Arzon march 2024
Қудрати зан (ҚИСМИ 2)
10.01.2025
АРДАШЕР
1359

- Боре дидаӣ, ки пойафзолат соате пушти дар истода бошад?,- якбора суол дод Ҷамшед ба Фаррух, ки бо диққат ба суханони дӯсташ гӯш медод.

- Не, албатта. Бовар кун, ҳамсарам ҳамин ки аз кор омадам, пойафзоламро тоза карда, ба пойафзолмонак бурда мемонад.

- Дидӣ? Барои зан ҳатто пойафзоли шавҳараш ҳам қадр дорад. Фарзандонатро тарбия мекунад, онҳоро навозишу меҳрубонӣ мекунад. Зан он қадар меҳрубону дарёдил аст, ки меҳру муҳаббаташ ба тамоми олам мерасад. Гоҳ-гоҳ мард ба навозиши на танҳо модар, балки ба навозишу меҳрубониҳои ҳамсараш низ ниёз дорад. Ҳар як сухани зан мардро дар зиндагӣ рӯҳбаланд месозад, қадамҳои ӯро дар гирдоби зиндагӣ мустаҳкам мегардонад. Аҳамият дода бошӣ, аз кор хаста шуда ойӣ, як табассум карда пешвоз гирифтани ӯ тамоми хастагиятро рафъ месозад. Зан ба мард неру мебахшад. Мард ҳам маҳз барои зан шабу рӯз меҳнат мекунад. Ҳамсар нест, ки хизмати падару модари пиратро мекунад? Онҳоро чун волидайни худ парвариш мекунад? Албатта, ин зан аст! Беҳуда низ намегӯянд, ки пушти ҳар марди муваффақ зани порсое ҳаст! Ҳамин тавр не, Фаррух,- ба дӯсташ нигариста, гуфт Ҷамшед.

- Бале, воқеан зан дар зиндагии мард нақши муассире дорад. Ман як дӯст дорам. Ӯ замоне дар бозорҳо ароба мекашид. Бо ҳамин пули аробакашиаш тӯй кард. Баъди оиладор шудан бо маслиҳати ҳамсараш дар бозор ба савдо машғул шуд. Оҳиста -оҳиста дӯкон ҳам гирифт. Ҳоло бошад, як тоҷири муваффақ аст. Ба номи ҳамсараш ва фарзандонаш мағозаҳои либосфурӯшӣ дорад. Ана инро қудрати зан мегӯянд.

- Ҳа, рост мегӯйӣ. Беҳуда Саъдии бузургвор низ нагуфтааст:

Зани хуби фармонбари порсо,

Кунад марди дарвешро подшо.

Баъзе ҷавонони арӯсбоз ҳам баъди оиладор шудан ин корҳояшонро мепартоянд. Баъзе ҷавонони ба қавле "хулиган" тарбияашон хуб мешавад. Падарам мегуфтанд, ки занҳо дар рушди минбаъдаи мард таъсири хуб мерасонанд. Агар зан қудрат намедошт, ин қадар алломаҳои бузургро ба воя намерасонд.

- Фаррух, ман имрӯз бори дигар шоҳиди бузургиву қудратмандии зан-модар гаштам. Воқеан, зан аз барги гул нозук бошад ҳам, аз санг сахт будааст. Чӣ қадар иродаи мустаҳкам, чӣ қадар зани мубориз! Агар ман ба ҷойи ин зан мебудам, фикр мекунам, ба ҳама ин вазнинӣ тоб оварда наметавонистам.

- Кадом занро мегӯйӣ?

- Мо ҳамкорон як шуда барои дидани пиразане омаданӣ будем, вале ба корхона меҳмон омаданӣ буд. Аз ин рӯ, онҳо натавонистанд биёянд. Ман ҳозир аз назди ҳамон зан омада истода будам.

- Чӣ гуна зан будааст?

- Ин зан дар хурдӣ аз волидайнаш ятим мемонад. Дар дасти тағояш ба воя мерасад. Янгааш бошад, ба ин бечора рӯз намедиҳад. Баъди ба воя расидан ба як ҷавони синну солаш рафта оиладор мекунад. Ин ҷавон ҳар рӯз завҷаашро маст шуда мезанад. Бо мурури вақт зан дугоник таваллуд мекунад. Мутаассифона аз пушти зиқии зиёд яке аз дугоникҳо касалӣ мешавад. Мард “ба ман ту ҳам, бачаат ҳам даркор не” гӯён, фарзанди солимро мегираду беморашро гузошта меравад. Кӯдак дар мусофират дар дасти модарандар ба воя мерасад. Боз онҳо ба мусофират мераванд. Ин зан бошад, ҳамроҳи фарзанди касалияш зиндагӣ мекунад, ризқу рӯзиашро бо шустану тамиз кардани либосу хонаи ҳамсояҳо меёбад. Писарашро табобат карданӣ мешавад, вале ӯ вафот мекунад. Ҳоло ин зан ҳар рӯз тоқӣ медӯзад, рӯймол медӯзад ва пайсае ба даст оварда, зиндагиашро пеш мебарад. Замоне дар коргоҳи мо ҳам кор кардааст. Барои ҳамин имрӯз ман аз номи ҳама коргарон ӯро хабаргирӣ омада будам. Сарнавишти талхи ӯро шунида, бори дигар шоҳиди қудрату матонати зан гаштам.

АРДАШЕР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД