Ҳикмати ҳаёт бо инъикоси воқеоти рӯзгори мардум тавъам аст ва маҳз ҳамин мардумӣ будану самимӣ эҷод кардан осори муалифашро дар дилу дида ҷой медиҳад.
Хосса барои эҷодкоре, ки хотири завқи худ қаламкашӣ мекунаду аз гузаштааш шарм намедорад.
Зиёвиддини Нурзод, ки ҳамчун шоир, овозхон, нависанда ва рӯзноманигор маъруф аст, пайроҳаи эҷодии чандон ҳамвор надоштааст.
Зиёвиддини Нурзод 25-уми январи соли 1975 дар ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Аз оғоз мехост омӯзгор шавад, зеро дар оилаи муаллим ба дунё омадааст. Ҳамчунин, аз як устодаш аламдор буд, ки пайваста азияташ медод ва ин боис ба интихоби омӯзгорӣ шуд.
“Мехостам дар оянда омӯзгор шаваму қасдамро аз набераҳои ин устод гирам, бинобар ин, ҳуҷҷатҳоямро ба риштаи омӯзгорӣ супоридам”, - бо ханда ба ёд овард ӯ.
Пас аз хатми Донишгоҳи омӯзгорӣ замоне ба таълими хонандагон машғул шуд. Давоми 2 сол дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и пойтахт ҳамчун муаллим фаъолият кард, вале баъдан пайи пешаи дигар рафт.
“Ман, агар сароянда намешудам, ҳеҷ гоҳ иҷорахонаамро тарк намекардам. Аз ин рӯ, хеле хуб шуд, ки овозхон шудам, зеро воқеан дастмузди омӯзгориву журналистӣ гоҳҳо барои рӯзгузаронӣ кифоят нест, вале аз ҳисоби сарояндагӣ ман соҳиби хонаву мошин шудам”, - мегӯяд ин марди ҳунар.
Ӯ замоне муаллифи барномаи “Барги сабз”-и радиои “Садои Душанбе” буд ва ба ин барнома овозхонҳоро даъват карда, аз пайроҳаи эҷодиву рӯзгорашон мепурсид, яъне, қабл аз оне, ки сароянда шавад, бо нӯги қалам нон хӯрда, чандин сол заҳмати рӯзноманигорӣ кашид. Сипас, ба саҳна роҳ ёфт. Ӯ ба он тасодуфан дучор омад. Бори аввал соли 2004 дар як барномаи телевизионӣ бахшида ба 5-умин солгарди таъсиси радиои «Садои Душанбе» таронаи «Ёр, ёр»-ро иҷро кард. Пас аз ин баромад мухлисон пайдо шуданд, ки ба ӯ занг задаву нома навиштанд. Онҳо сабаб шуданд, ки Зиёвиддин ба навиштани суруд ва сурудхонӣ идома дод.
“Наметавонам нисбат ба пешаи овозхонӣ, ки маро шӯҳрат ва ному нон додааст, носипос бошам, вале бо ин ҳама журналистика бароям муқаддастар аст. Аз он нигоҳ журналистикаро муқаддастар медонам, ки заҳмати зиёде мехоҳад. Як овозхон метавонад бо таронаҳояш танҳо мардумро лаҳзае шодию фараҳ бубахшад, вале як журналист барои дифоъи манфиатҳои мардуми оддӣ сина сипар мекунад”, - мегӯяд ӯ.
Ба бовари бисёриҳо Зиёвиддини Нурзод аз ҷумлаи сермухлистарин сарояндаҳои имрӯзи мост. Зеро дар тамоми барномаҳои консертиаш мухлисон ҳатто аз оғоз то анҷом рост истода, ӯро ҳаводорӣ мекунанд. Худаш дар ин маврид чунин мегӯяд:
“Мухлисони ман хеле самимӣ ҳастанд ва боиси ифтихор аст, ки маро ҳамчун як узви оилаи худашон-бародаронаю хоҳарона дӯст медоранд, масалан шумо боре дидаед, ки як зани солхӯрда аз сари ихлос ба ҳунарманди дӯстдоштааш дар рӯзи барномаи консертиаш нон орад. Боварӣ дорам, ки надидаед! Аммо дар консертӣ банда ин ҳолат буд. Як мухлисам дар барномаи консертиам ба ман ду дона нони гарми танӯрии бо дасти худаш пухтаашро овард, ки аз он нонҳо бӯйи деҳа, бӯйи модар, бӯйи муҳаббати модарона меомад. Ин болотар аз ихлос, болотар аз эҳтиром, ин як далели муҳабати ниҳоят самимӣ аст, ки шахс танҳо бо одами наздиктаринаш раво мебинад. Ва он ду дона нон барои ман беҳтарин тӯҳфа буд”.
