Arzon march 2024
Зулфия баъди 20 сол падару модари аслиашро ёфту... (ҚИСМИ 3)
1340

Зулфияро боз алам кард, дар вақташ падару модар ӯро бо сабаби ҷинси духтар буданаш партофтаанд. Дар дил нақша кашид, ки рӯзи якшанбе ба хонаи онҳо рафта, рӯ ба рӯ ҳама гапашро мегӯяд, бо апаҳояш, ки гуноҳе надоранд, шояд огоҳ ҳам набошанд, шинос мешавад.

Модараш дами марг гуфта буд: “Духтарам, ҳаргиз ба дилат кина нагир. Кина, қаҳр хуб нест ва ба Худо хуш намеояд. Ҳамааш сарнавишт аст. Агар дар тақдири инсон 60 сол умр муайян шуда бошад, пас ҳатман 60 сол зиндагӣ хоҳад кард. Агар дар 37-солагӣ ба худкушӣ даст зад, пас маълум мешавад, ки умри ў ҳамин 37 сол будааст, на 60 сол. Ҳар як амали инсон ва ҳар як ҳодисае, ки дар ҳастӣ рух медиҳад, мутобиқи тақдир воқеъ мешавад. Дар ҳадис омадааст, ки вақте ҷанин дар батни модараш чормоҳа мешавад, фариштае ба сўйи ў фиристода мешавад, пас рўҳро дар он медамад, пас он фаришта ба чор чиз амр карда мешавад: ба навиштани ризқи ў, муддати зиндагонияш, амалаш ва бадбахт ё хушбахт буданаш. Аз ин лиҳоз, ҳар касеро умраш дар азал муайян шудааст ва чун аҷалаш фаро расид, дигар лаҳзае на пеш меравад ва на пас мемонад. Чунонки Худованди Мутаъол мефаромояд: “Ҳар гурўҳеро меоде ҳаст, чун меодашон биёяд, пас на соате таъхир кунанд ва на сабқат кунанд”. (Юнус, 49). Дар ҷойи дигар мефармояд: “Пас, чун он вақти муқаррарашон бирасад, на соате бозмонанд ва на (соате) пеш раванд”. (Наҳл, 61). Ту бояд падару модари аслиатро ёбӣ, онҳоро бубахш, бо апаҳоят шинос шав, риштаи хешутабориро барқарор кун. Васияти ман ҳамин аст, аз чизе кам нестӣ, фақат меҳри онҳо ба ту лозим аст. Дар тӯйи арӯсиат онҳоро биёр, дуо бигир, танҳоиро эҳсос нахоҳӣ кард”.

Зулфия бори дигар дар мағзи сараш ин гапҳои вопасини модари меҳрубонашро таҳлил карду сипас ба хонаи онҳо раҳсипор гашт. Апаҳояш бо навбат омада падару модарашонро парасторӣ мекарданд. Вақте Зулфия дари ҳавлиро тақ-тақ кард, модараш дарро кушоду лаҳзае ба чеҳраи ӯ нигариста, аз дил гузаронд: “Ин қадар ба духтари калониам монанд аст, мисли дугоник”.

- Марҳамат, духтарам, лекин ман шуморо нашинохтам.

- Ман духтари Валиҷони заргари раҳматӣ.

- Воҳ...,- модараш қариб аз ҳаяҷон ба замин афтад.

Падарашу апаи миёнагиаш давида омаданд.

- Бале, ҳайрон нашавед, ман ҳамон духтарчаи якрӯзае, ки 26 сол пештар шумо “боз духтар таваллуд шуд” гӯён, маро ба ивази ҳавлӣ додед ба ин одамони хуб.

- Оҳ духтари кенҷаи партофтаам, шояд бовар накунӣ, аммо ман 26 сол фақат афсӯс мехӯрам...

- Пас чаро як бор суроғ накардед?

...

Онҳо то нисфишабӣ хеле суҳбат карданд. Дигар апаҳояш дар як дам давида омаданд. Хона тӯйхона гашт. Зулфия апаҳояшро гаштаву баргашта оғӯш мекарду бо алам мегирист.

Зулфия ҳафтаи гузашта тӯйи арӯсӣ дошт. Тӯй бо шукӯҳу шаҳомат, бо падару модару апаҳояш гузашт. Онҳоро хотири падару модари калонкардааш бахшид. Аммо ҳанӯзам дилаш ранҷур аст...

Гуфт, ки апаи Шаҳло, қиссаи зиндагии маро бе обу ранги бадеӣ ба хонандагон иншо кун, то дарк кунанд баъзе нафарон, ки кӯдак мол нест, ки бозор бариву фурӯшӣ. Набояд падару модарон аз тифли хеш даст кашанд, ҳатто агар дар дами марг ҳам бошанд.

Боқӣ, хушбахту саодатманд бошед!

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД