Ҳазли хунук
Ҷасади кампирро баъди ҷаноза кардан бо тарсу ларз ба хок супурда, ба арвоҳаш дуову фотиҳа хонда, аз водии хомӯшон баромадем. Калонсолон пештару мо - ҷавонҳо аз пасашон оҳиста-оҳиста қадам мезадем. Чеҳраи ҳама гиреҳбаста ва табъашон хира буд.
- Дилам ба момаи Ашўрбӣ месӯзад, аз Мункар ва Накир пештар ба сараш мурдахӯр меомадагист,- ҳазли ноҷо намуд ҳамсинфам Зафар, ки табиатан ҷавони шӯху бебоке буд.
Аз афташ пичир-пичири мо ба гӯши домулло расид, ки пас гашта, норозиёна ба сӯйи мо нигарист. Падари Зафар шарм дошта, писарашро коҳиш намуд:
- Аҳмақ, ҳеҷ аз ҳамин шӯхиҳои аблаҳонаат намондӣ-да!
- Рамшед, камтар ист, ман ба ту гап дорам,- даҳонашро қариб ба гӯши ман часпонида, пичиррос зад Зафар.
Ман бо аломати ризо сар ҷунбондам…
Вохӯрӣ бо мурдахӯр
- Рамшед, биё имшаб мепоем, ки мурдахӯр ба шикори мурдаи момаи Ашўрбӣ меояд ё не?,- пешниҳод кард Зафар.
Ин таклифи ҷӯраам бисёр хавфнок бошад ҳам, ҳисси кунҷковӣ маро ба қабул карданаш водор сохт.
Шабона, баъди хобидани ҳама пайвандонамон мо - чор ҷӯраи ҷонӣ фонарикҳо дар даст ҷониби водии хомӯшон равон шудем. Тарс дар ҳақиқат душмани азиме будааст, ҳатто садои алафи зери поямон ҳам дасту пойи моро ба ларза медаровард, вале худро мард гирифта, аз роҳамон нагаштем.
Аз байн қариб як соат гузашт, вале ҳанӯз аз мурдахӯр дарак набуд.
- Ба фикрам ин овозаю ҳангомаҳо ҳамаашон танҳо гапи хушку холӣ, на ягон хел мурдахӯр ҳасту на мурдадузд, хезед ба хонаҳоямон меравем,- дилтанг шуда гуфт Хусрав.
Нав майли аз ҷой бархостан карда будем, ки Зафар нидо кард:
- Бачаҳо ба он тараф нигаред, ана аз тарафи қабри момаи Ашўрбӣ ким-чихел як ҷонвар баромад…
Ҳама ба ҳамон самте, ки Зафар ишора карда буд, нигаристем.
- Ба фикрам рӯбоҳ аст,- тахмин намуд Файзалӣ.
- Не, рӯбоҳ нест. Рӯбоҳ ин қадар калон намешавад, ба ғайр аз ин, манаҳаш бисёр дароз менамояд,- сар ҷунбонд Зафар.
- Шағол будагист,- ҳадс задам ман.
- Шағол ҳам нест, ким-кадом ҳайвони дигар. Ман чунинашро дар умрам бори аввал мебинам,- рад кард ҷӯраам.
Ин дам мурдахӯр самти ҳаракаташро якбора тағйир дода, рост ба тарафи мо равон шуд.
- Гурезад! Гурезед, ки мехӯрад,- ҷонҳавл фиғон кашид Хусрав, ки то ин дам ба баҳсу мунозираи мо бефарқ менигарист.
Бачаҳо ҷонҳавл рӯ ба гурез ниҳоданд, вале маро гӯё барқ зада бошад, мадори аз ҷой ҷунбидан надоштам. Мурдахӯр туъмаи навбатиаш дар даҳон рост ба сӯйи ман меомад.
РАМШЕД
P.S. Ин ҳодиса дар яке аз деҳаҳои дурдасти кишварамон ба амал омада, барои ба иззати нафси қаҳрамонҳои асосӣ нарасидан, номҳояшон иваз карда шудааст.