Тавре ки гуфтем, қабл аз рӯ овардан ба сарояндагӣ солиёни зиёд дар шабакаи радиои “Садои Душанбе” ба сифати хабарнигор фаъолият менамуд. Аз соли 1999 ба кор дар ин шабака пазируфта шуд ва то соли 2014 муҷрии ин радио маҳбуб буд. Кор дар радио ҳамеша ҷӯш мезад ва қонеъ намудани завқи ҳазорон-ҳазор шунавандагон саҳлу осон набуду нест, аммо ӯ ба ин ҳама ташвишу серкорӣ нигоҳ накарда, барои ҳамкорӣ бо расонаҳои даврӣ низ вақт меёфт. Ҳоло дар Идораи барномаҳои ҷавонӣ, варзиш ва сайёҳии Радиои Тоҷикистон барномаи мустақими “Ёди рӯзгори ширин”-ро муаллифӣ мекунад.
Зиёвиддини он солҳо яке аз мухбирони хеле фаъоли ҳафтаномаи “Муҳаббат ва оила”ба ҳисоб рафта, дарду доғи рӯзгори мардуми оддиро инъикос мекард ва бештар аз мушкилоти ҷавонону бонувони деҳот менавишт. Ӯ дарди дили модарони танҳову занҳои аз ҷабру зулми шавҳару хушдоман ба ҷон расидаро қисса карда, бо ҳамин роҳ таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба мушкилоти доғи рӯз - хушунату зӯроварӣ дар оила ва зиндагии пур аз дарду доғи модароне, ки ба танҳоӣ чанд фарзанди хурдсолро ба воя мерасонанд, ҷалб мекард.
Дар баробари кор дар радио ва навиштани маводди хонданбобу ҷолиби сарнавиштӣ барои маҷаллаву рӯзномаҳои даврӣ ӯ машқи шеър мекард. Чакомаҳои ошиқонаву ватандӯстонааш басо дилчасп буда, ба зудӣ дар дили ҳаводорон маъво мегирифтанд ва ҳамин тавр дар як муддати кӯттоҳ Зиёвиддин ҳамчун шоир дар байни мардум шинохта шуд. Маҷмӯаҳояш таҳти унвонҳои “Лонаи тақдир”, “Лабханди ашк” ва “Миёни хандаву гиря” нашр шудаанд.
Зиёвиддин то қадам гузоштан ба саҳна мухлиси самимии ситораи дурахшони эстрадаи тоҷик Садриддини Наҷмиддин буд ва дар бораи ин ҳунарманд китобе низ иншо кард. Баъдан меҳри нисбат ба Садриддин доштааш тақдири Зиёвиддинро бо санъат пайваста, оҳиста-оҳиста худ низ машқи суруд мекард. Таронаҳои нахустинаш аз он гувоҳӣ медоданд, ки дар ҷодаи санъат низ ӯ шахси тасодуфӣ нест, балки ба ҳунару ҳунармандӣ хеле ҷиддӣ муносибат намуда, пайваста талош ба харҷ медиҳад, то ҳунарманди навгӯву навҷӯ бошад.
Маъмулан тамоми ҳунармандони ҷавон дар оғози фаъолияти ҳунарии худ ҳатман аз ин ё он ҳунармади машҳур пайравӣ менамоянд, аммо Зиёвиддин аз оғоз пайроҳаи эҷодии худро боз намуда, бо сабки хос тарона эҷод мекард. Садои пурдардаш зуд ба дилҳо нишаст ва ҳамин тавр дар як муддати кӯтоҳ мухлисони сершумори худро пайдо намуда, ба қатори ситораҳои садрнишини эстрадаи тоҷик дохил шуд.
Ӯ мегӯяд сахттарин шикасташ дар зиндагӣ марги модар буд ва баъди ин бештар дар бораи модар месарояд. Ӯ аз ҷумлаи ангутшумор сарояндаҳоест, ки бештар васфу ёди модар кардааст.
Ба қавли сароянда зиндагӣ ӯро хеле барвақт пир кард, зеро ҳамагӣ 19 сол дошт, ки модараш аз дунё гузошт. Бинобар ин, марги модар ӯро даҳсолаҳо пир кард, зеро баъди сари модар чӣ будани дарду алам, чӣ будани доғҳои ҷигарсӯзи зиндагиро фаҳмид.
“Вақте модарам аз олам даргузашт, ман он қадар зиёд модар гуфтам, ки ба гӯши модардорҳо расид. Қисмате онро хуш пазируфтанд, вале қисмате гуфтанд ин қадар зиёд оча мегӯям. Бинобар ин, имрӯз фикр мекунам, ки дар ҳақиқат марги модарам ба ман шуҳрат овард.
Аммо оё ман мехоҳам ин гуна шуҳратро. Не? Мехоҳам ҳамон одамаки оддӣ бошам, вале модарам зинда бошаду камоли пирӣ ронад аз давлати даҳ фарзандаш. Аммо афсӯс”, - мегӯяд ӯ.
Зиёвиддинро имрӯз чун шоири маънисаро мешиносанд. Чун таронаҳояш бештар дарди дилро бозгӯӣ мекунанд, зуд маъруф мешаванду шунавандаи зиёдро гирди ҳам меоранд. Консертҳояш низ тез-тез баргузор мегарданд ва ҳамеша серодаманд.
“Ман таронаҳоро ҳамеша тасодуфан интихоб мекунам. Масалан, ман шеър мехонам ва агар писанд бошад, мусиқиро интихоб мекунам. Барои ман чизи асосӣ калимаҳост, ки онҳо дар бораи чӣ ҳастанд? Қариб тамоми матни сурудҳоямро худам эҷод кардам”, - мегӯяд ӯ.
Бояд гуфт, ки ӯ маълумоти мусиқӣ надошта, ягон мактаби мусиқӣ ё муассисаи махсуси санъатро хатм накардааст, балки чун гули худрӯй дар саҳнаи эстрада ҷило медиҳад.
“Истеъдод барои ноил шудан ба муваффақият муҳим аст, аммо агар кор накунӣ, ба чизе ноил намешавӣ. Ва агар истеъдод набошад, пас кор кардан лозим нест”, - мегӯяд ӯ.
Бояд гуфт, ки инсон ҳангоми инъикос намудани олами объективӣ, на танҳо ангезаҳои айни замон таъсирбахшанда ё худ пеш даркшударо мефаҳмад, балки образҳои навро низ меофарад. Ў метавонад дар асоси тасвири дигар одамон тасаввури он ҷоеро кунад, ки хонанда пештар онро надида буд ва ё тасаввури симои пеш бо онҳо вонахўрдаро намояд. Масалан, барои хонандаи тоҷик муҳити радио шояд ҷолиб бошад, чун ин маконро қисмати каме аз онҳо дидаанд. Ва ё садои ровиёни ин даргоҳро зиёд шунидаву симояшонро ҳеҷ куҷо вонахӯрдаанд, чун Ҷонибек Асрориён, Сафаргул Олимӣ, Абдувалӣ Сабурӣ, Фирӯз Каримзода, Сайфуллои Бозор, Матлуба Холова, Неъмати Муҳиб, Анзурат Назарзода, Сангиной Тиллозода ва ғайраҳо.
Зиёвиддини Нурзод ҳамчун нависанда дар китоби охирини худ – “Миёни хандаву гиря” бо маҳорати чеҳраороии худ симои ин шахсиятҳоро барои хонанда ошно сохт. Маслан, бо овардани ҷумлаи “Неъмат, ки дар ҷойи кор аз заҳри забонаш касе эмин набуд хӯришҳоро назди мо гузошта лутф дошт, - Гиред, азизонам. Нӯши ҷонатон. Ин лаҳзаи гуворо дар ҳаёти мо ҳар рӯз нест. Зинда бод Матлуба ва акои тӯйдор! Ман бояд барои ин лаҳзаи ҷовидон бинӯшам - ва даҳони шишаеро боз намуду ба пиёлае арақ рехт ва онро ба сар кашид” дар матлаби “Тӯй дар ВДНХ” ӯ симои Неъмати Муҳибро чун нафари шӯх тасвир кардааст, ки воқеан ҷолиб аст.
Ё ӯ хашми Сафаргул Олимӣ, сардабири вақти ин шабакаи сартосариро дар матлаби “Кис-кис” чунон зебо офаридааст, ки хонанда бо мутолиаи ҳамагӣ чанд ҷумла қаҳри Олимиро тасаввур мекунад. Ӯ навиштааст, “- Биё, биё бачаи хушовози марсияхонуме. И созмони миллал бебало намегардад. Бо ягон каса куштанд? Э, хок кашад ма ворӣ роҳбарае. Ин заводи Кис кисут кай ҳуй шуд? - Ленташа ту буридииииӣ? Ин чи тарзи ахборхонӣ? О ахбора ҳами хел мехонанд? Э манаҳта аз ҳафт ҷо бандаме...”
Дар ин пора муаллиф аз реалият истифода карда, ғазаби роҳбарро таббиӣ офарида, дар ин баробар авзои худро низ дар ҳамон лаҳза тасвир кардааст, ки ҷолиб аст: “Ростӣ, ҳайратзада, шафақи девор шуда будам. Намедонистам ӯ ба чӣ ишора мекунад... Олимӣ чашмони даври обашро аз ман намеканд. Хостам лаб во кунам, чунон ба сарам дод зад, ки заҳрадарид шудам”. Яъне, ин ҷо муаллиф лаҳзаи мутаҳаййир шудани худро низ пинҳон накардааст.
Имрӯз нафареро пайдо кардан душвор аст, ки Зиёвиддини Нурзодро нашиносад ва ё аз эҷоди ин ҳунарманди маъруф таронае нашунида бошад. Сурудаҳои ӯ бо гӯшнавозӣ ва мазмуну маънии фарохи худ дар дили ҳазорон-ҳазор ошиқони савту наво маъво гирифта, ин ҳунарманди асил азизи дили мардуми тоҷик гаштааст.
Мирсаид САТТОРИЁН