Нависандаи русзабони Тоҷикистон Тимур Зулфиқоров бо ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод», ки аз ҷониби Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ ва Шӯрои ҳамкории гуманитарии ИДМ таъсис ёфтааст, сарфароз гардонида шуд.
Дар ин маросим, ки рӯзи 27 ноябр дар шакли онлайн баргузор шуд, ғолибони ҷоизаи “Иттиҳоди дебютҳо” низ мукофотонида шуданд. Тарроҳи тоҷик Муҳаммадносир Абдуллоев яке аз гирандагони ин ҷоиза гардид.
«Тақдим кардани ҷоизаҳо ба устодон ва мутахассисони навкор басо рамзист, — иброз дошт зимни баромади хеш намояндаи махсуси Президенти Россия оид ба ҳамкории фарҳангии байналмилалӣ Михаил Швидкой, - ин ҳадафи аслии ҳарду ҷоизаро ифода мекунад: ҳамгироии фарҳангҳо ва давомати наслҳо”.
Ситораи Иттиҳод» ҷоизаи асосии ИДМ барои дастовардҳои баландтарин дар соҳаи гуманитарӣ мебошад. Соли ҷорӣ намояндагони нӯҳ кишвар ба гирифтани он мушарраф гардиданд. Дар баробари Зулфиқоров, директори Осорхонаи миллии таърихи Озарбойҷон Наиля Велиханова, муаллими мусиқӣ ва дирижёр аз Арманистон Светлана Навасардян, кардиологи беларус Александр Мрочек, роҳбари бадеии Театри давлатии академии мусиқӣ ва драмавии Қазоқистон Талгат Теменов, профессори кафедраи химияи Донишгоҳи давлатии Қирғизистон Адилбек Молдошев ва директори Театри ҷавонони Кишинев «Аз кӯчаи садбаргҳо» («С улицы роз») Юрий Хармелин ба гирифтани ин ҷоиза сазовор дониста шуданд.
Барандаҳои “Ситораи Иттиҳод” соҳиби диплом, нишони рамзӣ ва ду миллион рубл мешаванд.
Темур Зулфиқоров - тобонтарин ситораи тоҷики адабиёти рус аст. Ӯ, ки ҳамеша ба ин дунё бо чашми ду қаҳрамони абадиаш - Хоҷа Насриддин ва Хоҷа Зулфиқори Девона нигоҳ мекунад, то имрӯз ягона адиби тоҷик аст, ки ду дафъа ба ҷоизаи Нобел пешбарӣ шудааст.
Темур Зулфиқоров 17-уми августи соли 1936 дар Душанбе дида ба ҷаҳон кушодааст. Падараш - Қосим Зулфиқоров котиби аввали ҳизби коммунист дар ноҳияи Шаҳринав буд. Соли 1937, вақте Темур ҳамагӣ як сол дошт, падари ӯ зери чархи мошини таъқиботи сталинӣ уфтод ва ҳамчун “душмани халқ” қатл шуд.
Модараш – профессор Людмила Успенская - муҳаққиқи гӯишҳои водии Ҳисор ва яке аз муаллифони “Луғати тоҷикӣ-русӣ”-и чопи соли 1954 буд. Дуруст ҳамон сол, Темур Зулфиқоров ба риштаи фалсафаи Донишгоҳи Ленинград дохил шуд, вале ду сол баъд фалсафаро партофт ва таҳсилро дар Донишкадаи адабии ба номи Максим Горкийи шаҳри Маскав идома дод.
Муаллифи сенарияи 9 филм, аз ҷумла “Рояли сафед”, “Ошпаз ва овозхон”, “Одам аз паси паррандаҳо парвоз мекунад”, “Мурғи сиёҳ”, “Саробҳои ишқ”, “Ишқи аввали Насриддин”, “Бозгашти Хоҷа Насриддин” ва “Пешхидмат бо лаълии тило” мебошад. Теъдоди умумии нашри 30 китоби Темур Зулфиқоров беш аз 1 миллион нусха баровард шуда, ӯ танҳо адиби тоҷик аст, ки ду дафъа ба ҷоизаи адабии Нобел пешбарӣ шудааст.
Нахустин китоби ҷиддиаш - “Достони марги Амир Темур” (соли 1980) дар 44 - солагии Темур Зулфиқоров ба дасти хонандагон расид. Силсилаи достонҳои “Хоҷа Насриддин” - у “Хоҷа Зулфиқори Девона” ва “Саргузаштҳои заминиву осмонии шоир” ҳам баъди солҳои 80 ба дасти хонанда расида, номи Темур Зулфиқоровро ҳамчун адиби навҷӯву навгӯ вирди забонҳо карданд.
Ҷоизаи Нобел шояд ҳанӯз дар пеш бошад, вале дар кӯлбори ҷоизаҳои Темур Зулфиқоров алакай ҷоизаи англисии “Коллетс” ҳаст, ки “Саргузаштҳои заминиву осмонӣ”-и ӯ соли 1993 ҳамчун “Беҳтарин романи Аврупо” ба даст овард. “Масалҳои тилоии Хоҷа Насриддин” дар соли 2004 ҳамчун “Асари барҷастаи адабиёти рус” соҳиби ҷоизаи “Ясная Поляна” шуд. Роман - устураи “Афъимори марҷонӣ” - ро “Беҳтарин китоби соли 2005” эътироф карданд ва баъди ин достони “Як рӯзи бачагии Муҳаммад Пайғомбар” - и Темур Зулфиқоров дар озмуни “Салавот бар Муҳаммад” ҷои аввалро гирифт.
Нахустин китоби русии Зулфиқоров дар Тоҷикистон соли 1983 чоп шуд, вале исми Темур Зулфиқоровро дар зодгоҳаш мусоҳибаи ӯ бо Додоҷони Атовуллоҳ бо номи “100 савол ба Хоҷа Зулфиқори Девона” вирди забонҳо кард ва мардуми зиёдеро дар ҷустуҷӯи китобҳои ӯ афканд.
Адиби шинохтаи рус Анатолий Ким Темур Зулфиқоровро “устоди асил” ва “падидае комилан нотакрор” ба қалам дода, бо таассуф мегӯяд, ки ин нобиғаи дар ҷаҳон эътирофшударо дар Русия ба таври кофӣ қадр намекунанд. Валерий Плетнер ӯро “аз ҳама лиҳоз – чӣ забону мавзӯъ ва чӣ жанру чӣ услуб- як падидаи гӯшношуниди адабиёти рус” ном мебарад.
“Литературная газета” - нашрияи адабии чопи Маскав Темур Зулфиқоровро “Дантеи рус” ва “шоиру носири бузург”- у ”ҳаким ва нобиғаи тасаввуф” тавсиф карда, профессор Артём Таласов менависад, ки Зулфиқоров “классики мутлақи адабиёти ҷаҳонист ва назми ӯ - шабеҳи дуоҳо ва муноҷоти паёмбарони қадим ё шаманҳо.”
Зулфиқоров солҳои 2019 ва 2020 низ дар бахши фарҳангу санъат барандаи ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод» шудааст ва аллакай бори сеюм аст, ки Зулфиқоров ин ҷоизаро ба даст меорад.