Ҳилари Ҷонс, коршиноси соҳаи тандурустӣ миёни ду ҳазор мард тадқиқотеро анҷом дода, ба хулосае омадааст, ки шими аз ҳад зиёд танг ба мардҳо зарари ҷиддӣ дорад.
Ба гуфтаи ин табиб, вақтҳои охир муроҷиат ва шикояти мардҳо аз узвҳои пешоб нисбат ба солҳои гузашта ба маротиб зиёдтар шудааст. Ӯ таъкид мекунад, ки мардҳо бояд аз пӯшидани шимҳо ва таҳпӯшҳои танг худдорӣ намоянд, вагарна шумораи нутфаҳои фаъол кам гардида, ин ба коҳиш ёфтани нерӯи мардӣ оварда мерасонад.
“Бо арҷгузорӣ ба мӯд, мардҳо ҳатто пай намебаранд, ки шимҳои танг чӣ гуна ба онҳо таъсири бад мерасонанд. Дар натиҷаи ба бар кардани шимҳои аз ҳад зиёд танг узвҳои мардона ҷароҳат бардошта метавонанд. Илова бар ин, пӯшидани шими танг ба муддати дароз метавонад, ки кори масона ва узвҳои пешобро заиф гардонад. Ҳамчунин, шими танг боиси пайдо шудани бемориҳои замбурӯғӣ низ шуда метавонад”,-мегӯяд Ҳилари Ҷонс.
Мувофиқи тадқиқоте, ки коршинос миёни ду ҳазор марди бритонӣ гузаронидааст, ҳар 10-ум мард аз оқибатҳои нохуши шими танг шикоят кардаанд. Дар умум 40%-и иштирокчиён эътироф кардаанд, ки саломатии худро дидаву дониста, қурбонии мӯд мекунанд ва 60%-и боқимонда то андозае аз маданияти либоспӯшӣ бохабаранд.
“Албатта, шими танг барои ҷавонон интихоби беҳтарин набуд, нест ва нахоҳад буд. Таҳпӯшҳо ва шимҳои танг ғадудҳои таносулро гарм карда, ба бордоршавӣ таъсири бад мерасонанд. Барои ташаккул ва камолоти мӯътадили ҳуҷайраҳои ҷинсии мард ҳарорат нисбат ба ҳарорати бадан 2,5 дараҷа камтар талаб карда мешавад. Пӯшидани шими танг, хусусан, ба муддати дароз мувозинати ҳарорати ҷинсҳо ва раванди сперматогенезро вайрон мекунад”,-илова менамояд коршинос.
Ҳилари Ҷонс ҳама бадбахтиҳои ҷинсии мардонро ба шиму таҳпӯшҳои танг рабт надодааст. Яъне, шими танг на дар ҳама ҳолат зиёновар буда метавонад. Аммо ба муддати дароз ба бар кардани шими аз ҳад зиёд танг воқеан ба мардҳо дарди сар эҷод карда метавонад. Коршинос дар охир хулосаҳои худро ҷамъ карда, чунин гуфтааст: “Мӯд мӯд асту саломатӣ саломатӣ. Ба хотири мӯд саломатиро қурбон кардан кори нодуруст аст. Хуб мешуд, ки мардҳо шиму таҳпӯшҳои нисбатан васеътарро ба бар намоянд, чун ин барояшон мувофиқтар аст”.
Ин тадқиқоти коршиноси бритонӣ дар ҳолест, ки дар ҳақиқат вақтҳои охир сафи мардҳо, хусусан, ҷавонписароне, ки шимҳои тангро ба бар мекунанд, нисбат ба чанд соли пеш зиёдтар шудааст. Мардҳои асри XXI ба хотири мӯд шуда, дидаву дониста ба саломатии худ зарар мерасонанд. Шими танг аз як тараф ба саломатӣ зиёновар бошад, аз тарафи дигар аслан хоси мардҳо нест.