Arzon march 2024
Технологияи аҷиб дар қасре, ки пеш аз милод сохта шудааст
13.03.2025
Oila.tj
357

Қасри Кносс, ки дар тамаддуни минойӣ дар ҷазираи Крит, тақрибан соли 1700 пеш аз милод иморат шудааст, бо технологияи инноватсионӣ муҷаҳҳаз буда, даврони худро хеле пеш гузашта буд.

Яке аз аҷоибтарин хусусияти он системаи обёрии такмилёфта мебошад, ки як чизи фавқулода, яъне ҳоҷатхонаи худшӯй мисли ҳоҷатхонаҳои замонавӣ бо сандалии чӯбӣ дорад. Ин ҳоҷатхона ба системаи мураккаби қубурҳои заҳқашӣ, ки аз қаср обҳои фасодро берун мебарорад, насб шудааст ва дастоварди бузурги муҳандисиест, ки ҳатто дар замони мо такрори он даст надодааст.

Системаи заҳкашӣ, инчунин обҳои борониро кор бурда, ба оби тозаву фасод тақсим карда, ба тамоми қаср паҳн менамуд, нишона аз дониши минойиҳо дар соҳаи гидравлика ва тозагӣ буд.

Пас аз нест шудани тамаддуни минойӣ ин технологияи пешқадам гум шуда, ба ҷомеаи мо тақрибан 3000 сол зарур буд, ки аз нав чунин системаро кашф кунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД