Ғуломи ҳалқабаргӯш
Баъди як соли муҳоҷират шавҳарам баргашту мошин харид, ӯ бо модараш маслиҳат кард, ки маро ба курси ронандатайёркунӣ гузорад, то ки хонда, мошин ронданро ёд гирам.
-Дар набудани ман ба ягон ҷо рафтан лозим шавад, Гулчеҳра мебарад,- гуфт ӯ. Хушдоманам китф дарҳам кашид, ки розӣ будану набунаш маълум намешуд. Рӯзи дигар Наҷмия занг зада гуфт, ки “нисфирӯзӣ манту пазед, ман меоям!” Ман, ки ба фармонҳои ӯ одат карда будам, зуд аз пайи зувола гирифтан шудам. Хушдоманам гуфт, ки пиёзу гӯштро наздам биёр, қима тайёр мекунам. Наҷмия маътали тайёр шудани манту наистода, писараконаш пеш- пешу худаш аз қафо аз дарвоза ворид шуд ва модарашро сари қиматайёркунӣ дида гуфт:
-Ҳа, ба келини эркаатон як манту пухтан вазнинӣ кард?! Шумо ҳамин қадар солҳо барои меҳмонҳои падарам он қадар хӯрок тайёр кардед, ки акнун вақти истироҳат расидааст, бигзор худаш кунад.
Хушдоманам медид, ки ман ҳам кори давлат мекунаму ҳам аз оби хона даромада, аз оташаш мебароям, барои ҳамин ба духтараш норозӣ нигоҳ карда гуфт:
-Ман худам хостам, аз бекорӣ ҳам одам монда мешавад, бачам.
Наҷмия гӯё ман душмани ҷонияш бошам, маро песонида идома дод:
-Ҳоло эркааш кардан гиред, болои саратон мебарояд.
Ӯ дар чойники барқӣ чой монду аз ҷевон дар як табақи бузург ширинӣ гирифта, пешаш гузошта, ба хӯрдан оғоз кард. Дар дил гуфтам, ки шукронаи Худо, зеро танҳо вақти хӯрдану нӯшидан хонум камтар ҷоғашро мегирифт. Ростӣ, дилам аз ин гуна муносибати хоҳаршӯям танг мешуд, зеро апаҳоям бо хоҳаршӯю авсунҳояшон мисли апаву хоҳар буданд, аммо дили Наҷмияро на бо сухани хуб ёфтаму на бо тӯҳфа, мехостам айбашро ба рӯяш бигӯям ва аз ӯ пурсам, ки ман барояш чӣ бадӣ кардам?! Аммо аз ранҷидани дили хушдоманам, ки ҳар лаҳза таъкид мекард, ки қадри духтарамро донед, метарсидам. Амир ҳам аз муҳоҷират барояш тӯҳфаи зиёд оварда буд, вале ӯ ба ҳама чиз айб меёфт. Дар як деҳаи дури кӯҳпора зиндагӣ карда, то синфи нӯҳ хонда, ба ҳама чиз айб меёфт, инаш моли тозаву инаш қалбакӣ, мегуфтӣ молшинос бошад. Ман панди модару падарам ба гӯш, тоқат мекардам, “бо як хоҳаршӯ забон наёфт” нагӯянд, мегуфтам.
Исёни Наҷмия
Манту пухт, бӯйи хушаш фазои ҳавлиро фаро гирифт, худам, ки саҳар ғайри як финҷон қаҳваю як дона кулчақанд чизе нахӯрда будам, сахт гурусна шудам. Ба азми рӯи хоҳаршӯйи мудом норозиям нигоҳ накарда, дастархон партофтам, Амир ҳам расида омад. Ӯ апаашро ҳолпурсӣ карду ҷиянҳояшро ба оғӯш гирифта, ҳамроҳашон ширинзабонӣ намуд. Мантуро хӯрдем, маро дар паҳлӯи Амир дидан намехост хоҳаршӯям, аммо шавҳарам маҷбур маро наздаш шинонд. Сари як пиёла чой Амир ба ман гуфт:
-Фардо аз кор баромадӣ, назди омӯзишгоҳи техникӣ рав, ҳамон ҷо курси ронандагӣ кушоданд.
Шавҳарам гапашро тамом накарда, Наҷмия оташи ҷангро аланга доду фарёд зад:- Ту занатро мошинсавор мекунӣ?! Ин боз чӣ кор?! Инҳо шаш модахар ба сари шавҳарҳояшон зӯр ҳастанд, онҳоро ба латтаи фаршшӯӣ табдил додаанд, ту ҳам аз боҷаҳоят қафо намон!
Ман ба адреси худам аз хоҳаршӯям ҳарфҳои зиёде шунидаам, аз қабили хондагиҳо ҳамааш бероҳа, занҳои коргар ҳамаашон ба шавҳаронашон хиёнат мекунанд, пулашонро пинҳон мекунанд, шавҳарҳояшонро хар мекунанд, аммо апаҳои бегуноҳи маро модахар гуфтани ӯ косаи сабрамро лабрез карду гуфтам:
-Даҳони бефаровезатро пӯш, аблаҳ!!! Модахар туӣ, шавҳаратро зин зада савор шудагӣ ҳам ту, апаҳои ман дар як моҳ як бор ба хонаи волидонам меоянд ва ҳамеша дар хизмати шавҳару пайвандонаш ҳастанд. Оё ту боре куртаи хушдоманатро шӯстаӣ, ки ин қадар забонат дароз гап мезанӣ?! Ғуломи ту манам, ба ман чизе, ки мегӯӣ бигӯ, ба апаҳои ман кордор нашав!- Инро гуфтаму аз хона берун шудам, худи ҳамон бегоҳ ба хонаи волидонам баргаштам.
Ман ғулом нестам!
Як ҳафта боз хушдоман ду бор барои бурданам омад, шавҳарам бошад, ҳар рӯз меояд, ман назди волидонам бо гиря ба хушдоманам гуфтам:
-Очаҷон, оё ман боре шумо ва духтаратонро хафа кардаам? Ба ҳамин қадар гапу калочааш нигоҳ накарда, боре тарафаш каҷ нигоҳ кардаам? Чӣ гуноҳ дорам, ки духтаратон маро ин қадар бад мебинад? Чаро ба унвони падару модару апаҳои ман ҳақорат мефиристад?
Хушдоманам бо мулоиматӣ насиҳатам кард, ки Наҷмия эрка асту хаёл мекунад ману додараш аз ӯ дида туро зиёдтар дӯст медорем. Баъди қаҳр карда омадани ту пушаймон асту гиря мекунад, мегӯяд агар янгаам биёяд, дигар кордораш намешавам. Ман назди шавҳару хушдоманам як шарт гузоштам, агар Наҷмия биёяду аз ман бахшиш пурсад, ман рафта зиндагиямро идома медиҳам, агар не, намеравам! Ман ғуломи ӯ нестам, агар ғулом ҳам бошам, ягон гуноҳе содир накардаам, ки ӯ бо ман чунин муносибат намояд. Чор моҳи аввали арӯсиям ба нигоҳубини падари бемори онҳо гузашт, тамоми пули ёфтаамро ба дасти хушдоманам медиҳам, дасташро ба косаи тар задан намемонам, тӯли якуним соли зиндагӣ ҳатто як рӯймолчаам низ нахаридаанд. Шавҳарамро эҳтиром мекунаму дӯст медорам, тамоми фармонҳои Наҷмияро, ки агар гӯям, бо мо зиндагӣ мекунад хато намекунам, иҷро мекунам, сару либоси фарзандонашро мешӯям, оббозияшон медоронам, ҳангоми беморияшон табобаташон мекунам, боз чӣ кор кунам?!
Мақсади навиштани қиссаи зиндагиям дар ҳафтавори «Оила» аз он иборат аст, ки хонандаҳои закиву дилогоҳаш маслиҳатам диҳанд, чӣ бояд кард?!