Гулрӯ ба суханони раиса гӯш дода, ба фикр фурӯ рафт. Ҳарчанд нафраташ нисбати шавҳараш зиёд мегардид, аммо намехост фарзандонаш ятим монанд. Ӯ дудила шуд.
Гулрӯ дилрешу дилхун ба хонааш баргашт, намехост бо касе гап занад. Дар ҳақиқат, дунё дар назараш торику беранг буд. Насиҳати раиси занонро гирифта, ин ҳодисаро ба касе нагуфт, чун кундаи тар дарун-дарун сӯхт. Ба рӯи шавҳараш нигоҳ кардан намехост. Як хонаи пур аз хандаву шодӣ барояш чун мотамхона гашта буд. Гулҳои бо ҳазор умед шинондааш дар рӯи ҳавлӣ на ранг доштанду на бӯй.
Ҳузури нодилхоҳи шавҳарашро маҷбур таҳаммул мекард…
Рӯзҳо, ҳафтаҳо, моҳҳо сипарӣ шуданд, аммо муносибати зану шавҳар чун ҳавои зимистон сард буд. Гулрӯ рӯз ба рӯз хазон мешуд. Ба беморие гирифтор шуд, ки ягон духтур онро муайян карда натавонист. Рафтори шавҳараш, ки аз аввала бадтар буд, ӯро бистарӣ кард.
Гулрӯ аз писари калонӣ хоҳиш кард, ки зудтар тӯйи писаронашро пеш гирад, чунки саломатии ӯ рӯз то рӯз бадтар мешуду беҳтар не.
Гулрӯ дар бистари беморӣ буду ду келини хушкардаи ӯро тӯй карда, ба ҳавлӣ оварданд. Аз гулӯи ӯ дигар об ҳам намегузашт.
Рӯзе раиси занон ба аёдати Гулрӯ омад. Гулрӯ дар бистари марг буд. Гулрӯ аз дидани муаллима шод гашта, аз ӯ хоҳиш кард, ки наздиктар шинад.
- Муаллимаҷон, бедухтарӣ душвор будааст, мехоҳам рози диламро ба келинҳо гӯям, андеша мекунам, ки оё онҳо маро мефаҳмида бошанд ё не, гарчи келинҳоям духтарони хубанд. Ман хато кардам, ки гапи шуморо гирифта ҳамон вақт хиёнати шавҳарамро бахшидам. Ин бахшиш бароям гарон афтод. Дар муддати як соли охир гулхани рашк маро сӯхт бе оташ дуд кардам. Хиёнат ва бадахлоқии шавҳарам маро ба бистари марг овард. Ӯ ба боғи орзуҳоям чун жолаи бераҳмӣ борид. Дирӯз ҷавони ҳамсояе, ки маро модар ва шавҳарамро падар мегуфту дар вақташ худамон хонадораш карда будем, ба хона даромада «Очаҷон, падарам занамро кашида гирифт, онҳо якҷоя зиндагонӣ доранд» гуфт.
Дидед, ин беимон ҳатто бо духтархондаш ҳамхоба шудааст…
Баъди се рӯзи ин суҳбат Гулрӯ бо аламҳои зиёд, бо дили пур аз дарду ғам аз хиёнати шавҳар дунёро падруд гуфт.
Фарзандон кӯшиш мекарданд ба рӯи падар нигоҳ накунанд, чунки онҳо нағз медонистанд, ки сабабгори марги модар хиёнати падар аст.
Баъди маитаро ба хок супурдан писари хурдии Гулрӯ ба чашмони падар нигоҳ карда, гуфт:
- Шумо модарамро куштед!
Падар гӯё акнун хатои худро фаҳмид. Ӯ дигар ба нигоҳи фарзандон тоб намеовард. Як умр нигоҳашро аз дунёи равшан, аз шуои офтоб, аз хандаи кӯдакон мегурезонд, чунки вазнинтарин гуноҳро содир карда буд, ки номаш хиёнат аст.
Гулчеҳра МУҲАММАДИЕВА