Ғусл
Ғусл кардан дар хоб нишонаи тавбаву надомат ва қарзи худро дар назди Оллоҳ иҷро кардан аст. Нафаре, ки дар хобаш дар фасли зимистон дар оби сард оббозӣ мекунад, дучори мушкиливу бадбахтӣ мегардад, агар оби ғусл ҷӯш бошад, фоидаву даромади пулӣ ба даст меорад ва аз бемориҳо шифо меёбад. Агар шахсе дар хоб ба хотири ҳаҷ кардану дохили Макка шудан ғусл кунад, ин хоб шаҳодати хурсандиву нишот, вохӯрӣ бо нафаре, ки дергоҳ ҳузур надошт ва пардохти қарз аст. Рафту нафари бемор дар хобаш оббозӣ карда, либоси нав пӯшад, Оллоҳ шифояш мебахшад, рафту қарздор бошад, қарзашро бо кӯмаки Оллоҳ пардохт мекунад. Агар шахси чунин хобдида дар маҳбас бошад, аз зиндон озод мегардад, рафту ташвише ба сар дошта бошад, Оллоҳ ӯро аз ғаму ташвиш раҳо мебахшад, агар алҳол ҳаҷ накарда бошад, ҳаҷ мекунад, агар камбизоат бошад, Парвардигор ӯро ба сарватмандӣ мерасонад. Нафаре, ки дар хобаш баъди оббозӣ либоси куҳнаро ба бар мекунад, ғаму андуҳаш рафъ мегардад, вале камбизоат мегардад. Дар хоб миёни одамон оббозӣ кардан маънои муваффақият ва фоида ба даст овардану баъдан ғорат шуданро дорад. Шахсе, ки дар хобаш оббозиро сар мекунаду ба охир намерасонад, дар зиндагӣ ба мақсад намерасад.
Тамокукашӣ
Тамокукашӣ дар хоб нишонаи хатару ҳаяҷон аст. Нафаре, ки дар хобаш чилим мекашад, шуҳрат ба даст меорад. Дар дасти худ чилимро хоб дидани нафаре, ки ягон чизи худро гум кардааст, маънои онро дорад, ки шахси чунин хобдида чизи гумкардаашро пайдо мекунаду сухани хуб мешунавад.
Мурғ
Мурғ дар хоб духтари зебо, вале сабукфикру беандеша аст. Дар хоб мурғро қапидан маънои пули ҳалол ба даст оварданро дорад. Марде, ки дар хобаш мурғ мекушад, бо духтари бокира издивоҷ мекунад. Ҷамъ кардани парҳои мурғ дар хоб нишонаи ба даст овардани пулеро дорад, ки боақлона сарф мегардад.
Кабк
Кабк дар хоб аз шиносоӣ бо зане шаҳодат медиҳад, ки хеле мағрур ва ҳавобаланд асту ба асаби шахси хобдида мерасад. Истеъмоли гӯшти кабк дар хоб нишонаи харидани либоси нав аст. Зани бемор дар хобаш гӯшти кабк истеъмол намояд, фарзанде ба дунё меорад, ки ҷасуру номдор ба воя мерасад.
Газидан
Газидан дар хоб маънои қаҳру ғазабро дорад. Агар нафареро хоб бинед, ки аз хашм ангушт мегазад, пас ин шахси бадқаҳрест. Агар шахси хобдида ангуштони худро мегазида бошад, пас дар бедорӣ пушаймон мешавад.
Ошхона
Ошхонаи тозаву озода зани тозакору бовиҷдон аст ва баръакс. Агар дар хоби мард ошхона бӯйи бад мекарда бошад, эҳтиёт шуданаш лозим аст, зеро занаш ӯро фиреб кардан мехоҳад. Дар ошхона хун хоб дидан ҳайзи зан аст.
Дӯкон
Дӯкон дар хоб зану фарзандон, ҳаёту марг, дороӣ ва давлат аст. Баъзан дӯкон дар хоб ба маънои падару модар меояд, зеро бо шарофати волидон мо ба дунё омада, ба воя мерасем. Ҳама гуна беҳбудӣ ё харобот, бузургшавӣ ё хурдшавии дӯкон ба шахси хобдида дахл дорад. Нафаре, ки худашро дар дохили дӯкон хоб мебинад, хушиҳои дунё насибаш мегардад.
Хазидан
Дар хоб болои дарахте баромадан вазъи хизматии шахси хобдидаро таҷассум менамояд.
Чароғ, чароғпоя
Дар хоб дидани чароғ равшании қалб, имони қавӣ, ба мақсад расидан аст. Мегӯянд, ки чароғ дар хоб муждаи тавлиди писари хушахлоқ аст, ки дар оянда тоҷири саховатманде мегардад. Дар хоб дидани чароғи фурӯзон пешравии касбу кор асту чароғи хомӯшгашта нишонаи бебарориҳо аст. Хоб дидани чароғи фурӯзон дар дохили масҷид нишонаи шиносоӣ бо донишманди китоби Қуръонро дорад. Чароғи хомӯшгашта дар хоб шаҳодати марги ин донишманд аст. Чароғ дар хоб барои шахси муҷаррад издивоҷ асту барои нафаре, ки бемор аст, рамзи шифоёбӣ маҳсуб меёбад. Рафту равшании чароғ хира бошад, чунин хоб нишонаи бадбахтӣ аст.
