Formula novemver 2024
Духтарамро ба дӯзах партофтам!
6429

Ба духтарам аз як оилаи сарватманд хостгор омад. Ману падараш, ки аз рӯзҳои аввалӣ хонадоршавӣ дучори танқисиҳои беохир будем, намехостем бо оилаи сарватманд қудо шавем. Аз ин рӯ, ба хостгорҳо ҷавоби рад додем. Аммо онҳо моро ба ҷону ҳоламон намонда, боз як бори дигар омаданд. Боз ҳам ҷавоби рад додем. Ин дафъа хостгорон бо муллоимоми деҳа ва якчанд нафарони соҳибэҳтироми шаҳр ба хонаи мо омаданд. Ба тамоми шарту шароитҳои мо розӣ шуданду як тӯйи зебое ороста, духтарамонро гусел кардем. Ҳоло духтарамон дар ҳолати хеле бад қарор дорад. Миннати хушдоман аз як тараф, масхара ва суханҳои қабеҳи шавҳараш духтарамонро лоғару афгор кардааст. Хусуру хушдоман ӯро “қишлоқӣ, гадодухтар, ту ҳеҷ чиз наовардӣ” гуфта, азоб медиҳанд. Духтарамон рӯз то рӯз пажмурда шуда истодааст ва ману падараш метарсем, ки мабодо ба ягон беморӣ гирифтор нашавад. Ба маслиҳати шумо ниёз дорем. Духтарамонро аз дӯзахи тиллоӣ чӣ гуна наҷот диҳем?
Ҷ., ш. Норак

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД