Sebiston new 2024 october
Театр гуфта аз баҳри фарзанд гузаштам-мегӯяд актрисаи номдор
2530

 

«Ман бояд 3-4 фарзанд таваллуд мекардам»,- мегӯяд ҳунарманд

Қомати баланд чун сарв, овози марғуладор, абрӯвони камоншакл, чашмҳои калон-калони бодомӣ, нигоҳи маънидор ва мӯйи болобардошта… Ин симо ба хурду калони Тоҷикистон ошност. Савринисо Сабзалиева ҳунарманди нотакрор буда, дар санъати тоҷик симои худ, мавқеи худ ва нақши худро дорад, аммо вақтҳои охир дар борааш кам менависанд, ӯро танҳо гоҳ- гоҳ тариқи оинаи нилгун мебинему халос. Барои ифшои сабаби ин хомӯшӣ эшонро ба мусоҳиба хондем.

-Шумо дар авҷи камолоти эҷодӣ қарор доред, аммо қариб, ки дар рӯйи саҳна нестед, сабаб чист?

-Драматургияи мо солҳои охир хеле суст шудааст ва бештар асарҳое пешниҳод мешаванд, ки дар онҳо нақшҳои ба синну соли мо мувофиқ қариб, ки нестанд. Бовар кунед, баъзан худамон даъво мекунем, ки ба мо ягон нақш диҳед, то дар паҳлӯи ҷавонон бошем ва онҳо аз мо чизеро омӯзанд, аммо…

Охирин образи барҷастаи дар театр бозидаатон кадом буд?

-Дар намоишномаи «Темурмалик» нақши завҷаи ӯро бозидам. Ҳангоми иҷрои он худам лаззат бурдам, тамошобин низ онро хеле хуб қабул кард, аммо аз ин намоишнома 6-7 сол сипарӣ шуд.

-Яъне, 6-7 сол боз шумо дар театр нақши ҷиддӣ наофаридаед?

-Ман қариб 10 сол боз бекор… Акнун нав театрро омӯхтам, ба гуфти шумо давраи авҷи эҷодиам, аммо бекор… Режиссёрҳо аз гирифтани асарҳои калон парҳез мекунанд. Намедонам, зӯрашон намерасад, талабот нест ё баҳона мекунанд?

-Аслан, чӣ тавр шуд, ки шумо аз як хонавода се нафар роҳи санъатро интихоб кардед: Оят – Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, сарояндаи опера, Соро – Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва шумо?

-Асрори санъаткор шудани мо дар муҳити оилавии мост. Бадахшонро медонед, он ҷо ҳама шефтаи мусиқиву дӯстдори санъатанд. Оилаи мо оилаи фарҳангӣ буд. Падарам мусиқӣ менавохтанд, модарам шавқу ҳаваси ҳунарманд шуданро доштанд. Апаам Оят бо ризоияти волидон Консерваторияи Маскавро хатм карда, дар театри Опера ва балет ба кор даромад, аммо ба санъаткор шудани ман падарам зид буданд. «Ду поямро дар як мӯза монда», волидайнамро базӯр розӣ кунонида, ҳуҷҷатҳоямро ба омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе супурдам, баъди хатми он ба Донишкадаи санъат дохил шудам. Аз соли 1973 дар театри Лоҳутӣ кор мекунам. Санъаткор шудани Соро ногаҳонӣ сурат гирифт. Ӯ баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба Институти омӯзгорӣ супорида буд, аммо ҳамон сол намояндагони ВГИК ба Душанбе омаданд. Яке аз онҳо Сороҷонро, ки хеле ҷавону зебо ва чаққонак буд, дида даъват мекунад. Дар ибтидо Соро розӣ набуд, аммо Ҳабибулло Абдураззоқов ӯро ба гап даровард ва ҳамин тавр ӯ донишҷӯйи ВГИК шуд. Баъди хатм онҳоро дар киностудия ба кор нагирифтанд, барои ҳамин ба театрҳо тақсим шуданду Соро ба театри Лоҳутӣ афтид.

-Писаратон Самад Мансуров ҳам аз пайи шумо рафт. Ӯро маҷбурӣ актёр кардед ё дар хунаш буд?

-Тақдири Самад ба Сороҷон монанд аст. Ӯ баъди хатми мактаб ҳуҷҷатҳояшро ба Институти ҳавонаварди Фрунзе супорид ва курси дуюмро хатм карда, ба Душанбе омад. Ҳамон сол Артисти халқии СССР Сергей Фёдорович Бондарчук тариқи озмун барои ВГИК донишҷӯ қабул мекард. Самад аз озмун гузашт. Дар ибтидо ман зид баромадам, аммо майлу хоҳишашро дида, маҷбур розигӣ додам. Филми аввалинаш «Кармелита» буд. Баъди тамошои ин филм фаҳмидам, ки Самад ҳунарманди хуб мешавад. Вай бисёр меҳнаткаш аст, дар театр кор мекунад, дар филмҳо нақш меофарад, илова бар ин дар Мосфилм дар дубляжи филмҳо ширкат меварзад. Дар барномаҳои телевизионӣ ҳам эпизодҳоро иҷро мекунад.  

-Театр деги ҳамеша ҷӯшон аст. Зиддият, рақобат, ихтилоф миёни ҳунармандон зиёд ба назар мерасад. Ҳамин чиз миёни шумо ва хоҳаратон Соро ҳаст?

