Бебахт
Шифо дар батни модараш буд, ки падараш дар садамаи нақлиётӣ фавтиду бибию бобои падарияш модари арўсаки семоҳаашро бепою қадам ва фарзанди ҳанўз ба дунё наомадашро берўзии сархўр номида, аз хона пешаш карданд. Модараш аз тарси пайвандони шавҳараш, ҳатто либосҳои худашро нагирифта, тани як куртаи тунук дар тирамоҳи хунук хонаи шавҳарро тарк кард.
Аҷаб расмест, байни мардуми мо, худро мусулмон мешуморанду мусибати ба сарашон омадаро аз Худо намебинанд…
Шаҳлои бечора баъди пур шудани моҳу рўзаш дар хонаи падар духтараки заркокуле ба дунё оварда, номашро Шифо монд, то шифои қалби дардмандаш гардад. Аммо баъди яксола шудани Шифо, бибию бобо ва тағоҳояш ба ҷону ҳоли Шаҳло нагузошта, духтаракашро аз банди синааш канда, гирифтанду ўро ба шавҳар доданд. Шавҳари нав аз занаш ба ҷурми бефарзандӣ ҷудо шуда бошад ҳам, дасти тараҳҳум ба сари сағираяки берўзӣ нагузошт. Беҳуда нагуфтаанд, ки Худо ба ҳар кас қадри дилу нияташ медиҳад.
Ин марди хасис тӯли панҷ соли зиндагӣ аз модари Шифо низ фарзанддор нашуду Шифо бори дуюм бева гашт. Духтаракаш ба Шаҳло умуман меҳр надошт, ўро ба фарзандони тағояш тақлид карда, аммаҷон мегуфт. Духтараки аз меҳри падару модар бенасиб ба бибияш меҳрубон буду гирди сари ў парвона, бибияш ҳам, тамоми ҳастияшро ба тарбияи Шифо сарф мекард.
Шаҳлои бебахт бори савум ба шавҳар баромад, шавҳараш марди калонсоле буд, ки ҳамсараш фавтида, ду писар ва ду духтари хонадор дошт. Ин мард барои Шаҳло як қитъаи замин гирифта, хонаи оддӣ, вале зебо сохт. Бо вуҷуди бист сол калон буданаш мард хеле меҳрубону боҳиммат буд, Шаҳло бори аввал шаҳди зан буданро дар коми худ эҳсос кард, ба ҷавоби меҳрубониҳои шавҳараш ба фарзандону набераҳояш меҳрубонӣ мекард. Аскаралӣ, ба Шифо низ, ниҳоят меҳрубон буду ҳар шанбею якшанбе махсус ба деҳа рафта, ўро ба хонаашон, ки дар як канори ноҳия буд, меовард. Модару духтар оҳиста-оҳиста ба ҳам унс мегирифтанд…
Морзан
Шифо дар тарбияи бибии оқилаю порсояш ба воя расида, хеле ҳушманд буд. Дар синфи ҳашт мехонд, ки Қуръонро хатм карда, аз нозукиҳои дўзандагӣ огаҳӣ ёфт. Акнун, мустақил бе мадади устодаш, ки дугонаи модараш буд, курта медӯхт ва муштариёни худро дошт, аз панҷ панҷааш ҳунар мерехт, шириниҳои пўхтаашро тағоҳову холаҳо, хешу ақрабо баҳои баланд медоданд.
Духтарак бо сари хам мактаб мерафту меомад, ба касе кор надошт, бисёр зебо либос мепўшид, зеро ҳам бибию бобо ва ҳам модару пияндараш барои ў беҳтарин чизҳоро дастрас мекарданд.
Дар наздикии мактаб хонаи зане воқеъ буд, ки аз дасти бадиву бадзабонияш мардум «Кобра» лақаб монда буданд, номаш Гулойим бошад ҳам, мардум кайҳо онро фаромўш карда буданд. “Кобра” ду писару як духтар дошт, духтараш як синф поён аз Шифо хонад ҳам, ўро барои худ душман медонист. Кўшиш мекард чун Шифо курта пушаду мисли ў таърифӣ бошад, аммо аз «заҳр»-и модар ба ў низ мерос монда буду ҳеҷ кас дўсташ намедошт.
Шифои нозанину меҳрубон, бо қомати баланд, пўсти ширбадану мўйҳои дароз, ки барои тўйи яке ширинӣ мепухту куртаи нодореро бепул медўхт, ба мардуми деҳа азиз гашта буд. Ҳама таърифаш мекарданду мегуфтанд, ки касе келинаш кунад, роҳат меёбад. Таърифҳои муаллимону занони ҳамсоя ба гўши Гулойим бад мерасиданд ва бо тақозои табиаташ заҳри фаровонашро аз Шифои «бечора» низ “дареғ” намедошт. Шифо ҳар дафъаи аз ин роҳ гузаштан, кўшиш мекард ба тири нигоҳи заҳрогини “Кобра” дучор нашавад, вале ин беҳуда буд.
Як рўз духтарак бараъло шунид, ки Кобра ба ў шунавонида мегуфт: “Очаи сешўяш барин дар чоҳи сиёҳ аст, ин моҳ… Аз зани сешўя духтари хуб мерўяд?! Намурдӣ, ту сархўри бепойи қадам ба дунё наомада, сари падарата хўрдӣ, илоҳим очат барин беваи ҳафт дар шавӣ!”.
Он рўз аз таънаҳои ноҷои морзани бадзабон дилаки сафеду поки духтарак ларзон, сар ба домони модаркалони пираш монду гирист… Бибияш бо шунидани ин ҳарфҳо озод аз ҷояш хеста, хонаи “Кобра” рафт, байни онҳо чӣ гуфтугў гузашт, касе намедонад, вале морзан акнун танҳо бо заҳри нигоҳ қаноат мекард…
(Давом дорад)
Нисо ХОЛИД