Formula novemver 2024
Писарамро ба зани якуми шавҳарам диҳам?
08.02.2022
Оила
6146

Салом ба кулли муштариёни сомонаи Оила. ТЧ! Ман Наима, сокини шаҳри Душанбе дар як масъалаи бисёр муҳим аз шумо маслиҳат пурсиданиям.
Дар синни 18-солагӣ як ҷавони варзобиро дӯст дошта, бо тӯю тамошо шавҳар карда будам, вале ин ишқ бароям бахту саодат наовард. Хусурам марди бою бадавлат буд, волидони ман бошанд, одамони миёнаҳол буданд. Аз ҳамин сабаб панҷ панҷаам ҳунар бошад ҳам, хушдоманам маро рӯз надода, ҳамеша ба ҳама корам эрод мегирифт ва паст мезад. Оқибат он зани пулпараст “хокро гирӣ аз хокдони баланд гир гуфтаанд, ман то пою қадами ин гадодухтарро аз ин хона нарӯбам, ором намегирам” гӯён, бо зӯрӣ ману шавҳарамро ҷудо кард. Аниқараш вай дар назди писараш шарт монд, ки агар занатро талоқ надиҳӣ, шири сафеди додаамро фардои қиёмат пиҳилат намекунам. Шавҳарам ночор монда бо чашмони пуроб ҷавоби маро дод ва ба хонаи падару модарам оварда монд. Ҳамон шабу рӯз ман ҳомиладор будам ва ду моҳ пас духтарча таваллуд кардам. Ростӣ пас аз тавлиди фарзанд шавҳарам чанд маротиба ба хонаамон омада, зориву тавалло кард, ки биё аз падару модарам пинҳонӣ пинҳонӣ никоҳ кунем, ягон хонаро иҷора мегирам, дар ҳамон ҷо зиндагӣ мекунем, вале розӣ нашудам.
Хулоса, ҳамин тавр аз марди дӯстдоштаам ҷудо шуда, баъди 6 сол бо як марди ташнаи фарзанд хонадор шудам. Шавҳарам бо занаш, ки ба гуфти худаш духтари холааш будааст, беш аз 10 сол зиндагӣ карда, соҳиби фарзанд нашудааст, аз ҳамин хотир ӯ ман, зани зоёи кӯдакдорро зани дуюм карда гирифт, то ки худашро санҷад. Падарандар бошад ҳам, фарзанди маро ин мард мисли фарзанди худаш қабул карда, рӯйи даст бардошта мегашт. Худованд шояд ба хотири ҳамин меҳрубониҳояш нисбат ба як тифлаки зиндаятим ӯро ба муроди дилаш расонд ва ман аз ин мард ҳомиладор шуда, се моҳ пеш якбора ду писари дугоник таваллуд кардам. Шавҳарам аз шодию хурсандӣ дар куртааш намеғунҷад, аммо...
Пештар падару модараш ягон бор ба хонаи мо намеомаданд, вале баъди кӯдакдор шуданам хусуру хушдоманам чанд маротиба ба хабаргирии набераҳояшон омада, маро бо кӯдаконам ба хонаашон талбиданд. Хусурам ба шарафи бачадор шудани писараш гов кушта ба аҳли маҳаллашон ош доданист, вале зани якуми шавҳарам шарт гузоштааст, ки яке аз дугоникҳо Ҳасан ё Ҳусейнро ман бояд ба ӯ диҳам. Зани якумаш духтари холаи шавҳарам мебошад ва ба хотири канда нашудани риштаи хешу табориашон ӯро талоқ дода наметавонад.
