Писарам Муродхоҷаев Салим ба доми занҳои рус афтида, модари пир ва бародару хоҳарашро ба гӯшаи фаромӯшӣ бурдааст, на ягон бор занг мезанад ва на як тин пулмефиристад.
Дар бораи писарам ҳар хел хабарҳо меоранд, яке мегӯяд, ки Салим дар он ҷо кайфу сафо карда гаштааст, дигарӣ мегӯяд, ки ӯро куштаанд, саввумӣ хабар меорад, ки героин фурӯхта ба зиндон афтидааст...
Аз шунидани ин хабарҳои шум талхакаф шуда, падару бародараш ба суроғи Салим рафтанд, вале аз ӯ ному нишон наёфта, навед ба хона баргаштанд.
Шабҳо аз фикру хаёли бисёр то саҳар хобам намебарад. “Наход, ки писарам ба дасти авбошон афтида, мурда бошад?!” мегӯям худ ба худ ва зор-зор мегирям. Аз гиряву нолаи бисёр чашмонам хира шудаанд. Метарсам, ки ғами ин бача маро оқибат мекушаду рӯйи фарзандамро надида, аз ин дунё бо дили пурормон меравам. Шунидам, ки ҳамин сайти Оиларо дар Русия ҳаммехондаанд, бо умед дарди диламро навиштам, ки шояд каседар бораи писарам чизе медонаду маро аз ҳоли фарзандам хабардор месозад. Аз тамоми ҷавонмардони тоҷик, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, хоҳиш дорам, ки агар тасодуфан писари гумноми маро бубинед, бигӯед, ки модари пират чашм ба роҳи ту дорад, зудтар ба Ватан баргард.
Худо накарда, рӯяшро надида аз олам гузарам, шири сафедамро ба ӯ пиҳил намекунам ва ҳатто дар он дунё низ гуноҳашро намебахшам!
Модари чашминтизор, аз ш. Конибодом