Рухсораву Некон дар як оила калон шуданд. Аниқтараш, Неконро холааш –модари Рухсора бо худ гирифту ҳамроҳи фарзандонаш ба воя расонд.
Некон аз хизмати аскарӣ баргашт ва хост, ки ҳуҷҷатҳояшро ба ҷойи дилхоҳ супорад. Ба ӯ ҷӯраҳояш маслиҳат доданд, ки ба техникуми савдо ва молия ҳуҷҷат супорад. Некон чунин ҳам кард. Холааш хост, сари ӯро ҷуфт кунад, аммо Некон розигӣ намедод. Ниҳоят холааш бори охир розигии ӯро пурсид ва афзуд, ки агар дӯстдоштае дошта бошад, ҳатман ба хостгорӣ меравад. Некон бо сари хам ҷавоб дод, ки агар аз ӯ наранҷанд, пас мехоҳад бо Рухсора оила барпо кунад. Дар ин маврид холааш розигии Рухсораро пурсид. Рухсора аз шарм сурх шудаву таббасуми малеҳ бар лаб сар ба зер афканд. Модар хеле шод шуд, зеро Некон дар ҳақиқат ҷавони пулёб ва дидадаро буду аз ягон супориши холааш то ба ҳол сар напечида, пайи иҷрояш мешуд. Онҳо тӯйи хоксоронае оростанд. Рӯз то рӯз нуфузу эътибори Некон миёни ҷӯраҳояш болотар мерафт. Ӯ ба неву нестони холааш нигоҳ накарда, Рухсораро ба донишгоҳи муаллимтайёркунӣ дохил кард. Баъди хатми донишгоҳ Рухсора дар деҳа муаллима шуда кор кард. Зиндагии онҳо хеле ширину гуворо мегузашт. Рухсора тифли аввалашро ба даст гирифта натавонист. Некон аз ҳамсараш хоҳиш менамуд, ки ғам нахӯрад. Худо хоҳад, боз соҳиби тифл мешаванд.
Чанде даргузашта, онҳо духтарчадор шуданд. Аммо дар Ватан ҷангу ҷанҷолҳои навбатӣ сар зад.
Дӯстони нону намакхӯри Некон акнун чун душманони ҷонӣ аз як гиребон сар бароварда ба муқобили ӯ забон як карда буданд. Некон мағозаро махкам карда, шабу рӯз дар хона пинҳон мешуд. Ниҳоят, боре ду нафар ниқобпӯш ба хонаи ӯ зада даромаданду Неконро аз коҳдон ёфта, пешандоз карда бурданд. Бо ҳамин солҳо сипарӣ шуда бошанд ҳам, аз ӯ на дараке буду на хату хабаре.
Неконро дӯстони нону намакхӯраш ду корд зада, ба дарё партофтанд. Дарё Некони оғӯштаи хунро ба дуриҳои дур бурд. Дар деҳае кӯдакон дар лаби дарёча моҳӣ мегирифтанд, маҷрои дарё ин ҷо ниҳоят суст ҳаракат мекард ва бачаҳо баръало одами дар миёнаи дарё болову поин шударо диданд.
Писарбачаҳои калонтар худро ба дарёча ҳаво дода, Некони беҳушу беёдро ба соҳил бароварданду ёрии аввалин –нафаси сунъӣ доданд. Некон чашм кушод, аммо мадори гап задан надошт. Кӯдакони хурдсолтар, ки ба масҷид хабардиҳӣ рафта буданд, ҳамроҳи калонсолон баргашта, Неконро дар масҷиди деҳа ҷой дода, табобат намуданд, зеро он шабу рӯз мардум барои ба хонаҳояшон роҳ додани бегонагон ҳарос доштанд. Духтури деҳа низ пинҳонӣ омада, ӯро дорую дармон мекард. Ҳар кас аз барои Худо чизе медод. Некон оҳиста-оҳиста шифо ёфту мардум аз пули ҷамъовардаашон ба ӯ чипта харида, ҷониби Русия равон намуданд. Некон дар Русия кор мекард. Азбаски забони русиро хуб медонисту дар соҳаи савдо кор карда, таҷриба дошт, дар муддати якчанд вақт пули хубе кор карда барои сохтмони масҷиди ҳамон деҳаи дурдаст бо воситаи ҷавонони ҳамон деҳ, ки аз ғарқ шудану ҳалок гаштан наҷоташ дода буданд, маблағи чашмрасе фиристод.
