Formula novemver 2024
Ҳунарпешаи турк бинобар «коронавирус» дар Эрон дармонд
1387

Илайда Акдоған, ҳунарпешаи 21-солаи турк чанде қабл бо мақсади дидани баскетболбози маъруфи эронӣ Роҳам Кабир, ки бо ҳам муносибатҳои ошиқона доранд, ба шаҳри Теҳрон сафар карда будааст.

Вақте Илайда ба Эрон расиду дӯстписарашро дид, дар кишвар бемории «коронавирус» якбора хуруҷ карду ҳама ба воҳима афтоданд ва ҳатто чандин нафар бар асари ин беморӣ фавтиданд. Ӯ хост, ки фавран ба Туркия баргардад, вале парвозҳо аз Эрон ба самти Туркия аллакай лағв шуда буданду роҳи бозгашт вуҷуд надошт. Ҳамин тавр, Илайда дар Эрон дармонд ва ҳоло бо Роҳам дар хонаи ӯ зиндагӣ доранд. Ҳунарпеша бо нашри акси худу дӯстдоштааш дар саҳифаи Инстаграмаш навиштааст, ки дар карантин қарор доранд ва ҳолашон хуб аст.


ЭРОНИБАЧАИ КОРОНАВИРУС БЕЛОРУСҲОРО ТАРСОНД


Онҳо ба хотири сироят наёфтан ба «коронавирус» аз хона намебароянд ва рӯзи худро ҳамроҳ дар хона паси сар мекунанд. Илайда аз ин фурсати муносиб самаранок истифода бурда, ба омӯзиши забон ва хати форсӣ шурӯъ кардааст. Дар ин кор ба ӯ ошиқаш Роҳам Кабир кӯмак мекунад. Илайда ва Роҳам як сол мешавад, ки бо ҳам муносибатҳои ошиқона доранд. Илайдаро тамошобинон бештар аз филми «Моҳи пурра» («Полнолуние») мешиносанд ва мухлисаш ҳастанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД