Як бегоҳ Чаман бо ду нафар марди ҳузарб омада, фармон дод, ки ҳамин ҳоло хонаро тарк кунам. Ҳарчанд зорӣ мекардам, ки то субҳ сабр кунад, аммо ў рафту мардҳо таҳдид карданд, ки “агар ба хубӣ наравӣ, ҳозир либосҳоятро аз тиреза берун мепартоем!”.
Ман дигар илоҷ надоштам, либосҳои кўдакон ва ду-се кўҳнаколаи худамро ҷамъ кардаму дар сумкаҳо пур карда, берун баромадам. Ҷойи рафтан надоштам, ҳатто ба хонаи падар ҳам. Додари ягонаам, ҳатто дар тўяш маро хабар накарда буд! Рост ба ҷойи корам роҳ пеш гирифтам, писарам синфи се ва духтарам синфи як мехонданд, онҳо аз пушти ман хомўш равон буданд, ҷигарбандонамро зиндагии талхи модарашон кайҳо мард карда буду бузург. Дар истгоҳ интизори автобус будем. Ҳамин вақт мӯйсафеде дар даст як халтаи селофанӣ бо нону ҷурғот ҳозир шуду ба аҳволи зори мо нигариста, аз кисааш қанд бароварда, ба духтару писарам доду гуфт:
- Дар ин сардӣ куҷо равонед, офтобакҳо?
Писарам гўё бобояшро дида бошад, ба ў ҷафс шуда:
- Холаи Чаман моро аз хона ронд,- гуфту гирист…
Ман базӯр худамро дошта, Хуршедро ба оғўш гирифтаму ба мўйсафед гуфтам, ки “раҳмат падарҷон, аҳмият надиҳед”. Аммо мўйсафед ба ҷону ҳоламон намонда, вазъияти моро фаҳмида гирифту моро ба хонааш, ки як истгоҳ дуртар воқеъ будааст, бурд. Ҳамон шаб ў ба ман қиссаи зиндагияшро нақл кард, Арсен-бобо зодаи кишвари Асетия будаасту аз ҳаждаҳсолагӣ ба Тоҷикистон омада будааст. Ў ҳамсарашро ҳамин ҷо дафн карда, духтари ягонааш бо домодаш, ки эронӣ будааст, дар Канада зиндагӣ мекардаанд.
- Ман дигар аз ин ватан дил канда наметавонам духтарам, понздаҳ сол аст, ки танҳо зиндагӣ мекунам, кайҳо тоҷик шуда рафтаам, хонаи маро мисли хонаи худат дон, ман туро аз ҳамин рўз духтар мехонам. Кўдаконатро сарсону саргардон накун,- гуфт пирамард.
Ростӣ, ман ба ин гуна гардиши қисмат тайёр набудам, вале илоҷ ҳам надоштам. Писару духтарам зуд ба мўйсафед унс гирифтанд, вале ман як соли дароз бо тарсу ларз зиндагӣ кардам, ба одамон боварӣ надоштам. Падархондам панҷ вақт намозашро дар масҷид мехонд, аз ҳисоби тоҷикон дўстони зиёде дошт, ки ҳамаашон маро ҳурмату эҳтиром мекарданд. Ман ҳам то метавонистам, чун фарзанд хизмати ин марди шарифро мекардам. Бо маслиҳати падархондам ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шудам, бо азоб ҳам бошад, онро хатм кардам. Соноз - духтари падархондам ба ман мисли хоҳар меҳрубон буду дўстам медошт. Мо чанд бор ба хонаи ў рафтем ва онҳо ҳам ҳамроҳи шавҳари донишманду ду духтараш ба хабаргирии мо меомад. Баъди дувоздаҳ соли зиндагии ширину гуворо, падари азизи ман, «Хоҷаи Хизр»-и зиндагии ман оламро падруд гуфт. Писарамро хонадор кардему духтарам дар фотеҳа буд, ки ў баъди бемории кўтоҳмуддат аз олам гузашт. Чун дар ин муддат мо хонаи дигар ҳам харида будем, ў бисёртар бо келину писарам зиндагӣ мекард, зеро Хуршедро беҳад дўст медошт. Пас аз марги падархондам моиндарам ба фотеҳахонӣ омад, ҳол он ки то ҳамин рўз аз худашон дарак намедоданд, ӯ ғайричашмдошти ман гуфт:
- Мўйсафед аз ту чил сол калон ҳам бошад, шавҳарат буд, ман ба духтариву падарии шумо мурам ҳам, бовар надорам, аммо барои чизи дигар омадам. Розӣ шав, духтаратро ба писари додарам диҳем, ба ҳамин тариқ риштаҳои кандаи хешу табориро пайванд мекунем… Падархондам ба ман тарбияи дигар дода буду ман дигар он Афсонаи содаяк набудам, худро ба зӯр ба даст гирифта, ба моиндарам нигоҳ карда гуфтам:
- Якумаш, Худо шоҳид аст, ки як марди бегона барои ман мисли падар буд, баъдан ман риштаҳои кандаро бастанӣ нестам, хез дафъ шав аз ин ҷо, беваи шайтон, хез, ки ҳозир рўята сиёҳ мекунам.
Зани падарам мисли аҷинае, ки аз бисмиллоҳ метарсад, зуд аз назарам гум шуд. Аз он рўзҳо танҳо ёд мондааст, вале ман то метавонам ба мардуми дармонда ёрӣ мерасонам, баъзан Худованд туро аз ҷое медиҳад, ки умуман умедвор нестӣ.
АФСОНА
Нисо ХОЛИД