Мӯйсафедони деҳ аз иқдоми неки ҷавон шод гашта, ба Худованд шукргузорӣ намуданду дар ҳаққи Некон дуои хайр карданд. Некон 10 сол дар Русия монд, аммо аз худ дарак намедод. Ӯ аниқ медонист, ки агар дӯстонаш зинда будани ӯро донанд, пас ҳатман пайи куштанаш камар мебанданд.
Волидони Рухсора ӯро ба ҷону ҳолаш намемонданду «то кай хостгорҳоро ноумед мекунӣ, охир ту ҳоло ҷавон ҳастӣ»,-гӯён ба шавҳаркунӣ талқинаш менамуданд. Рухсора ба назди фолбин рафт.
Фолбинзан рӯи китоб кушоду дар саҳифае чунин сатрҳоро хонд:
«Шавҳарат зинда ва дар роҳи дур асту барои аз худ дарак додан метарсад». Рухсора ин суханҳоро ба бародару модараш гуфт.
«Оча, дадам меомада бошад ё бо мо бозӣ карда як бор омаду боз пеши ҳамон зани таннозаш рафт?!»
Онҳо ба гуфтаҳои фолбинзан бовар накарда Рухсораро барои бори дигар оила бунёд кардан ташвиқ намуданд. Ҷавони хостгор хеле зебо ва маданӣ буду рафтору гуфтораш низ дилкаш ба назар мерасид. Ӯ худро соҳиби ду писар муаррифӣ кард. Ҳол он ки Рухсора 5 фарзанд доштани ӯро баъди ба шавҳар баромаданаш фаҳмид. Неъмат дар аввал духтари ӯро чун фарзандони худ дӯстдорӣ менамуд. Духтарак бо апаҳояш-духтарони Неъмат зуд унс гирифт. Аз байн ҳанӯз даҳ моҳ нагузашта буд, ки Некон аз омадани худ дарак дод. Акнун волидони Рухсора мурғи посӯхтаро мемонданд. Онҳо ба хулосае омаданд, ки Неконро бо хушнудӣ пешвоз мегиранду баъд худи Рухсора ба ӯ асли воқеаро мефаҳмонад.
Бародари Рухсора гаштаю баргашта даст ба гиребон бурда тавба мегуфту ба рост будани сухани фолбинзан қоил мегашт. Дар ҳавлӣ ҳама як-як бо Некон оғӯш кушода аҳволпурсиву шукргузорӣ мекарданд. Духтараш, ки акнун 14 сола шуда буд «Дадаҷон, дадаҷонакам омаданд»,-гӯён худашро ба пойҳои падар партофт. Ин амали Мӯниса ба Неъмат хуш наомад. Навбат ба Рухсора расид. Некон дар ҳузури Неъмат Рухсораро ба оғӯш кашида дурудароз гирист. Ин дам чашмаш ба Неъмат ва фарзандони ӯ афтоду аз асли воқеа бехабар бо онҳо саломи дастӣ кард.
Шаб Рухсора назди Некон надаромада бошад ҳам, ӯ ҳанӯз чизеро пай намебурд. Ниҳоят субҳгоҳон ӯ назди холааш омада иҷозати Рухсораро ба тамошои Душанбешаҳр бурдан кард. Модари хиҷолатзада пастакак «аз худаш пурс»,-гуфт. Рухсора гоҳ ба Некону гоҳ ба Неъмат менигаристу чи кор карданашро намедонист ва бо ашки шашқатор худро маломат мекард:
Ӯ намедонист, ки шавҳари хубу доро ва сутуни хонадонашро қабул кунад ё падари тифли батнашро?
Зан ҳайрону саргаранг миёни «аъроф» монда буд. Некон худро ба даст гирифта назди Рухсора омад ва дасти ӯро гирифта, ба чашмонаш молиш дода аз худ хабар надоданаш бахшиш хост. Рухсора инони ихтиёр аз даст дода фиғонкашон гуфт, ки чаро чунин кардааст?
-Акнун ин марде, ки мебинӣ шавҳари нави ман ва падарандари Мӯнисаи туст, ки ӯро бо меҳр парварид. Ман бошам, модарандари ин панҷ нафар тифлакони модарбохта ҳастаму аз Неъмат умедворам. Чӣ тавр сар боло карданамро намедонам, ман мол нестам, ки байни худ тақсимам кунеду ором гиред.
Некон аз чунин ранг гирифтани кор ба даҳшат афтода аз Неъмат хоҳиш кард, ки хонаи ободи ӯро вайрон насозад. Занашро талоқ диҳад, то барои бунёди ин оила ҷавонмардие карда бошад.
-Ту духтари маро калон кардӣ, ман бошам тифли туро ба воя мерасонам. Ҳарду бародар мешавем, хоҳишамро иҷро намо!
Неъмат низ сар намефуровард. Охир ӯ занмурда буду «ба занмурда зан азиз» аст.
Неконро илоҷи дигар намонд, ӯ кӯшиш намуд, ки аз Неъмат узр пурсаду боз як бори дигар хоҳиш намояд. Ниҳоят тамоми қувваашро ҷамъ намуда, гуфт: «Ҷӯраҷон, ташаккур ба ту, ки зани маро пуштибону духтарамро падарӣ кардӣ. Маро бубахш, ки нафаҳмида назди ту Рухсораро оғӯш намудам, охир муддати 10 сол бо ӯ вонахӯрда будам. Охирин хоҳишамро ба ҷо ор, Рухсораамро ба ман бубахш!».
Неъмат инро ба худи Рухсора ҳавола кард ва гуфт:
«Рухсора ба ман ҳам шахси наздик ва азиз гаштааст.
Агар худаш розӣ бошад, марҳамат, ман ӯро маҷбур карда наметавонам». Ду мард бо умед ба сӯи азизи дили худ дида дӯхтанд. Рухсора дар ҳоле ки мегирист, мушт ба сар зада гуфт: «Дер шудааст дер! Дер кардӣ марди Худо! Ақаллан 10 моҳ пештар аз худат дарак медодӣ, ман ин никоҳро қабул наменамудам».
Некон, ки дар ҳолати ғуруру номус қарор дошт, паст наомада гуфт: «Ту ҳам 10 сол мунтазир шудию 10 моҳ тоқат накардӣ?!» Рухсора ба тифли батнаш даст карду афзуд: «Ман ин кӯдаки бегуноҳро бепадар кардан намехоҳам, ба тақдират тан деҳ Некон».
Некон ошуфтахотир аз хона баромад. Духтараш аз паси падар «дадаҷон, нарав»,-гӯён давид. Аммо баъди чанде баргашт ва бо дидагони пурнам ба ҷояш нишаст. Ҳаёти оилавии Рухсораву Неъмат давом ёфт. Тифлакашон ба дунё омад. Зиндагӣ бошад, маҷрои худро дигар кард. Неъмат тамоман дигаргун шуд. Духтари Рухсораро бад дида, ҳар лаҳза мавриди таҳқир қарораш медод.
Бо мадади тағоҳо Мӯниса ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуд. Духтарак барои роҳкиро пул пурсад Неъмат сахт карда мегуфт, ки аз падарат пули роҳкиро бигир ва ӯро сӯзонда, ба духтарони худ пул медод.
Духтарон аз падарашон хоҳиш мекарданд, ки ба Мӯниса низ пул бидиҳад, аммо падар онҳоро песонда: «кори худатонро кунед»,- мегуфт.
Акнун Рухсора аз он ки дар вакташ Неконро интихоб накард пӯшаймон аст, вале кор аз кор гузаштааст. Бехуда намегуфтаанд, ки бахт бахти аввал аст…