Arzon march 2024
Ғуломи хоҳаршӯ (ҚИСМИ 4)
2119

Фарёди ғурур

Саврон худашро маломат мекард, ки байни зиндагии дугонааш даромада, ўро ба хонавайронӣ расонид, аммо Шоҳида ўро гунаҳгор намекард. Зафар на занг мезаду на аҳвол мепурсид, Шоҳида аз деҳа рост ҳамроҳи кўдаконаш ба хонаи холии Саврон рафт.

- Ҳамин хона холӣ аст, зиндагӣ кардан гир,- гуфт Саврон, ки худро гунаҳгори ин қиссаҳо медонист.

Шоҳида ба кор баромад, ӯ шавҳарашро дўст медошту барои хушдоманаш ҳам дилаш месўхт, аммо дар вуҷуди худ озодиеро эҳсос мекард, ки ногуфтанӣ. Як ҳафта кор карда буд, ки рўзе Зафар ба суроғаш омад. Шавҳараш хаставу ранҷур метофт, Шоҳида баъд аз салом аз рухсори шавҳар бусид. Зафар ҳамсарашро оғўш гирифта, бўсаборон кард. Зафар каме худро ба даст гирифта гуфт:

- Майлаш, байни туву Меҳрноз чизе гузашт нагузашт, ба хона бармегардӣ, модарам ҳар рӯз ашк мерезад, туву бачаҳоро ёд кардааст.

Худи ҳамон бегоҳ ў ба хонааш баргашт, кўдаконашро ба мошин шинонда, шавҳарашро интизор нашуд. Хушдоманаш бо меҳрубонӣ онҳоро пешвоз гирифт, набераҳо гирди бибӣ парвона буданд. Шоҳида дасту остин барзада, мантуи дўстдоштаи аҳли оилаашро пухт ва баъди тановули ғизои шом ба тозакунии хонаҳояш пардохт. Фарзандон, Зафар ҳатто хушдоманаш ба вай ёрӣ доданд. Ду рўз пас Меҳрноз бо фарзандонаш меҳмон шуд. Гӯё чизе нашуда бошад, ҳамон хел ҳавои даҳанаш баланд, писари калонияш нав ба Хуршед эрод гирифтанӣ шуд, ки Шоҳида гуфт:

- Ту як бачаи калон, айба намедонӣ бо додарат ин хел муносибат мекунӣ? Нарас ба Хуршед, кори худатро кун!

Дами Меҳрноз ба дарун зад, хушдоманаш ҳам Шоҳидаро ҷонибдорӣ карда, гуфт:

- Дина мо ҳамакаса хона тоза кардем, тинҷакак истед, ҳама ҷоро ифлос накунед! -Меҳрноз дид, ки қадрашро худаш паст кардааст, мастоваи овардаи янгаашро хўрду писаронашро гирифта, ба хонааш рафт. Шоҳида ўро то кўча гусел карду дар сачоқчае фатири гарме баста дод. Меҳрноз шояд бори аввал дар умраш “раҳмат янгаҷон” гуфта монд ва илова кард:

- Ин якшанбе хонаи мо биёед, ҳамакаса ош мекунем, якҷоя сўҳбат мекунем.

Шоҳида ҳам,- мебинем апа, ягон кор набарояд, албатта меравем, чаро не,- гуфту монд.

Шарти шавҳар

Баъди чанде сири меҳрубонии Меҳрнозро духтарамаки хоҳаршӯяш ба Шоҳида кушода дод. Зафар ду амакӣ дошт, яктааш хусури Меҳрноз буд, амакҳо Шоҳидаро зиёд дўст медоштанду эҳтиром мекарданд. Баъди шунидани ҷанҷоли Меҳрноз бо янгааш, шавҳараш Шавкат зани эркаашро зери мушту лагад гирифта мегуяд:

- Туро яккадухтари амаки раҳматиям гуфта, болои сар кардем, гузарондӣ ку! Зани Зафар барин фариштахў дар дунё нест, чаро хонаи ўро вайрон кардӣ?! Чӣ ў ғуломи ту аст?! Ҳозир баромада, ба хонаатон рав, вақте ки Зафар занашро гирифта овард, баъд ту ба хона бармегардӣ, набошад сарату равғанат, ҷудо мешавем! О келини бечораатон як бор хонаи моро надидааст, мо ҳар шанбею якшанбе меҳмони вай мешавем. Бачаҳои бетамизат, дунёро ба сар мебардоранд, вай бечора мураббо мепазаду бонка маҳкам мекунад, кори ту танҳо эродгирӣ аст, як хўроки дуруст пўхта наметавонӣ, э мур, зан нашуда!

Меҳрноз ба сари амаку янгааш меравад, вақте онҳо сабаби қаҳри писарашонро мефаҳманд, бо Меҳрноз ногап мешаванд. Меҳрноз як ҳафта дар хонаашон зиндагӣ мекунад. Модараш аз дасти фарзандонаш ба дод меояд ва илоҷе наёфта, аз Зафар хоҳиш мекунад, ки рафта, занашро биёрад. Ҳамзамон иқрор мешавад, ки “занат модарамро заду маро мўйкашак кард” гуфтани Меҳрноз туҳмат буду халос.

Хонандаи азиз! Ҳурмати пайвандони шавҳар ҳатмист, вале онҳо ҳам набояд аз ҳад гузронанд, келин ғулом нест!

Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД