Sebiston new 2024 october
Зебанда оқипадар шуду Парвиз хонавайрон
2405

 

Салом “Оила” азиз! Ман ҷавони 22- сола, курсанти қушунҳои сарҳадӣ, зодаи шаҳри Кӯлобам.

Ҳафтаи гузашта номаи Зебандаро таҳти унвони “Падарам дар шаби соли нав маро оқ кард” хондаму ҳаёти худам пеши назарам омад. Зебанда, ман низ мисли шумо дар зиндагӣ хато кардам, аз ҳамин сабаб, мехоҳам ду бадбахт дар ҳаёт якҷоя шавем. Шумо ба мошини бойбача нишаста, номусатонро доғдор карда бошед, ман бо духтараке шаш моҳ пеш издивоҷ карда, хато кардам. Ҳангоми дар хизмати аскарӣ буданам занам ҳар рӯз қилиқҳои нав ба нав бароварда, ҳар рӯз бо модарам ва аҳли хонаводаамон ҷангу ҷанҷол мекардааст. Модарам “писарам фаҳмад, зиқ мешавад” гуфта, ин рафторҳои арӯси беақлро пинҳон дошта, ӯро насиҳат мекардааст, вале ҳамсарам касеро писанд накарда “бе шавҳар ман дар хонаи шумо чӣ кор мекунам, писаратон, ки омад, баъд меоям” гуфта, ба хонаи падару модараш рафтааст. Аз ҳодиса огоҳ шуда, якҳафтаина ҷавоб гирифта, ба хона рафтам ва нағмаҳои арӯсамро шунида, хун ба сарам зад. Талоқашро додам ва аз падару модараш хоҳиш кардам, ки омада чизу чораи духтарашонро баранд.



Инак, аз байн як сол гузашт, вале то ҳол дубора хонадор нашудам. Росташро гӯям, аз зангирӣ метарсам, чунки ба духтарҳои ҳозира бовар карда намешавад. Номаи Зебандаро хонда, дар дилам шуълаи умед пайдо шуд, ки шояд ҳамин духтараки фиребхӯрда ба қадри зиндагии ободу осоишта бирасад. Мехоҳам бо кӯмаки “Оила”-и меҳрубон рақами телефони Зебандаро пайдо карда, бо ӯ қасри бахт бисозам. Зебанда, ман намедонам, ки баъди туро “оқ” кардани падарат ба сари ту боз чӣ рӯзҳои сиёҳ омаданд ва ҳоло дар куҷо ҳастӣ. Мабодо чашмат ба номаи ман афтад, ҳатман занг бизан! Ваъда медиҳам, ки ман туро хушбахт мекунам, агар ба қадри муҳаббати пок расида, аҳли оилаи моро ҳурмату эҳтиром намоӣ ва хатои кардаатро дубора такрор накунӣ.

Парвиз, муштарии 23-29

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Зебанда 2019-12-21, 11:50
Тилфонота хами комментода мон ма худум званитут менум
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Зебанда 2019-12-21, 11:50
Тилфонота хами комментода мон ма худум званитут менум
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД