Собира-хола чор фарзанди худ, се духтару як писарро баъди вафоти шавҳар ба қавле мисли гӯрба газида калон карду тамоми ҳусну малоҳат ва қуввату тавоноии ҷавониро қурбони бегазанд ба воя расонидани онҳо гардонд. Аммо тақдир рафта будааст, ки ду духтари калонаш баъди ба шавҳар баромадану соҳиби яккӯдакӣ гаштан пай дар пай хонавайрон шуданд.
Модари бечора духтарони сиёҳбахташро тасалло медоду ба набераҳои аз падар зиндаятиммондааш нигариста, дарун ба дарун месӯхт.Духтари калон –Кибриё соҳиби духтарча буду духтари дуюм Зебӣ соҳиби писар. Хоҳарон ҳарду ҳам сарбориро ба модару бародар ҷоиз надида, қатори хоҳари хурдиашон ба кори колхоз баромаданд.
Кори колхоз, вазнину миёншикан буд. Хоса баъди даргириҳои дохилии Ватан дар колхоз техникаи корӣ намерасиду колхозчиён қариб ҳамаи корҳоро бо зӯру тавони бозӯ анҷом медоданд. Он вақт маоши онҳо низ бисёр ночиз буду баъзан моҳҳо маблағи кориро намедиданду ба ҷои маош ба коргарон халтае ҷав ё нахӯд медоданд.
Писари Собира-хола Қодир низ хонадор буду бо зану се фарзанд дар хонаи модар якҷоя зиндагӣ мекарданд.
Аз рӯзе, ки ду духтари хонадон номи бевазаниро гирифта ба хона баргаштанд, аз қошу қавоқи келинаш-Сайёра ба қавле барфу жола мерехт. Ӯ ба кӯдакони қайсингулҳо рӯи хуш намедоду мабодо агар кӯдакон бо ҳам ҷанҷол намоянд, онҳоро дар пеши хушдоман, ки баъди ба кор баромадани Кибриёву Зебӣ вазифаи нигоҳубини кӯдакон бар дӯшаш бор гашта буд, гӯштоб карда,бе ягон ибо шалоқ мезаду “сағераҳои бесоҳиб”-гӯён дурӯштзабонӣ мекард.
Собира-холаи бечора, “бачем, барои ҷанги кӯдакон айб аст, ки ин қадар дилсиёҳӣ кунӣ. Онҳо кӯдаканд, аз ин тараф ҷанҷол мекунанду аз дигар тараф дар як лаҳза оштӣ мекунанд”,-гӯён келинро ба муросо мехонд, вале ӯ аз зумраи он келинҳое набуд, ки гапи хушдоманро ду накунаду эҳтиромашро ба ҷой биёрад.
Ғаму ғуссаи хонавайронии ду духтар аз як тараф, нописандии келин аз тарафи дигар Собира-холаро, ки ҳамагӣ 56-сол дошт, мубталоӣ бемории қалб гардонд. Дили модар дард мекарду сӯзиш, лекин ӯ ба бемориаш диққат намедоду пайваста дар талоши он буд, ки мисли сипар духтари Кибриёву писари Зебиашро аз шаттаву шалоқи набераҳои писариву модари онҳо ҳимоя намояд.
Тирамоҳ поён ёфту боронҳои пай дар пай боис гаштанд, то ду духтарон бештар дар хона бимонанд. Дар хона мондани онҳо бошад ба қавле қиёматро қоим гардонд. Қариб ҳар рӯз байни келину духтарҳо бо баҳонаҳои ночиз ҷангу ҷанҷол мешуд. Аниқтараш келини шаттоҳ бо қайсингулҳо ҷанг мекофту боз худаш доду войкунон ҳаққу ҳамсояро дар хонаашон ҷамъ меовард.
Он рӯз ҳам ҳаво боронӣ буду дили Собира-хола аз шаб боз дарду сӯзиш мекард. Субгоҳон ӯ намози бомдодиашро бо як азобе хонда, аз духтари хурдиаш Лайло хоҳиш кард, ки халал нарасонанд, то боз ками дигар хобад.
Овози дарангу баранги бархӯрди зарфҳо зани бечораро аз хоб як қад парронда, бедор карду ӯ осемасар ба берун баромад. Келин ин навбат бо баҳонаи оби гарми кардаашро гирифтани Кибриё сатилро ба тағора мезаду кафлесро ба дег.
-Келин, айб аст, об будааст, боз гарм кунед,-гуфтани Собира-хола ҳанӯз то охир нарасида, ки келин ба додзанӣ даромад.
-Айб дар ин нест, айб дар он аст, ки ду духтари ту шавҳарро ӯҳда накарда, бо сағераҳояшон ба болоӣ ману кӯдаконам омадаанд. Лаънат ба ҳамин хел зиндагӣ, ки аз дасти ин ду беваву ду сағираи бесоҳибашон на хӯрданро дигар медонему на пӯшидану хобро...
Гӯшҳои хушдоман қулф заданд. Дарди ҷонкоҳи қафаси сина ӯро такон доду дигар мувозинаташро дошта натавонист ва мисли чанори якбора решагардон шуда гурсосзанон ба замин афтид...
(Идомаи қиссаро пагоҳ, соати 22.00 интизор бошед! )