Ҳамболи хушбахтӣ
Зиндагӣ бо хушнудиҳо пушти сар мешуд. Дар ин миён Шифо соҳиби ду писару ду духтари нозанин шуд. Бо мадади модараш онҳоро калон мекард, зеро хушдоманаш муовини раиси вилоят шуду ба маркази вилоят рафт, танҳо рўзҳои шанбею якшанбе меомад. Шавҳараш ҳам, дар зинаҳои мансаб боло мерафт, зани хушбахт аз чизе камбудӣ надошт. Хушдоманаш дар хешу табордорӣ аз сад мард дида, баномус буд, дасти худаш нарасад ҳам, келинашро таъкид мекард, ки аз тӯю азои хешу табор бехабар намонанду албатта, ҳамроҳи Баҳман рафта, биёянд.
Гулойими “Кобра” ҳеҷ аз заҳр задани Шифо сер намешуд ва дар тӯю маъракаҳо ўро дучор омада, албатта таъбашро хира мекард. Ў ҳамчун як духтари зебову хоксору меҳнатӣ байни хешу табори хушдоманаш ном бароварда буд, ин ҳама талхаи пурзаҳри хеши морзабони хушдоманро мекафонд. Ин зан духтарашро ба донишгоҳе дохил намуд, вале Маҳбонуи нозанину якдонаи модар бо марди аз худаш понздаҳ сол калони зандор ишқварзӣ карда, ҳомила шуду Гулойим мардро маҷбур кард, то ўро зани дувум карда гирад. Мард Маҳбонуро никоҳ карда, гирифта бошад ҳам, ў дар хонаи модараш мезист. “Кобра” бо дидани духтари интизору хору зор ва набераи зиндаятимаш, кулли ҳамсолони хушбахти ўро бад медид, аз ҷумла Шифо - душмани деринашро. Ин зан аз барои Худо ҳам, андеша намекард, ки шояд оҳи дили ҳамин духтараки бегуноҳ духтари ўро бадбахт кард?! Охир ў чӣ гуноҳ дошт? Ҳар гоҳе ба ягон маърака раванд, Баҳман ба занаш шӯхиомез мегуфт: “Ҳушёр шав, “Кобра”-ро мебинӣ”. Шифо даст меафшонд, ки холаҷонат аз хурдӣ он қадар заҳрам задааст, ки дар хунам позаҳри заҳраш пайдо кардааст. Шифо ҳамагӣ як бор ба Гулойим гап гардонида буд. Дар як маърака ҳама духтараки гул барин зебои ўро дўстдорӣ карданду аз ин ғаши “Кобра” омада, гуфт:
- Ҳа, аз ҳозир маълум, момошу очаш барин пухта, дар хонаи чанд кас алов мемонад ин ҷинқарча!
Шифо бо хандаи талх ба зани ҷоҳил нигариста, гуфт:
- Холаҷон, ҳамин ман ҳеҷ гуноҳамро назди шумо нафаҳмидам, аз Худо тарсед, фардо дар Қиёмат барои дили як кўдаки бегуноҳро ранҷонидан рўсиёҳ нахезед боз!
Гулойим нав забони чун дами доси чархкашида тезашро сар доданӣ буд, ки Баҳман аз дар даромаду ба ҳама салом дода, духтарчаашро биё очаҷон, хона меравем гўён, сари даст гирифту занакҷон, ман кор дорам гўён, Шифоро аз хона берун кард. Баъди рафтани Шифо борони ғайбати “Кобра” ба боридан оғоз карда буд, ки ҳама аз пешаш хестанду худро дар як хонаи калон танҳо ёфт…
Марги даҳшатнок
Аз ин воқеа яксол гузашту Гулойим тўй карда, барои ду писараш келин фароварду ба хотири хушдоманаш Шифо дастархон карда, бо дасти модараш равон кард. Шаҳло дастархону тўҳфаро ба дасти “Кобра” дода, зуд баргашт. Пас аз тўй овозаи носозии келинҳо бо Маҳбону байни мардум паҳн шуд, фишори Гулойим низ зуд-зуд боло мерафту ўро ба духтур мебурданд. Як шоми дигар писари калонияш пушти занашро гирифта, Маҳбонуро чанд мушт мезанад. Аз ин фишори хуни модарашон баланд шуда, то беморхона нарасида, ҷон медиҳад. Духтурон нақл карданд, ки мурдаи Гулойим, ки нав ба панҷоҳ даромада буд, ба мисли ангишт сип-сиёҳ буду дақиқа ба дақиқа варам мекард. Баъди шўстани майит мўрдашўйҳо, ки аз хешони Гулойими бадзабон буданд, аз тарс чанд рўз касал шуданд... Гўркобҳо низ, чанд рўзи дигар аз даҳшати ин марг қисса мекарданд.
Бо овардани ин қисса, ки ҳақиқати зиндагист, на ба қавли баъзеҳо ҳангома, мехостам ба хонандагони азиз гўям, ки аз оҳи сағера алҳазар!
Боқӣ, ихтиёр доред, бовар кунед, ё не, қазоват ҳуқуқи шумост…
Нисо ХОЛИД