Салом, манзани 26-солаи шаҳрӣ ҳастам. Шавҳарам 2 сол қабл аз олам гузашта, ману духтарчаамро танҳо гузошт. Азбаски хусуру хушдоманам одамони хубу худотарс буданд, ба хотири набераашон ба ман хонаи якҳуҷрагӣ харида доданд.
Ман падару модар надорам, аз ин рӯ, баъди бе шавҳар мондан зиндагиямро худам пеш мебарам. Соле қабл дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ бо марде шинос шудам, ки бо меҳрубонӣ ва ҷиддияташ маро мафтун намуд. Абдулло иқрор шуд, ки зану як фарзанд дорад ва занаш барои зани дуюм гирифтани ӯ зид нест. Бо ӯ вохӯрдам, бисёр марди пулдор ва соҳиби тиҷорати шахсии худ будааст. Баъди вохӯриямон ҳар лаҳза занг зада, пешниҳод мекард, ки зудтар никоҳ кунем. Аммо чизе сади роҳамро мегирифт, метарсидам дар интихоби дубораи ҳамсар ба иштибоҳ роҳ надиҳам. Хеле дӯсташ медоштам, вале аз рашкҳояш тарсида, симкортамро шикастам.
Як моҳ бе ӯ зиндагӣ кардам, вале билохира натавонистам ва рафта, симкортамро барқарор кардам. Абдулло дарҳол занг зад ва наздам шарт гузоштааст, ки дар муддати як моҳ ба ӯ барои зани дуюм шуданам розигиямро диҳам. Ростӣ, ӯро аз ҷонам бештар дӯст медорам, вале фикри зану фарзандашро карда, виҷдонам намегузорад бахти онҳоро ним кунам. Медонам, ки бо марди зандор алоқа карданам аз аввал хатои худам буд.
Акнун мехоҳам коре карда, Абдуллоро нисбати худ дилхунук созам. Аз шумо хоҳишмандам ба ман маслиҳат диҳед, зани дуюм шавам?
С.Р.