Sebiston new 2024 october
ЗИНДАГИИ МУҲАРРАМ ОЧИЛОВА БАЪДИ СОҲИБИ ХОНА ШУДАН!
1579
ЗИНДАГИИ МУҲАРРАМ ОЧИЛОВА БАЪДИ СОҲИБИ ХОНА ШУДАН!

 

Муҳаррам Очилова пас аз он, ки соҳиби хонаи наву замонавӣ шуд, хурсандияш ҳаду канор надорад. Акнун ӯ худро фақиро нодор ва бечораву мазлум намеҳисобад, чунки дигар касе ба сараш зӯрӣ намекунад. "Ҳавливу дарамонро тарк кун"- гуён аз дар берун намекунад. Муҳаррам Очилова худро хушбахтарин зан меҳисобад, ки дастгирии сомонаи "Оила" ва бо кумаки Исмоилҷони Муҳаммадзоҳир, яке аз соҳибкорони муваффақи кишвар хонаи зебову замонавӣ насибаш гашт.

Гарчанд ин зани ҷафокашида чандин сол боз дар як фермаи чорводорӣ дар байни мору каждумҳо умр ба сар мебурд, дигар азобҳои сангин азобаш намедиҳад. Бо шавҳараш ва фарзандонаш якҷо сарҷамъона сари як дастурхони пурнозу неъмат нишаста, аз ин он сӯҳбат мекунанду ғами дилашонро холӣ мекунанд.

Шавҳари Очилова ошпази моҳир аст, ба муносибати ба хонаи нав кӯчиданашон барои дӯстону наздиконаш оши палови хеле болаззат омода намудааст. Тавре, ки худи ӯ мегӯяд:
"Ҳеҷ боварам намеояд, ки соҳиби хона шуда бошем. Дар ҳаяҷонам ва имрӯз оши палов омода намудам, ки дӯстонамро ба хона таклиф намоям!".

Хонаи наву замонавии ӯ аз се ҳуҷра, долон ва ошхона иборат буда, бо тамоми таҷҳизотҳои замонавӣ таъмин карда шудааст. Бо маблағи фиристодаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик Муҳаррам Очилова яхдон, обгармкунак, рахти хоб, ҷевон ва телевизору қолиндҳои замонавӣ харида, хонаашро ҳусни зебоӣ бахшидааст.

Ирода Осимова, духтари Муҳаррам Очилова низ дар хонаи худ зиндагии орому осишта ба сар мебарад. Ӯ ҳар субҳ ба писарчаи 7- солааш лисбосҳои тозаву озода пӯшонида, ба саҳни мактаб гусел мекунад. Бо ӯ як ҷоя дарс тайёр мекунаду ба писарчааш аз баркардани шеъру навиштанро ёд медиҳад. Кӯшиш мекунад, ки ояндаи писарчаашро нек ва дурахшон бубинад.

Муҳаррам Очилова баъди соҳиби хонаву дар гаштан, барои дасти афтодаеро гирифтан, замини 6 содиқаи худро ба дасти Ҳукумати шаҳри Турсунзода супорид, то ба муҳтоҷу бенавои бехонае хайр намоянд.

Мо ба Муҳаррам Очилова ва духтараш Ирода Осимова орзуи зиндагии шоду хуррамона ва рӯзгори орому осоиштаро таманно дорем.

Дил ба даст овард, ки хаччи акбар аст.
Аз хазорон каъба як дил беҳтар аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД