arzon replenishment
Тафовути исқоти ҳамл аз таваллуди бармаҳал
768
Фарзандро меваи умри инсон меноманд ва албатта ҳар як шахс мехоҳад, ки дарахти боғи зиндагиаш самар оварда, кӯдакдор шавад.
 
Боровар гаштани нахли умр ва ба дунё овардани тифл махсусан барои занон масъалаи ҳаёту мамот аст, зеро рисолати асосии зан дар зиндагӣ идома додани насли инсон ва таваллуду тарбияи фарзандон мебошад. Аммо баъзан чунин мешавад, ки меваи умр ҳанӯз норасида аз шохи умед канда мешавад.
 
Албатта шумо пай бурдагистед, ки гап дар бораи исқоти ҳамл ва таваллуди бармаҳал меравад. Марги тифл дар батни модар ё пеш аз мӯҳлат ба дунё омаданаш барои зан фоҷиа ё санҷиши душворест, ки дарду ғам, оҳу нола ва асабонияти зиёдеро ба думбол дорад.
 
Аз ҳамин хотир, бо мақсади пешгирии чунин ҳодисаҳои нохуш дар бораи нишонаҳои асосии исқоти ҳамл ва таваллуди бармаҳали тифл маълумот медиҳем, то занони ҳомиладор бо эҳсос кардани ин нишонаҳои хатарнок фавран ба духтур муроҷиат намоянд.
 
Исқоти ҳамл аз таваллуди бармаҳал чӣ фарқ дорад?
 
Бояд гуфт, ки ҳомиладорӣ давраи ниҳоят нозук аст ва ҳар як баҳонаи ба назар ночиз метавонад сабабгори исқоти ҳамл ва ё таваллуди бармаҳали тифл бигардад.
 
Тавре ки табибон мегӯянд, агар хатар то ҳафтаи 28-уми ҳомиладорӣ сар занад, онро исқоти ҳамл мегӯянд, вале баъди ҳафтаи 28-ум пайдо шавад, таваллуди пеш аз муҳлати тифл ном бурда мешавад. Ҳарду ҳолат натанҳо барои тифли дар батни зан буда, балки барои ҳаёти худи зани ҳомила низ хатарнок аст, бинобар ин, бо эҳсос намудани нишонаҳои нохуше, ки аз вайрон шудани раванди ҳомиладорӣ дарак медиҳанд, фавран ба духтури занона муроҷиат кардан лозим аст.
 
 
Сабабҳои исқоти ҳамл
Аксари занон бар он боваранд, ки бардоштани бори вазнин ё анҷом додани корҳои душвор боиси бачапартоӣ ё таваллуди бармаҳали кӯдак мегардад, аммо дар асл чунин нест.
 
Албатта ба занони ҳомила анҷом додани корҳои душвор ва бардоштани борҳои вазнин қатъиян манъ аст, зеро хатари бачапартоиро ба миён меорад, вале омилҳои дигаре низ ҳастанд, ки метавонанд боиси исқоти ҳамл ва таваллуди бармаҳал гарданд.
 
Аз ҷумла бемориҳои вирусӣ, тағирёбии сатҳи гормонҳо дар организми зани ҳомила, стресс ва иштибоҳоти дигари зан дар давраи ҳомиладорӣ боиси қатъ гаштани ҳомиладорӣ ва сар задани хатари исқоти ҳамлу таваллуди бармаҳал гашта метавонад. Нишонаҳои исқоти ҳамл ва пеш аз мӯҳлат таваллуд шудани тифл Нишонаҳои асосии исқоти ҳамл ва таваллудшавии бармаҳали тифл инҳоянд:
 
•Дарди кунд дар поёни шикам ва миён.
• Тонуси аз меъёри зиёди бачадон .
• Рафтани хун, маъмулан хуни сиёҳ аз узви ҷинсӣ.
 
Дар чунин ҳолатҳо чӣ бояд кард?
Сабаби сар задани дард дар поёни шикам дар он аст, ки вақте хатари исқоти ҳамл пайдо мешавад, мушшакҳои бачадон кашиш мехӯранд. Дар оғоз ин ба дарди ҳайзбинӣ монандӣ дошта, чандон тоқатнопазир наметобад, вале оҳиста-оҳиста шиддат гирифта, торафт сахттар шудан мегирад. Зани ҳомила набояд нисбати саломатии худ ва тифли дар шикамаш буда бепарвоӣ намояд. Шавҳар ва дигар наздикони зани ҳомиладор низ дар чунин ҳолатҳо бояд ҳушёриро аз даст надода, хеле фаврӣ амал намоянд.
 
 
Чӣ бояд кард?
Маслиҳат:Бо шиддат гирифтани дард ва ҳолати ногуворе, ки аз бадшавии вазъи саломатии зан ва тифли батнаш дарак медиҳад, фавран занро ба таваллудхона бурдан лозим аст. Чунин имконият надошта бошед, ақаллан ба духтури занона ё табиби оилавӣ муроҷиат намоед.
 
Тонуси аз меъёр зиёди бачадон чист?
 
Аз меъёр зиёд будани тонуси бачадонро худи зан эҳсос намекунад. Инро танҳо тавассути дастгоҳҳои ултрасадо мушоҳида кардан мумкин аст, бинобар ин, маъмулан дар чунин ҳолатҳо табибон ташхиси УЗИ мефармоянд.
 
Бояд гуфт, ки аз меъёр зиёд будани тонуси бачадон дар давраи аввали ҳомиладорӣ дар бисёр занҳои бордор дида мешавад аммо бо мурури вақт нест мешавад. Пас аз семоҳагӣ ва баъди он гипертонуси бачадон мушоҳида шавад, ин ҳолати хатарноке маҳсуб меёбад, ки боиси исқоти ҳамл гашта метавонад.
 
Чӣ бояд кард?
 
Маслиҳат
Барои пешгирии чунин ҳолат маъмулан доруҳои мувофиқ тавсия карда мешаванд, аммо ин доруҳоро зани ҳомила танҳо бо тавсияи табиби занона, яъне акушер- генеколог гирифта метавонад. Хунравӣ-омили хатарноктарин
 
Барои зан хунравӣ, хоҳ кам бошад, хоҳ зиёд, дар тамоми давраи ҳомиладорӣ хатарнок аст. Сар задани хунравӣ аз нодуруст инкишоф ёфтани тифл ё вайроншавии раванди ҳомиладорӣ дарак медиҳад.
 
Дар рафти ҳомиладорӣ ворид гардидани бактерияю инфексияҳо ба ҷисми зан боиси рафтани хун аз узвҳои ҷинсӣ гашта метавонад, бинобар ин, бо дидани осори хун ҳатман ба духтурони занона муроҷиат намудан лозим аст.
Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД