Салому дуруди бепоёни худро ба кулли ҳамватанони азиз мерасонам. Ман Бибиҷон, аз шаҳри бостонии Панҷакент мехоҳам қиссаи зиндагии худро нақл кунам, то ба тамоми падарон дарси ибрат гардад.
Аз хурдӣ дар хонаи бобову бибӣ тарбият ёфтаам. Шояд хонандагони азиз гумон кунанд, ки ман ятимдухтарам, вале дар асл ин тавр нест. Падарам зиндаву саломат аст, аммо ман мисли ятимакон ба серӣ рӯйи падарамро надидаам. Хеле хурд будам, ки падарам ба зиндон афтид.
Албатта, ҳар як кӯдак мехоҳад дар оғӯши гарми волидонаш ба воя расад ва мани кӯчакро низ тез-тез хумори рӯйи падар гирифта, гиря мекардам, ки чаро ҳама додо доранду додои мо ба хонаамон намеояд. Ҳамин тавр ҳашт соли дароз рӯз мешумурдам, ки кай падарам ба озодӣ мебаромада бошад...
Вақте ки падарам аз маҳбас озод шуд, шодии маро ҳеҷ интиҳое набуд. Ёдам ҳаст, ки он рӯз худро ба оғӯши падар андохта, аз хурсандӣ гиря кардам. Шод будам, ки рӯзҳои сиёҳи хонаводаи мо ба поён расида, минбаъд ҳама сафу ҷамъ, хушбахту масрур зиндагӣ мекунем, аммо...
Ин хушбахтӣ дер давом накард. Падари носипосам ба ишқи поки модари меҳрубонам, ки содиқона 8 соли дароз ӯро интизор шуда буд, хиёнат карда, дар болояш зани дуюм гирифт. Дертар фаҳмидем, ки падарам дар шаҳри Душанбе бо як зани аз модарам ҷавонтар шинос шудааст ва он зани маккора ба хотири фарзанддор шудан, оиладор будани падарамро дидаву дониста, бо ӯ никоҳ карда, хонадор шудааст.
Вақте ки хабари зангирии падарам ба гӯшаш расид, модари зорам барои марде, ки қадрашро надониста, ишқи ӯро зери по карда буд, мисли ҳезуми тар дарун ба дарун сӯхта, рӯз то бегоҳу шаб то саҳар зор-зор гиря мекард. Моро партофта рафтани падарам қаноти маро низ шикаста буд.
Бе падар дунё дар назарам тираву тор гашта, зиндагӣ рангу бӯяшро гум кард. Ман-духтари падардори бе падар худамро ба мисли чӯҷаяки гунҷишке эҳсос мекардам, ки пару болашро шикаста, рӯйи роҳ партофтаанд. Гиряву нолаҳои модари бадбахтам як ғами маро сад ғам гардонида, ба захмҳои дилам намак мепошид...
Бо ҳамин минвол солҳо гузаштанд ва падарам аз зани наваш соҳиби ду фарзанд шуд. Рӯзе дар кӯча бо падарам вохӯрда, зорикунон гуфтам:
- Дадаҷон, ман аз фарзандони зани дуюматон чӣ камӣ дорам, ки ману модарамро партофта рафтед?! Ҳоло ҳам сари вақт аст, баргардед ба хона, охир чизе дар дунё ҷойи бахти аввалро гирифта наметавонад. Падарам нигоҳашонро гурезонида, зери лаб нимғурма “акнун дер шуд” гуфтанд, вале ман ба ҷону ҳолашон намонда, зорию тавалло мекардам, ки “падарҷон, биёед ба хона равем, модарам шуморо мебахшад ва боз ҳамакаса хушу хурсандона зиндагӣ мекунем”, вале... Падарам асабӣ шуда, дод зад, ки ман дигар бо шумоён, яъне модарат ва туву апаат зиндагӣ кардан намехоҳам.
Бо шунидани ин суханони талх аз забони падар дилам ба мисли шишае, ки аз зарби санг пора-пора мешавад, шикаста об аз дидагонам шорид. Бо сари хам аз назди падарам дур шудам. Эҳсос кардам, ки ин мард акнун барои мо тамоман бегона шуда, дар дилаш заррае меҳру муҳаббат намондааст.
Дилам аз ҳама бештар ба додаракам месӯхт, чунки вай падарамро аз ҷонаш бештар дӯст медошт. Замоне, ки падарам ҳамроҳамон мезист, шабҳо додаракам то аз кор омаданаш хоб накарда, роҳи падарамро мепоид. Зани дуюм гирифта, моро тарк кардани падарам барои додарам зарбаи ниҳоят сахт гашта, ҳеҷ ба худ омада наметавонист ва ман бештар аз ҳамин хотир мехостам падарам ба хона баргардад, то ки додаракам дубора оромиш ёбад, аммо хаёлам хом баромад...
Хуллас, ҳамин тавр падарам мо-фарзандонашро гӯё аз ёд бароварда, бо зани дуюмаш ва бачаҳои ӯ орому бароҳат зиндагӣ карда истодааст. Албатта бе падар ҳам мо рӯзамонро гузаронида истодаем, вале коре, ки падарам кард, ҳаргиз аз ёди ман намеравад.
Падарамро на дар ин дунё ва на дар дунёи дигар ҳаргиз намебахшам, зеро ба хотири як зани бегона шуда, ин мард мо-фарзандони ҷону ҷигарашро, ки аз хуни ӯ ҳастем, зери по карда, дар чорсӯйи зиндагӣ танҳову зор монда рафт.
Қиссаи талхи зиндагиамонро ба он хотир нақл кардам, ки ба дигар падарон дарси ибрат гардад ва ҷигарбандонашонро дар нимароҳи зиндагӣ танҳо гузошта, аз паси зани дигар нараванд. Барои зани дуюм шуда, фарзандонатонро зиндаятим насозед падарон, чунки оҳи дили фарзанд як рӯз не, як рӯз падари фарзандбезорро мегирад!
Бибиҷон, аз шаҳри Панҷакенти бостонӣ