-Дар ҳаёт не, аммо дар нақшҳо ҳаст, масалан дар «Темурмалик» ман завҷаи Темурмаликро мебозаму Соро маҳбубаашро. Дар филми «13 солу 3 моҳ» мо нақши қудоҳоро мебозем. Духтари Соро келини ман аст ва дар як саҳна мо ҷанҷол шуда, ба ҳамдигар гапҳои пасту баланд мегӯем, аммо дар ҳаёт на ба якдигар, на ба дигарон бахилӣ намекунем. Ин корро ҳунарманде мекунад, ки лаёқаташ паст аст. Ман вақте нақш мегирам, аз Соро маслиҳат мепурсам, зеро ӯ аз мактаби режиссёрҳои боқувват гузаштааст.

-Тамоми Тоҷикистон шуморо мешиносад. Инсони шинохта будан чӣ кайфияте дорад?

-Бозор меравед, як сум ним сум арзон мекунанд (механдад). Модари бузургворам боре гуфтанд, ки ту ҳунарманд шудӣ, мухлис дорӣ, туро мешиносанд, вақте ба кӯча мебароӣ, бояд либосҳоят тамиз, мӯйи сарат ба тартиб оварда шуда бошад, зеро мардум ба ту нигоҳ мекунанд. Шахси шинохта будан, масъулияти бузург дорад.

-Ҳунарманд будан, шинохта будан дар зиндагии шахсӣ чӣ таъсир мерасонад?

-Зани ҳунарманд аз як ҷиҳат хеле хушбахт аст, аз ҷиҳати дигар худро ба оила бахшида наметавонад. Сафарҳои эҷодӣ ва банаворгирии филмҳо моҳҳо тӯл мекашанд ва ӯ аз оила дур мешавад. Бо ҳамин сабаб аксари занони ҳунарманд бе шавҳар мемонанд.

-Ин чиз ба зиндагии шахсии шумо халал ворид кард?

-Шояд…

-Пушаймонед?

- Аз як ҷиҳат ҳа. Ман бояд се- чор фарзанд таваллуд мекардам, аммо… Дар ҷавонӣ фикр накардам, ки одам дар пирӣ танҳо мемонад.

-Шумо танҳоед?

-Танҳоям, чунки фарзандам дар Маскав зиндагӣ мекунад. Ман ҳоло Худоро шукр ба худам нигоҳубин карда метавонам, аммо одам пириро фикр мекунад.

-Чаро ба Маскав, ба назди фарзанду набераатон намеравед?

-Ман аз Душанбе рафтан намехоҳам. Ба Маскав барои тамошо ва дидани писараму набераам рафтанам мумкин аст, вале зиндагии Маскав барои ман бегона аст. Ман афсӯс намехӯрам ва чандон танҳоиямро эҳсос намекунам. Ҳамеша дар ҷараёни зиндагӣ ҳастам, мехонам, ба корҳои хона машғул мешавам, чорабиниву маъракаҳо меравам, аммо баъзан соатҳо фикр мекунам…

-Бештар дар бораи киҳо фикр мекунед?

-Бештар дар бораи Самадҷон. Дар бораи устодон, бисёртар дар бораи Фаррух Қосимов фикр мекунам. Ӯ режиссёри нотакроре буд, ки дар саҳнаи холӣ ҳам фазои театр месохт. Тамоми ҳастиашро ба театр мебахшид, худро қурбон мекард. Аслӣ Бурҳонов, Хушназар Майбалиевро ёд карда афсӯс мехӯрам. Вақтҳои охир аз ҳама зиёд дар бораи Туҳфа Фозилова ва як суханашон андеша мекунам. Як рӯз вақти суҳбатамон гуфтанд, ки «Саврӣ, ту ба театр дер омадӣ». Ман то ҳол сари ҳамин ҷумла фикр мекунам, ки Туҳфа-ойтӣ чӣ мехостанд…

-Баъзеҳо шуморо ба эшон монанд мекунанд…

-Солҳои пеш нақши Маликаро дар намоишномаи «Рӯдакӣ» он кас мебозиданд, баъд ман бозӣ кардам. Як рӯз баъди намоиш Тамара Абдушукурова гуфтанд, ки ман ба саҳна нигоҳ кардаму якбора Туҳфа Фозиловаро дидам. Эҳтимол монанд бошем, зеро ман аз эшон бисёр чизҳоро омӯхтам. Фозилова дар саҳна оташ буд…

-Кадом нақшро бозӣ кардан мехостед?

-Зиёд мехостам, ки «Модарнома»-и Лоиқро ба саҳна гузорам. Ман тамоми модарномаҳоро варақ задам, аммо «Модарнома»-и Лоиқ ба дилам наздиктар аст. Ҳар рӯз дар бораи он фикр мекунам. Мехоҳам саҳна зебо оро дода шуда бошаду садои мусиқӣ бо гиряи кӯдак танин андозад. Ҷое шеър хонаму ҷое рубоб навозам, ҷое суруд хонам. Ва бо ҳамин тамоми дарду алам ва орзую ормони модарро, модари тоҷикро ба тамошобин нишон диҳам, аммо барои ин режиссёри хуб лозим аст. Намедонам, ки ин орзуям амалӣ мешавад ё не.

-Ташаккур барои суҳбат!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД