Леонид Додоҷонович Рейман фарзанди олими маъруфи тоҷик Додоҷон Тоҷиев буда, яке аз асосгузорони Бунёди таърихи радиотехника ва алоқа дар Санкт-Петербург бо кумаки Осорхонаи марказии алоқаи ба номи А. С. Попов мебошад.
Леонид Додоҷонович солҳо дар вазифаи вазири алоқа ва иттилоот, муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсия, вазири технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияи Федератсияи Русия ва мушовири президент шуда кор кардааст.
Мавсуф дар рушди технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бунёди маҷмааи телекоммуникатсия ва комплекси алоқаи Федератсияи Русия саҳми боризе дорад, ки ин хизматҳои ӯ бо ордени "Нишони хизмати Ватан" дараҷаи III ва IV ва ғайра қадрдонӣ шудааст.
Ҳамзамон, соли 2005 сазовори ҷоизаи солонаи байналмилалии "Одами сол" (2005), Лауреати ҷоизаи олии ҳуқуқии "Фемида" (2003) гардидааст.