Беҳуда нест, ки театрро оинаи зиндагӣ меноманд. Санъати театрӣ яке аз ҳунарҳои асилест, ки садсолаҳо инҷониб барои бою ғанӣ гаштани ҷаҳони ботинии инсоният хизмат мекунад.
Театр дар ташаккули маънавиёти ҷомеъа нақши бузург дорад, зеро дар саҳнаи театр фалсафаи рӯзгори инсон ба таври зинда таҷассум меёбад. Дар саҳна ҳаёти табақаҳои гуногуни ҷомеаро бо ҳама пастию баландиҳояш тасвир намуда, ҳунармандон аз забони қаҳрамонони худ мушкилоти доғи ҷомеаро баён менамоянд. Аз ҳамин хотир тез-тез ба театр рафтан ва пайваста намоишномаҳои театриро тамошо кардан барои тамоми табақаҳои ҷомеа, махсусан вазирону кабирон ва дигар шахсони масъул, ки ба ҳалли мушкилоти мардум муаззаф мебошанд, хеле муфид аст, зеро театр чашми инсон мекушояд.
Замони Шӯравӣ ба театр рафтан анъанаи неке буд, ки аз хонандаи мактаб то роҳбарони сатҳи олӣ онро ҳамеша риоя ва иҷро мекарданд. Тавре ки насли калонсол нақл мекунанд, дар даврони СССР аз ҳама бештар донишҷӯёни макотиби олӣ ва роҳбарони ҳизбӣ ба тамошои театр мерафтаанд. Дар нахустнамоиши намоишномаҳои театрӣ ҳамеша роҳбарон дар қатори пеш менишастанд ва ин як навъ тарғиби санъати театрӣ буда, дигаронро низ барои рафтан ба театр талқин менамуд.
Имрӯз чӣ? Оё имрӯз вазирону кабирон ба тамошои театр мераванд? Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон Асалбек Назриев, ки тамоми умри пурбаракаташро барои рушду нумӯъи театри тоҷик бахшидааст, дар сӯҳбат бо журналистон гуфтааст, ки аз байни роҳбарон Саймумин Ятимов, Рамазон Раҳимзода ва Шералӣ Мирзо тез-тез ба театри Лоҳутӣ меоянд.
Дигарон чӣ? Аз роҳбарон боз киҳо ба тамошои театр мераванд? Дар замони муосир, ки аксари мардум танҳо дар фикри ғановати иқтисодӣ ҳастанд, киҳо барои ғановати дунёи маънавии худ ва ҷомеа талош меварзанд?