Танҳо дар курси дуюм эҳсос кардам, ки Наимҷони ҳамкурсам ба ман нигоҳи чашмони сиёҳи сермижгонашро дӯхта, табассум мекунад.
Наимҷон аслан Мирзонаим ном дорад, номи ӯро ҳамкурси шӯхам Сумаяи кӯлобӣ кӯтоҳ карда гуфт:
- А бача и читариш кадай, ду нома гирифтае, якташ бас, боқӣ ту барои мо Наимҷон! - ин шӯхӣ сабаб шуду дигар ҳама ин ҷавони қоматбаланди хушсухану зебои кӯҳистониро Наимҷон мегуфтанд.
Ман чанд бор ӯро песондам, ҳарчанд ин нигоҳҳо дар замирам донаҳои муҳаббатро мекориданд. Оҳиста-оҳиста ӯ бо ханда гуфт:
- Духтари хола напесон а.. напесон…
Ман ба ҳамон оҳанг гуфтам:
- Модари ман аз Самарқанд, чӣ хел ба шумо хола мешудаст?
- Мо ҳамаамон аз Самарқандем, -паст наомад ӯ.
Ҳамин хел бо Наимҷон унс гирифтам. Ҳама сӯҳбатҳои мо аз доираи одоб буданд, мо бо модарам дугона будем ва ба ӯ гуфтам, ки як ҷавони кӯҳистонӣ ба ман майл дораду мехоҳам ӯро бо шумо шинос кунам.
Сари табақи оши самарқандӣ волидонам бо Наимҷон шинос шуданд ва ӯро, донишу фаҳмишашро қабул карданд. Акнун гап дар сари розӣ намудани волидони Наимҷон буд, зеро то ҷое медонистам, онҳо фақат аз хешу табори худашон духтар мегирифтанд.
Аввал онҳо нею нестон карданд, баъд розӣ шуданд. Мо мехостем дар шаҳр зиндагӣ кунем, аммо волидонаш шарт гузоштанд, ки зиндагиро дар деҳа оғоз мекунед, баъд он тарафашро мебинем.
Наимҷон аз муносибати волидони ман хеле хушаш меомад, зеро вақте шарти падару модарашро гуфт, онҳо ба хурсандӣ гуфтанд, ки деҳа сад бор аз шаҳр хубтар аст. Ҳавои тоза, кӯҳу дара, мардуми дарёдилу нексиришт…
Хулоса баъди хатми донишгоҳ тӯйи мо баргузор гашту ман келин шуда, ба деҳаи дурдасте рафтам.
Келини таърифӣ
Хусуру хушдоманам инсонҳои хубе буданд, каме сахтгириашонро ба назар нагирем агар. Дар хонаи шавҳарам як хоҳару як додари мактабхонаш, бародари калонияш бо ду фарзандаш зиндагӣ мекарданд.
Ростӣ, ҳавлиҳои дуошёнаи зебо доштанд, барои ману Наимҷон ду хонаву даҳлезро аз ошёнаи дуюм доданд. Шавҳарам дар шуъбаи маорифи ноҳия ба кор даромаду ман дар мактаби деҳа дар басти дуюм кор мекардам.
Наимҷон ду апаи шавҳардор ҳам дошт, ки авсунам духтари тағояшон бошад ҳам, онҳоро хуш надошт, бо хусуру хушдоманам ҳам рӯякӣ муносибат мекард. Ман, ки дар ин деҳаи калон ғайри онҳо касе надоштам, аз таҳти дил ва хеле самимӣ дӯсташон медоштам. Ҳамсари зебову донову меҳрубонамро бошад, болотар аз ҳама дӯст медоштам.
Ҳар субҳ Наимҷон ҳамроҳи бародараш ба кор мерафтанд, ман дастам дар кор бошад ҳам, аввал либосҳои ӯро медидам, кафшҳояшро тоза мекардам, то пушти дар гуселаш мекардаму баъд аз пушти кор мешудам.
Медидам, ки ба авсунам ин корам намефорад, вале худамро нодида мегирифтам. Маошамро гирифта, ба дасти хушдоманам медодам, ӯ аз он қисми камашро ҷудо карда, ба худам медод, ки даркор мешавад. Боз дӯзандагӣ мекардаму ба чанд нафар дарси иловагӣ медодам, пул меёфтам.
Бо хушдоманам маслиҳат кардам, ки пули ёфтаамро ҷамъ мекунаму барои Наимҷон мошин мехарам, ӯ бо ханда розӣ шуд. Ҳама ҳаққу ҳамсоя, ҳамкорон, хусуру хушдоман ва пайвандони шавҳарам дӯстам медоштанд, табиист, ки ин ба авсунам намефорид ва як рӯз кафид.
Давом дорад ...