Фароштурук
Фароштурук дар хоб шахси хеле меҳрубону бобаракатест, ки дар хизмати Оллоҳ қарор дорад. Чаҳ-чаҳи фароштурук дар хоб панду насиҳат шунидан аст. Аслан садои паррандагон дар хоб бояд ҳамин гуна таъбир карда шавад ва он аслан аз беҳтар гаштани мавқеи инсон далолат медиҳад. Нафаре, ки фароштурукро дар хонаи худ ё дар парвоз хоб мебинад, пули ҳалол ба даст меорад. Агар дар хоб фароштурукҳо аз хона парида раванд, нишонаи вохӯрӣ бо наздикон ё шунидани хабари хуше аст, ки ба касбу кор вобастагӣ дорад. Дар хоб фароштурукро қапидан маънои бевиҷдонона пул ба даст оварданро дорад.
Мурғи қу
Мурғи қу дар хоб нишонаи дороии бо роҳи ҳалол ба даст овардашуда аст.
Шер, ҳайвоноти ваҳшӣ
Шеру ҳайвоноти ваҳшӣ дар хоб нафарони бе имону бе дине ҳастанд, ки аз ҷамоат дур гаштаанд. Хоб дидани шер боз ба нафаре ишора мекунад, ки соҳибқудрат аст ва ба дигарон фишор меорад. Дар баъзе ҳолатҳо шер дар хоб нишонаи ҷоҳиливу ҷаҳолат, такаббур, худписандӣ, хӯрдагириву айбҷӯӣ ва кибр аст. Боз мегӯянд, ки шер дар хоб таҷассумгари душмане аст, ки аз дасташ ҳар кор меояд. Нафаре, ки дар хобаш ба шер мубаддал мегардад, дар бедорӣ золиму ситамгар мешавад. Дар хоб ба болои шер нишастан маънои бобарор анҷом ёфтани корҳои мушкилро дорад. Куштани шер дар хоб аз дарду ғам раҳо гаштану ба зиндагии тинҷу осуда расидан аст. Дар хоб аз шер гурехтан аз бадбахтии даҳшатнок наҷот ёфтан аст.
Ях
Ях дар хоб хосияти хуб надорад, он нишонаи бебарорӣ, ташвиш ва талафот аст.
Доруворӣ
Нафаре, ки дар хобаш дору истеъмол мекунад, дар сурате, ки дорувориро бо осонӣ фурӯ барад, ҳамеша солим мегардад. Бо душворӣ истеъмол намудани дору дар хоб аз хурӯҷи бемориҳо дарак медиҳад. Умуман дидани ҳама гуна доруворӣ дар хоб ба ягон беморӣ ишора мекунад. Дар хоб ба нафаре сӯзандору гузаронидан маънои ба зиндагии покиза ва бегуноҳ рӯ овардан аст. Баъзеҳо бар онанд, ки чунин хоб нишонаи ба қаҳру ғазаб гирифтор шудани шахси хобдидаро таҷассум мекунад. Ба бинӣ чаконидани дору дар хоб асабоният аст.
Катон
Дар хоб либоси катонӣ ба бар намудан маънои пули ҳалол ба даст оварданро дорад.
Ҷангал
Дар хоб дар ҷангал қарор доштан нишонаи пешравӣ ва беҳбудӣ аст. Нафаре, ки дар хобаш дар ҷангал роҳгум мезанад, бемории ошкорнашуда дорад.
Зина, нардбон
Зина дар хоб нишонаи расидан ба шуҳрат ва пешравиҳо аст. Нафари дар сафар қарордоштае, ки дар хобаш аз зинаҳо поин мешавад, дар бедорӣ аз сафар бармегардад, рафту шахси чунин хобдида сарвари кишваре бошад, аз вазифа сабукдӯш мегардад. Дар хоб бо зина боло баромадан маънои дар зинаҳои дини ислом боло рафтанро дорад. Аз зинаҳои аз хишти сиёҳ сохташуда боло баромадан шуҳрати ҷаҳонӣ ба даст овардан ва бо шарофати корҳои хайру садақа иззату эҳтиром ба даст овардан аст. Дар хоб бо зинаи хиштҳояш сурх, кабуд ё чӯбин боло шудан, маънои мунтазам ба иззату икром расиданро дорад. Бо зина дар хоб боло баромадан нишонаи бурдборӣ ва комёбӣ дар касбу кор аст. Дар хоб зинаро то охир баромадану дар ҷои шинос қарор ёфтан, маънои ба даст овардани фоида ё саёҳати бобарорро дорад. Зинаҳоро баромада, ба хонаи зебову шинос ё толор ворид гардидан дар хоб маънои онро дорад, ки зиндагии сипаринамудаи шахси чунин хобдида дуруст буд ва руҳи ин нафар баъди маргаш ба биҳишт ворид мегардад. Аз зинаҳо поин шудану дар ҷои шиносе қарор гирифтан дар хоб маънои аз мушкилиҳои зиндагӣ раҳо шуданро дорад. Хобе, ки дар он инсон аз зинаҳо поин шуда, ба ҷое ношиносе ворид мегардад, маънои онро дорад, ки умраш ба охир расидааст ва ҳар як зинаи поиншуда маънои солҳои аз сар гузаронидаи инсонро дорад. Дар хоб дидани зинаи тиллоӣ нишонаи нек аст, зинаи мисӣ лаззати зиндагӣ, зинаи нуқрагин нишонаи зино, зинаи чӯбин рамзи дурӯягӣ аст. Обрӯву нуфузи нафаре, ки зинаи чӯбинро хоб мебинад, баробари бадҷаҳлияш байни мардум баланд мегардад.
Хушомад
Хушомадзанӣ дар хоб барои нафаре, ки дар бедорияш чунин одат надорад, нишонаи шармандагиву таҳқир аст.
Паридан
Паридан дар хоб нишонаи ба сафар баромадан аст. Нафаре, ки дар хобаш мепарад, одати орзу карданро дорад. Эҳтимол орзуи шахси чунин хобдида амалӣ гашта, хушбахтии оилавӣ насибаш мегардад.