Саида Муродова сокини нҳияи Ёвон буда, бо истеҳсоли қурутҳои замонавӣ машғул аст. Пештар Саида дар хона аз ширу чаккаи говҳои худаш қурут тайёр карда мефурӯхт, вале бо мурури замон ин зани кордон рову равиши корро омӯхта, ба истеҳсоли қурутҳои замонавӣ машғул шуд.
Айни замон ӯ бо кӯмаки дастгоҳҳои муосир аз чаккаи хонагӣ қурутҳои замонавӣ тайёр карда, пешкаши муштариён месозад. Тавре ки Саида дар сӯҳбат бо мо гуфт, аслан бовар надошт, ки як дастгоҳ метавонад кори инсонро то ин дараҷа сон намуда, кори якрӯзаи чанд коргаррро дар як соат анҷом дода метавонад, вале баъди он ки соҳиби дастгоҳҳои замонавии истеҳсоли қурут гашт, сифати маҳсуло т ва даромадаш аз истеҳсли қурут ба маротиб афзуд.
“Як дастгоҳ кори 4-5 соатаи ба даст анҷом медодаро дар 1 соат тамом мекунад. Мо 4 дастгоҳи махсуси қурутистеҳсолкунӣ дорем, ки натанҳо дар истеҳсоли қурут, балки дар бастабандии он низ ёрӣ мерасонад”-мегӯяд Саида Муродова.
Қурутҳое, ки дар коргоҳи апаи Саида бо кӯмаки дастгоҳҳои муосири замонавӣ истеҳсол карда мешаванд, ба талаботи сатандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй буда, ин қурутҳоро бо дили пур натанҳо дар дохил, балки дар хориҷи кишвар низ ба савдо баровардан мумкин аст.
Пештар Саида Муродова аз ширу чаккаи говҳои худаш қурут истеҳсол мекард, вале акнун доираи истеҳсолоташ васеъ гашта, аз дигар занҳо низ чакка мехарад.
Тавре, ки ин бонуи соҳибкор мегӯяд, дар оғоз ҳамагӣ 3-4 нафар бо онҳо ҳамкорӣ мекарданд, имрӯз 15-20 зани маҳаллӣ чакаашонро ба ин корхонаи истеҳсоли қурут пешниҳод мекунанд ва натанҳо Саида Муродваю зердастонаш, балки ин занҳои деҳотӣ низ бо шарофати ҳамин корхона манбаи хуби даромад пайдо кардаанд.