Formula novemver 2024
Шикояти домод аз хушдомани серҷоғ
23.07.2022
Азимҷон
898

  

Фирӯзаро дӯст дошта, ба хонаашон хостгор фиристодам. Модараш аз рӯзи аввал шасташро шинонданӣ шуда гуфт: «Яккадухтарамро эҳтиёт карда, тоҷи сар намоӣ, дуои хушбахтиятонро медиҳам, вагарна…» Фикр кардам, ки ҳамту гуфту монд, вале баъди тӯй фаҳмидам, ки ин суханони хушдоманам дар омади гап набудаанд.

Тӯйи бодабдаба ороста,Фирӯзаро арӯс карда, ба хонаамон овардам. Аз тӯямон ҳанӯз як ҳафта нагузашта, хушдоманам занг мезадагӣ шуд. Биниашро ба ҳар кор халонда, таъкид мекард: «Духтарамро бисёр кор нафармоед, вай духтари шаҳрӣ аст, ба корҳои шумо, деҳотиён сарфаҳм намеравад, чунки кораш фақат гули чизро хӯрда гаштан буд.Дар умраш ягон бор кори вазнин накардааст. Ман духтарамро гул барин калон кардаам…» Меҳмонӣ омадани хушдоманамро шунида, аз бозор беҳтарин қанду қандалот ва меваҳои хушрангро харида омадам, то дар наздаш дастурхони пурнозу неъмат густурда хуб меҳмондориаш намоем.

Баробари маро дидан, модарарӯсам қошу қавоқ гиронда гуфт: «Домод, чаро духтарам хароб шудааст?! Барои чӣ рангаш кандагӣ? Гул барин духтарамро дар байни як моҳ пажмурда кардӣ!» Ба ғазаб омада бошам ҳам, худро ба даст гирифта, гапро ба шӯхӣ бурдам ва дар охир таъкид намудам, ки мо бо ҳамдигар хушбахтем. «Бечора духтарам, дурӯза арӯсу аллакай ранги рӯяшро дида намешавад.

Зеби шаҳр дошт Фирӯзаи ман, вале хомкаллагӣ карда, духтарамро дар деҳа ба шавҳар дода, ӯро ҳайф кардам!”- хушдоманам боз ким-чиҳои дигар гуфта, ба гиряву нола даромад. Шайтон васваса мекард, ки аз дасташ гирифта, ин зани бемурувватро аз дар берун намо, аммо хотири Фирӯзаам баландӣ карду берун баромадам, то ягон гапи сахт зада, модарарӯсамро хафа накунам. Хушдоманам рафт, вале захми суханҳояш дар дили ман боқӣ монд. Фирӯза ба ҷойи модараш узр хоста бошад ҳам, заҳри забони кампир ҳеҷ аз дилам намеравад. Ба ман маслиҳат диҳед, хонандагони азиз, аз хушдомани морзабонам чӣ тавр халос шавам?

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД