб кашанд, агар ту ба онҳо модарӣ кунӣ, бароят фарзанд мешаванд”,- мегуфт шавҳарам бо чашмони пурумед.
Азбаски шуълаи ишқ дар дилам то ҳол хомӯш нагашта буд, дарҳол розигӣ додам. Аз рӯйи таомул шавҳарам ба хонаи мо хостгор фиристод ва дубора никоҳ карда зану шавҳар шудем. “Фарзанди кас ба кас вафо намекунад” гуфтани мардум дурӯғ будааст. Духтарҳои шавҳарам маро очаҷон мегӯянд, ман ҳам онҳоро баробари ҷонам дӯст медорам. Духтари калониро аллакай ба шавҳар додем, хурдӣ ҳам қариб арӯс шудааст. Худоро шукр мегӯям, ки дер бошад ҳам, маро ба орзуям расонда модар кард. Ба занҳои бефарзанде, ки аз зиндагӣ дилсард гаштаанд, гуфтаниям, ки сабр кунанд, меваи сабр ширин аст.