Расонаҳои Русия иддао доранд, ки маликаи саҳнаи эстрада примадонна Алла Пугачёваи 69-сола аз шавҳари ҷавонаш Максим Галкин ҷудо мешавад.
Сабаби ҷудоии ин ҷуфти аҷиб муносибатҳои ошиқонаи Максим Галкин бо барандаи телевизион Ҷулия Барановская будааст. Барановская қаблан ҳамсари футболбози машҳури рус Андрей Аршавин буд. Онҳо нӯҳ сол зиндагӣ карда бошад ҳам, издивоҷашонро расман ба қайд нагирифта буданд.Ҷулия ва Аршавин соҳиби 3 фарзанд гашта, зиндагии хушбахтона доштанд, аммо ба саодати оилавии ин ҷуфти зебо чашми бад расиду онҳо соли 2013 бо сабабҳои номаълум аз ҳам ҷудо шуданд.
Робитаи махфии Ҷулия бо Максим Галкин чанд сол боз давом доштааст, вале танҳо баъди оне, ки овозаи ҳомиладории Барановская паҳн гашт, шоумен эълон намуд, ки аз Алла Пугачёва ҷудо шудан мехоҳад.
Қаблан Дмитрий Нагиев дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеоеро нашр карда буд, ки дар он Галкин Ҷулияро дар китфи худ нигоҳ медошт. Пас аз пайдо шудани ин гнавор рӯзноманигорон бо Галкин дар тамос шуда, аз ӯ хоҳиш карданд, ки ба ин овоза равшанӣ андозанд. Максим Галкин аз ҷавоб додан ба саволҳои журналистон рӯзноманигорон худдорӣ намуд.
Ёдрас мешавем, ки робитаи Алла Пугачёва бо Максим Галкин ҳанӯз соли 2001 оғоз ёфта буд. Ба хотири ин ҷавони лоғарандом Пугачёва аз баҳри шавҳари қоматбаланду зебояш Филип Киркоров, ки садҳо зебосанам дар ҳасраташ мисли шамъ месӯхтанд, гузашта, хонаи ободашро бо дасти худаш вайрон кард.
Моҳи декабри соли 2011 Алла Пугачёва ва Максим Галкин расман издивоҷ намуданд. Тавлиди дугоникҳо дар оилаи Пугачёва ва Галкин зоҳиран устувории ин оиларо таҷассум менамуд, аммо баъзе ҳолдонҳо пешгӯӣ мекарданд, ки ишқи пирӣ ҳаргиз ба примадонна бахти ҳақиқӣ намеорад, масалан яке аз сторашиносони машҳури рус ҳадс зада буд, ки Галкин оқибат Алларо талоқ дода, ба духтари ӯ Кристина Арбакайте хонадор мешавад.
Пешгӯии ин ситорашинос қисман рост баромада, пас аз 8 соли зиндагии афсонавӣ шавҳари ҷавонаш ба Пугачёва хиёнат намуда, домони зани ҷавонеро гирифт...