Formula novemver 2024
Табобати дубораи Максим баъди садамаи нақлиётӣ
2429

Марина Абросимова, овозхони шинохтаи рус, ки бо тахаллуси саҳнавии Максим машҳур аст, бо сабаби дубора бад шудани вазъи саломатиаш пас аз садамаи нақлиётии соли гузашта, як муддат тарки саҳна кардааст.


Дар ин бора менеҷери овозхон Маргарита Соколова хабар дода, барои чанд муддат аз саҳна дур будани овозхон аз мухлисони ӯ узр хостааст. «Ҳамааш хуб аст гуфта, ба кор шурӯъ кард, вале аҳволаш бадтар шуд. Шабҳо оромона хоб карда наметавонад, пойҳояш дард мекунанд. Дарди сар бошад, чанд вақт аст, ки роҳояш намекунад. Дар сутунмӯҳра ва рагҳои майнаи сараш низ мушкилие ба вуҷуд омадааст»,-шарҳ додааст, Соколова. Овозхон санаи 23-юми апрели соли 2019 дар роҳ ба сӯи фурӯдгоҳ, ки барои дер намондан аз ҳавопаймо шитоб мекард, ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда буд.


АЛЛА ПУГАЧЁВА ТАЛОҚИ МАКСИМ ГАЛКИНРО ДОД!


Чанд муддат дар шӯъбаи эҳё бистарӣ гардида, танҳо баъди рӯ ба беҳбудӣ овардани саломатиаш ӯро ба ҳуҷраи алоҳида гузаронида буданд. Инак, бо гузашти қариб як сол саломатии овозхон дубора бар асари ҳамон садами нақлиётӣ бад шудааст. Марина Абросимова Сергеевна (Максим) 10-уми июни соли 1983 дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия ба дунё омадааст. Ҳанӯз соли 1998 қадамҳои нахустинашро ба ҷодаи санъат гузошта буд, ки нахустин таронааш “Заведи” ном дошт. То имрӯз 6 албоми таронаҳои овозхон бо зиёда аз 1,5 миллион нусха пешниҳоди ҳаводорони ҳунараш гаштааст ва дар Тоҷикистон низ мухлисони ин овозхон каму беш ба назар мерасанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД