arzon replenishment
Мансури эронӣ духтари тоҷикро ба занӣ гирифту....
6696

 

Саломи худро ба нафароне мерасонам, ки ҳафтаномаи «Оила»ро ҳар ҳафта мутолиа мекунанду аз панду насиҳати хонандагони сершумори он дарси ибрат мегиранд.

Ман аз шумораи он бонувоне ҳастам, ки гумон мекунанд қиссаҳои ин ҷаридаи дардошно бофтаву сохта бошад. Бовар кунед, то рӯзе, ки дар дил ғам надоштам, ба ягон ҳарфу каломи ҳафтаномаҳо бовар надоштам. Вале ҳодисае, ки ба сари мани ҷавону беақл омад, ҳақиқати талхи зиндагии ману шумо аст ва онро бо оби дида манзури шумо мегардонам. Мақсадам аз навиштани ин ҳодиса дар он аст, ки духтарони ба мисли ман дар орзуи пулу мол ва шавҳари сарватманд дар зиндагӣ ба хатоҳои тақдирсӯз роҳ надиҳанд.

Шавҳари хориҷӣ

Вақтҳои охир шумораи духтароне, ки мисли ман орзуи шавҳари хориҷӣ карданро доранд, рӯз аз рӯз меафзояд. Ман ҳам аз забони дигарон дар бораи зиндагии шоҳонаи хориҷиён бисёр шунида будам, вале вақте ки як ҳамкорам тавассути шабакаи интернет шавҳари хориҷӣ пайдо намуда, дар муддати кӯтоҳ ба хориҷа сафар намуд, дар дили ман ҳам орзуи шавҳари хориҷӣ кардан пайдо шуд. Ҳар дафъае, ки ҳамкорам аксҳои дар хориҷа бо шавҳараш гирифтаашро ба ман ирсол менамуд, ба хушбахтиву зиндагии шоҳонаи ӯ ҳавасам меомад. Дар пайравӣ ба ҳамкор ва дугонаи худ, ман ҳам ба яке аз сомонаҳои машҳур номнавис шуда, аксҳои беҳтарини худро дар он гузоштам. Азбаски духтари хеле зебову хушқаду қомат ҳастам, дарҳол ба аксу саҳифаи ман мардону ҷавонони зиёде мароқ зоҳир мекардагӣ шуданд. Аз миёни мардоне, ки ба ман таваҷҷуҳ доштанд, ман ҳамонеро интихоб намудам, ки соҳиби хонаи қасрмонанд, чандин мошин ва суратҳисоби бонкӣ буд. Мард Мансур ном дошта, эронӣ ва синну солаш ба 50 расида буд. Ман бошам, нав ба синни 28 қадам мегузоштам. Ба синну солаш нигоҳ накарда, Мансур хеле ҷавон менамуд ва мо дар як муддати кутоҳ ба ҳам унс гирифтем.

Фотеҳа ва издивоҷ

Баъди чанд моҳи мукотиба Мансур ба ман пешниҳоди вохӯрӣ намуд, вале ман намехостам, ки маро фиреб карда, дар нимароҳ партояд, аз ин рӯ, рӯирост гуфтам, ки маро бояд аз модарам хостгорӣ намояд. Мансур розӣ шуд, ки бо ирсол намудани маблағи калони пулӣ ва як ангуштарии брилиантӣ маро хостгорӣ намояд. Модарам зани зиёӣ бошанд ҳам, медонистам, ки ҳеҷ гоҳ барои издивоҷ намудани ман бо марди калонсол розӣ намешаванд. Аз ин рӯ, синну соли домодро 40-сола муаррифӣ намуда, онҳоро тавассути скайп бо ҳам шинос кардам. Баъди шиносоӣ модарам дудила шуданд, вале азбаски маро хеле эрка калон карда буданд, сади роҳи издивоҷи ман бо марди эронӣ шуда натавонистанд.

Арӯсӣ дар хориҷа

Рӯзи тӯйро баъди чанд ҳафта муайян намуда, ман барои сафар омодагӣ дидам. Мансур эронӣ бошад ҳам, дар Аврупо умр ба сар мебурд ва барои харидорӣ намудани чиптаву сару либоси ман маблағи хуб ирсол намуд. Арӯсии ман дар хориҷа хеле беранг гузашта бошад ҳам, маро аз ин парвое набуд, зеро дар дил танҳо орзуи зани сарватманд шуданро доштаму халос. Рӯзе, ки аз тайёра фаромадам, ҳамроҳи Мансур ба мағоза рафта, куртаи арӯсӣ харидем. Мансур чунон табъи нозук доштааст, ки куртаро бо завқу хоҳиши худ интихоб намуда, маро дар ҳайрат гузошт. Дар маъракаи ақди никоҳи мо ҳамагӣ чанд нафар аз наздикони Мансур аз ҷумлаи писараш, ки ҳамсинну соли ман буд, ҳузур доштанд. Ман аз он ки Мансур писари ҳамсоли ман доштааст, танҳо рӯзи тӯй огаҳӣ ёфтам.


Пеш аз ҳама мард бояд бо занаш хушрафтор бошад. Қарзи дуюми шавҳар ин аст, ки ҳамсари худро ризқи ҳалол диҳад. Либосе, ки барои зан мехарад, бояд аз пули ҳалол бошад.

 


Шаби васл

Маъракаи хурдакаки арӯсии мо итмом ёфту шаби аввали издивоҷ фаро расид. Азбаски хеле хаста будам, умедвор будам, ки Мансур бо ман наздикӣ намекунад, вале шавҳари аҷнабиям он шаб коре кард, ки дар тасвири он қалам оҷиз мемонад. Мансур маро ба хонаи хоб дароварда, гуфт, ки тамоми либосҳоямро аз тан кашида, омадани ӯро интизор шавам. Чизе нагуфта, бо либоси таг омадани ӯро интизор шудам. Баъди 10 дақиқа дари хонаи хоб кушода шуду Мансур ҳамроҳи писараш вориди утоқ гашт. Аз ин густохии падару писар дар тааҷҷуб монда, чӣ гуфтанамро намедонистам. Мансур ба ман гуфт, ки писараш бемор аст ва бо зан муносибати маҳрамона карда наметавонад. Чанд соли табобат ва даву тоз фоида набахшидаанд ва умеди охирини падар бо воситаи ман писари худро «табобат» кардан будааст. Моҷарои оншаба ва доду фиғонеро, ки ман бардоштам, аз афташ Мансур интизор набуд. Ман танҳо шиноснома ва чизҳои зарурии худро гирифта, бо як куртаи одӣ ва туфлиҳои арӯсӣ хонаи боҳашамати Мансурро тарк намудам. То даме, ба хоки ватан расидам, ягон лаҳза ашки чашмонам хушк намешуданд ва ман пайваста ба содагиву хомфикрии худ лаънат мехондам. Намедонистам ба чашми модару ҳамсояҳои худ, ба чашми наздикон чӣ гуна нигоҳ мекарда бошам, вале дигар илоҷ надоштам.

Ангуштнамои мардум гашта бошам ҳам, имрӯз шукрона аз он дорам, ки аз хонаи он марди разил сиҳату саломат ба назди модарам баргаштам. Вале ёди он рӯзҳоеро, ки аз сар гузаронидам, лаҳзае маро ором намегузоранд. Ҳамеша фикр мекунам, ки духтарони мисли ман дар сар ҳавову ҳавас хеле зиёданд ва метавонанд ба осонӣ ба доми мардони духтарфурӯш ва ҳатто ҷинояткор афтида, ҳаёти худро бо дасти худ сӯзонанд. Хатои маро такрор накунед, вагарна умре азоби руҳӣ мекашед!

Мадина 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД