formula feb 2025
Фестивал-озмуни "Парасту" наздик аст
08.04.2025
Oila.tj
368

Аз 14 то 21-уми апрел дар шаҳри Душанбе Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ - “Парасту” баргузор мегардад.

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги кишвар, маросими кушодашавии фестивал рӯзи 14-уми апрел, соати 17:30 дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ оғоз меёбад.

Гуфта мешавад, ки дар фестивал-озмун 18 театри касбии ҷумҳурӣ ширкат варзида, беҳтарин намоишномаҳоеро, ки тӯли солҳои 2023-2024 рӯйи саҳна овардаанд, намоиш медиҳанд.

Ба иттилои Вазорати фарҳанг, фестивал-озмунро коршиносони соҳаи театр аз кишварҳои Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баҳогузорӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки Фестивал-озмуни "Парасту" дар ду сол як маротиба бо иштироки тамоми театрҳои касбии кишвар баргузор мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД