Аҷали шавҳар
Аз рўзе худро мешинохтам, модарам аз падарам мурданивор метарсид, ҳамин ки овозаш баромад мисли бод аз ҷояш парида мехесту то хобидани ў гирдаш парвона мешуд. Боз шаттаю шаллоқ хўрда, номаш дар забони ў «эй зани гов» буд…
Аслан, падарам дар деҳаи кўҳистоне ба воя расида, баъд бо пойтахт омада, пайи илм гашта, прафессор шуд, вале аз забонаш доим ҳақорату бадгўӣ мерехт. Ману бародарам низ, аз суханҳои қабеҳи падарам бенасиб набудем. Ў ман прафессорам гуфта, он қадар ифтихор мекард, ки гўё шоҳаншоҳи олам бошад, вале модари азизам, ҳеҷ гоҳ намегузошт, мо дар бораи падарам гапи зиште гўем. Ҳарчанд, ману бародарам аз падарамон меҳрубонӣ надида будем, вале ўро дўст дошта, эҳтиромашро ба ҷо меовардем, зеро модарам чунин тарбияаамон карда буд.
Зиндагӣ дар маҷрои худ равона буд, ману бародарам низ, қад кашида, ба воя расидему донишҷў шудем, аммо заҳри забони падарам дили модарҷонамро сурох карда будаасту мо бехабар…
Дарди ҷонхўр
Ёд дорам замони кўдакии мо хонаамон пури донишҷўёни деҳотӣ буд, модараму зани амакам (бояд бигўям, ки амакам низ, донишманди хубанд, вале чун падарам бодичаю ҷоҳил набуда, баракс, ҷонашро фидои фарзандонаш мекунад), баъзан, хўроки серӣ намеёфтанд, ки хўранд. Нав соҳиби хонаву дар шудему модарам ба таъби дилаш онро тоҷиконаю зебо оро дод, вале ба дарди бедавои дил гирифтор гашт. Он ҳама лату кўб, бадзабонӣ ва зиндагии заҳрогини бо падарам гузаронида беасар набудаасту модарҷонакам дар сини чилсолагӣ ба бемории дил гирифтор шуданд.
Дар урфият мегўянд, ки каҷ бишину сухани рост бигўй. Падарам барои шифои модарам корҳои зиёде карданд, вале талошҳояш барои зинда мондани модарам беҳуда буданд… ва модарам дар синни чилупанҷсолагӣ ин даҳри дударро бо сад орзую армон тарк карданд. На тўйи писарро диданду на аз духтарро… Сари ҷасади сарду хомўши модари зебоям хешу бегона хун мегиристанд, зеро ў бонуи хубу шоистае буд. Пас аз марги модар дилам аз ҳама дунё монд, вале сари зиндаро дар хок монда намешудааст ва ман низ, миёнамро баста, аз ҷоям бархостам. Бар рағми қисмати бераҳм ба кори илмӣ даст задаму муваффақ шуда, дар ширкати хориҷие кор пайдо намуда, ба Лондон рафтам, ва муқими он ҷо гаштам.
(Давом дорад)
МАНЗУРА
Таснифи Рухсора САИД