Байни обу оташ монда, чи кор карданамро намедонам. Мегӯянд, ки ҷудо кардани дугоникҳо убол аст, дили худам ҳам намешавад, ки як пораи ҷигарам, фарзандамро ба зани дигар диҳам, аммо метарсам, ки агар рад кунам, мабодо шавҳарам талоқамро дода, баромада наравад. Намехоҳам дубора хонавайрон шуда, номи бади бевагиро бигирам. Шавҳарам мегӯяд, ки агар як писарамро ба зани якумаш диҳам, вай кӯдакро гул барин нигоҳубин мекунад, бар замми ин, бар ивази ин некиам барои ман аз маркази шаҳр як хонаи сеҳуҷрагӣ харида, тамоми ҳуҷҷатҳояшро ба номи худи ман расман сабт мекунад. Ҳайронам, ки чи кор кунам, хотири бахт ва хона шуда, фарзандамро ба зани дигар диҳам ва як умр худро дарун ба дарун хӯрда гардам, ки чаро ин корро кардам ё ҳарчи бодо бод ба шавҳарам бигӯям, ки ман ягон писарамро на ба зани ӯ ва на ба каси дигар доданӣ нестам, чунки кӯдак мол нест, ки ба касе онро тақдим намоӣ ё хотири наранҷиданаш бароварда диҳӣ. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?
Наима, ш. Душанбе

Аз идора!
Хоҳари азиз Наимабону!
Аслан тибқи қонунҳои ҷорӣ дар Тоҷикистон дузанагию сезанагӣ ва бисёрникоҳӣ манъ карда шудааст. Шавҳаратон пеш аз он ки бо шумо оила барпо намояд, бояд аввал аз ҳамсари қонуниаш ҷудо мешуд. Ҳоло ки кор аз кор гузаштаасту шумо аллакай аз ин мард ду фарзанд, ду шоҳписар доред, масъаларо дар наздаш кунталанг гузоред, бигзор нағзакак фикр карда, баъд хулоса барорад. Хешу таборӣ баҳона шуда наметавонад, фарзанд мехоста бошад, бо шумо монда, ҷавоби зани якумашро медиҳад, вале дилаш бо ҳамсари қонунии худаш бошад, беҳуда бо фарзанд ин мардро побанд насозед, чунки дер ё зуд ҳатман ба назди оилаи худаш бар мегардад.
Дар масъалаи додани кӯдак ба зани якуми шавҳаратон бошад, ҳаргиз ин корро накунед. Аввалан ҷудо кардани дугоникҳо мумкин нест, чунки онҳо руҳан бо ҳамдигар хеле наздиканд ва яке аз кӯдакон дур бошад, дигарӣ инро ҳис карда, бемор шуданаш мумкин аст. Баъдан,чи хел дилатон мешавад, ки ба хотири хона ва танҳо намондан як пораи дилатон-фарзанди ҷигарбандатонро, ки нав семоҳа шудааст, ба каси дигар бароварда диҳед?!
Сеюм: Гумон накунед, ки фарзандатонро ба зани шавҳаратон дода, бо ин “қаҳрамонии худ” шумо ӯро ба худатон дӯст мегардонед. Ин зан хоҳ-нохоҳ дар симои шумо дузди бахти худро мебинад ва ҳар гоҳ, ки ин тифлро ба оғӯш мегирад, беихтиёр шумо ба ёдаш мерасед. Ҳоло, ки ташнаи кӯдак аст, шояд хурсанд шавад, аммо баъдтар ин меҳр ба нафрат табдил ёфта метавонад. Дилаш ин қадар кӯдакдор шудан хоҳад, бигзор аз хонаи бачаҳо ягон тифлаки ятимро ба фарзандӣ бигирад. Аз ҳама беҳтараш он аст, ки онҳо аз ҳамдигар ҷудо шавнад. Шавҳаратон аз шумо бачадор шудааст, шояд ин зан низ шавҳари дигар карда, соҳиби фарзанд мешавад ва лазати модариро мечашад. Ба дуруштӣ неву бо нармӣ инро ба шавҳаратон фаҳмонед, то ки ба хубӣ ҷавоби занашро дода, монеи хушбахтии ӯ нагардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД