Formula novemver 2024
Вохўрӣ бо «Хоҷаи Хизр» (ҚИСМИ 1)
1164

Субҳи барвақт даҳ фатири қат-қат пўхта, ба сўйи бозор равон шудам. Ҳарчанд ҳамшираи шафқатаму дар беморхонае шабу рўз кор мекунам, аммо барои додани пули иҷораи хона, хўрду хўроки писару духтари мактабхонам намерасад ва дар ин мавридҳо ҳунарам ба кор меояд.

Ёд дорам, очаҷонам ҳар гоҳи маро сари сурфа шинонидан, мегуфт:

- Аввал бигў, бисмиллоҳи раҳмони раҳим, дасти ман не, дасти Бибӣ Фотимаи Заҳро, дасти бибиву бибикалонҳоям, ҳар кӣ аз ин хўрокҳои пўхтаи ман мехўрад, савобаш ба ҳафт пуштам расад.

Баъд очаҷонам ба ман тарзи тайёр намудани навъҳои гуногуни мантуву тушбера, барак, угрову оши туппа ва фатирро омўзонд. Чун ба шавҳар баромадам, аз рўйи ин ҳунарҳои хуби занонаам ҳамеша раҳмат мешунидам, хусуру хушдоманам дўстам медоштанд, аммо дили шавҳарамро наёфтам. Дурўғ будааст он панде, ки мегўянд, роҳ ба дили мард аз меъдаи ў оғоз меёбад. Дили ҳамсарамро як раққосаи тўйгард бурду ў аз баҳри ману ду фарзанди дилбандаш, ҳатто муносибатҳои хуби падару модараш гузашта, дунболи ў рафт. Дар ҳавлии хурдакаки хушдоман мо се зани ҳевар зиндагӣ мекардем. Ростӣ, ман ҷойи гармамро хунук карданӣ набудам, вале ҳамеша гўшонаам мезаданд, ки “шавҳарат туро партофтааст, чаро ин хонаро тарк намекунӣ?” Кор то ҷое расид, ки занҳои ҳеварам маро бо шавҳаронашон, ки ман онҳоро мисли додаронам медонистам, рашк мекарданд ва билохира, хонаи бахтамро тарк кардам. Бале, хонаеро тарк намудам, ки ба хотири хушбахтӣ ба он қадам монда будам, вале бахтро надидам.

Ба хонаи дуҳуҷрагии волидонам багаштам. Модарам бемор буд, як соли дароз беморбонӣ кардам, мо дар оила ду нафар будем, ману додаракам. Додарам он замон донишҷў буду дастгиру мададгори ман, падарам дар як корхона муҳосиб буд ва пули ёфтаашро барои табобати модарам ва зиндагонии мо сарф менамуд. Дарди қаттол модарамро дар синни чилу ҳаштсолагӣ аз мо гирифт, шабу рўз мегиристам, вале ба хотири фарзандони кўчакам ба кор даромадам. Падарам баъди як соли гузаштани модарам ҳаваси зани нав кард. Ростӣ, чизе нагуфтам, ҳамсари нави модарам ҳамроҳаш як духтари синфи ёздаҳ дошт, муносибати мо то он даме хуб буд, ки Рухшонаро баъди хатми мактабаш ба Донишгоҳи тиббӣ дохил карданду ба додарам Барот номзад намуданд. Дигар ҷойи маро дар ин хона модару духтар ва баъдҳо додари меҳрубонам танг мекарданд. Оқибат як рўз маҷбурам карданд, ки фарзандонамро гирифта, тарки хонаи падарӣ кунам. Моиндарам зулфони сиёҳи рангмолидаашро зуд-зуд паси гўш карда, дандонҳои тиллояшро намоиш дода, таънаам мезад:

- Фарзандони ту падар доранд, бигузор ғами онҳоро падарашон бихўрад, ту сағираҳои як каси дигарро чаро ба сари мо бор мекунӣ?!

Ман дар ҳайрат мешудам, ки дар як муддати кўтоҳ азизони ман бо ин зану духтари таннозаш дӯст шуданду маро дар ин ҳалқа ҷой набуд. Бо ёрии як ҳамкорам дар ошёнаи нўҳуми як бинои нўҳқабата хонаи кўҳнаи ифлосеро ёфтаму иҷоранишин шудам. Баъзан фикр мекунам, ки шояд дар ҷаҳон мисли ман бадбахте набошад, ба ҳар нафаре, ки хубӣ кардам, ба хубиҳоям туф кард. Ҳамин зане, ки хонаашро ба ман иҷора дод, аз қабили ҳамин гуна инсонҳо буд. Ғайр аз он ки барои хонаи ифлоси вайронааш пули хубе талаб мекард, мани тозакор боз ба қадри тавон онро таъмир ва барои зиндагӣ коршоям кардам. Боре Чаман барои гирифтани пули иҷора омад ва гуфт:

- Барои ин хел хона пули додаи ту кам аст, Афсонахон!

Ман бо ҳайрат ба ў нигариста гуфтам:

- Охир, ин хонаро ман ба тартиб овардам,- ва соҳиби хона қаҳр карда, баромада рафт.

Акнун на вақтҳои бекорӣ, балки ҳар субҳи барвақт пеш аз кор рафтанам фатирҳои шаб пухтаамро бурда, ба бозор медодам, то ин зани ҷоҳил маро аз хонааш наронад, дар ин тирамоҳи сард ба куҷо ҳам мерафтам, аммо…

(Давом дорад)

АФСОНА

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД